Таассуфи Тоҷикистон аз суқути ҳавопаймои Русия ва умед ба одӣ шудани муносибат бо Туркия
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз қазияи суқути ҳавопаймои ҷангии Русия дар марзи Сурия бо Туркия изҳори таассуф кардааст.
Ин ниҳод бо нашри як изҳорот дар сомонаи расмияш, гуфта, “ҷониби Тоҷикистон ҳодисаи марбут ба ҳавопаймои рӯзи 24 ноябри соли 2015 сарнагуншудаи Русияро, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ ширкат дошт, бо таассуф қабул кард ва ба наздикону пайвандони низомиҳои ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ мекунад”.
Вазорати корҳои хориҷӣ дар идома меафзояд, Душанбе “ваҳдату якдилӣ ва пуштибонӣ аз ҳамдигар дар амри мубориза бо терроризм дар сатҳи байналмилалӣ ва посухи муштарак ба душмани умумии мо – терроризми ҷаҳониро муҳим мешуморад. Дар ин маврид маъракаи зиддитеррористие, ки Русия доир мекунад, ҷойгоҳи муҳим дорад”.
Дар изҳорот инчунин омадааст, Тоҷикистон ҷонибдори комили амалҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо терроризм буда, умедвор аст, ба қазияи марбут ба ҳавопаймои задашудаи Русия баҳои объективие, ки ба оддӣ сохтани вазъ ва равобити ба таниш печидаи Русияву Туркия мусоидат кунад, дода хоҳад шуд.
24 ноябр ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия як ҳавопаймои СУ-24-и Русияро, ки дар амалиёти низомии Русия дар Сурия ширкат дошт, сарнагун карданд. Туркия мегӯяд, ин ҳавопаймо ҳарими ҳавоияшро убур кардааст, аммо Русия иддао дорад, ҳавопайморо дар қаламрави Сурия задаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |