Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:07

Сармураббии «Регар ТадАз»: Танҳо бо мақсади пирӯзӣ ба майдон мебароем

25 октябр 2011, 08:23

Фардо (26-уми октябр) дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 миёни тимҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» баргузор мешавад.


Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармурабии дастаи «Регар ТадАЗ» зимни як сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигори «Озодагон» гуфт, дар бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон, ки  ҳам дастаҳои лигаи олӣ ва ҳам дастаҳои лигаи якум бояд иштирок мекарданд, тимҳое буданд, ки шароит надоштанд, ё бо сабабҳои дигар ҳунарнамоӣ карда натавонистанд. «Барои дастае, ки барандаи ҷом мегардад, хуб мешуд агар маблағи муайян, дар ҳаҷми 5-10 ҳазор доллар пардохт мекарданд, он гоҳ мо шоҳиди бозӣ ва рақобати ҳақиқӣ мегаштем»,- андеша дорад Ҳабибуллоев.

Ҳамсӯҳбатамон афзуд, дастаи «Истиқлол» яке аз беҳтарин тимҳои футболи Тоҷикистон дар солҳои охир маҳсуб мегардад. «Мо хуб медонем, ки ҳарифи мо дастаи пурқувват аст, дар ҳайати он қариб тамоми бозигарони дастаи мунтахаби кишвар бозӣ мекунанд, аммо мо ҳам тайёрии ҷиддӣ дида истодаем ва ба ҳайати команда бозигарони таҷрибадорро даъват кардаем».

Сармураббии дастаи «Регар-ТадАз» ҳамчунин гуфт, тайи 3-4 соли охир дастаи мо ба бозиҳои финалии Ҷоми Тоҷикистон роҳхат нагирифта буд, алъон дар назди худ  вазифа гузоштем, ки танҳо барои пирӯзӣ ба майдон мебароем. Ҳабибуллоев гуфт: «Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷом аз як давр иборат аст, аз ин рӯ доваронро зарур аст, ки дар ҷараёни он ба иштибоҳ роҳ надиҳанд».

Ёдрас менамоем, бозии ниҳоӣ пагоҳ- 26-уми октябр, соати 14:00 дар варзишгоҳи «Пахтакор» сурат мегирад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!