Муфлисшавии 13-умин ташкилоти қарздиҳӣ тайи 1 моҳи охир
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарораш аз 25 ноябри соли ҷорӣ фаъолияти ташкилоти амонатию қарздиҳии хурди “Буроқ-1”-ро қатъ кард.
Тибқи иттилои Бонки Миллӣ “Буроқ-1” чун ташкилотҳои қарзии дигари аз фаъолият бозмонда, натавонист андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеиро таъмин кунад: “Сатҳи миёнаравии молиявии ин ташкилотҳо вақтҳои охир дар бозори молиявии ҷумҳурӣ коҳиш ёфта буд”.
Бонки Миллӣ масъулини “Буроқ-1”-ро муваззаф кардааст, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳад.
Ин дар ҳолест, ки Бонки Миллӣ бо қарорҳояш аз 13 ноябр фаъолияти 7 ташкилоти қарзии хурд ва пеш аз он кори 5 ташкилоти дигарро бо дархости худи онҳо ва вазъи бади молиявияшон қатъ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |