Бахшҳо

А.Раҳнамо: Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат...

Абдулло Раҳнамо, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфтааст, пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон на як мансаб ё унвон, балки як ҷойгоҳ, нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидааст.

Оқои Раҳнамо ин нуктаро дар як матлаб зикр карда, мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба ин пешвои миллӣ будани раисиҷумҳур мавзӯи савол ва баҳс нест, балки як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист. Дар матлаби ин корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ, ки хабаргузории давлатии “Ховар” онро нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад, “имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари одӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад”.

Ӯ бо ишора ба ин нукта таъқид карда, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад: “Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд”.

Ба қавли Абдулло Раҳнамо, “ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ пешвои миллат будан”.

Ҷаноби Раҳнамо масъалаи пешвои миллиро як мавзӯи бисёр ҳаётии давлатдорӣ хонда, таъкид кардааст, онро “набояд бо падидаҳои манфие чун шахсиятпарастӣ, авторитаризм, мадҳу ситоиши роҳбар канори ҳам гузошт”.

Ба бовари ин сиёсатшиноси тоҷик: “Пешвои миллӣ шахсиятест, ки маҳз бо ифои нақши воқеии сарнавиштсоз барои давлату миллати худ сазовори эътирофи умумимиллӣ гашта, масъалаи пешвоии ӯ ба таври табиӣ ва воқеӣ аз тарафи ҷомеа қабул мегардад”.

Ӯ дар идома афзуда, пешвои миллӣ ба таври сунъӣ ё бо мадҳу сано сохта намешавад, балки он маҳсули як марҳалаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст. Ба таъкиди Абдулло Раҳнамо, “набояд чунин пиндошт, ки масъалаи пешвои миллӣ як масъалаи кӯҳна буда, ба ҷомеаҳои анъанавӣ ва ғайридемократии асрҳои гузашта дахл дорад”.

Ба гуфтаи вай, дар таърихи ҷаҳони муосир низ ҳастию бунёди аксари давлатҳои пешрафтаву демократии ҷаҳон ба номи шахсиятҳои алоҳидаи рамзӣ ва калидӣ вобаста аст. Раҳнамо шахсиятҳое чун Ҷорҷ Вашингтон, Шарл Де-Голл, Мао Зе Дун ва Камол Отатуркро мисоли пешвои миллӣ донистааст.

Абдулло Раҳнамо ба ҳодисаҳои солҳои 90-ум ишора карда, гуфтааст, ҷомеаи мо он замон ба буҳрони амиқи набудани лидери умумимиллӣ рӯ ба рӯ гашта буд ва ҳар як гуруҳи аҳолӣ аз пайи лидерони ҳизбӣ, гуруҳӣ, динӣ ва маҳаллии худ рафта, “дар айни замон, ин “пешвоён” ҳамдигарро умуман эътироф намекарданд”.

Муаллифи матлаб дар нуктаи дигар зикр карда, ки масъалаи лидери сиёсии миллат бо масъалаи вуҷуди шахсиятҳои фарҳангӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва маънавии миллӣ иштибоҳ гирифта нашавад. Ба қавли Раҳнамо миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ садҳо фарзандони бузургеро парвариш намудааст, аммо садсолаҳои набудани давлати миллии худӣ имкон намедод, ки мо дорои лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ бошем. Ӯ ташаккули чунин падидаро дар шароити давлати мустақили миллӣ имконпазир донистааст.

Абдулло Раҳнамо поягузорӣ намудани мактаби давлатдории миллиро яке аз муҳимтарин нақшҳои лидери миллӣ ва пешвои давлатӣ баршумурда навиштааст: “Чунин шахсиятҳо бо донишу таҷрибаи бузурги худ мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, шароити ҳифз, рушд ва интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои давлатдории миллиро фароҳам меоваранд”.

Ӯ бунёдгузории давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёдро дастоварди бисёр ҳаётии Эмомалӣ Раҳмон хонда, онро “ғояи меҳварӣ” дар “хати ҳаракати ояндаи Тоҷикистон” дар соли 1994 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон донистааст.

Пешниҳоди ба раисиҷумҳур -- Эмомалӣ Раҳмон додани унвони расмии “пешвои миллӣ”-ро моҳи апрели соли равон Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон карда буданд. Аммо Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи улуми кишвар пешниҳодҳо дар бораи расман "пешвои миллат" номидани оқои Раҳмонро хилофи арзишҳои як кишвари демократӣ номид. Ин марказ бо ирсоли як нома ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "пешво одатан дар низомҳои қабилавӣ, шоҳигарӣ ва теократӣ мешавад, на дар ҷомеаи демократӣ".

Аммо ахиран, ибораи “пешвои миллат” бар баробари номи Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз телевизионҳои давлатӣ садо дод.
Мӯҳр
Сохиб
Ин Рахнамо чи мехоста бошад ба ин гапош ..Хеч мавкеашро наефт ин Рахнамо

Дар точикистон бо хушоматгуи рузат пеш меравад

Мухочир
Хамааш сафсата, худ як бор либоси мухочирира ба бар кун, бад мефахми… 1.5миллион шахрванд пароканда, барк нест, озоди нест-скоро под юбка лезет кардан хам кокуни мешавад.. Озоди агар озод боши чоп кун

Карим
Охир, тавре ки хоҳанд, истифода баранд, лекин қонун ҷи даркор аст?
ҳозир "наҷотбахш, сарҷамъкунанда, кафил" навишти, унвон намегуем ку

дар Конститутсия Президент зикр шудааст, монади давлатхои мутараққӣ, бас не ми?
дигар тавсифу ташбеҳ истифода бурдан гиред

САлом Озодагон. Ман маколаро пурра хондам аз Ховар. Имрузхо дар амсъаоаи пешвои миллат бисёр бахсхо хаст ва бисерии пешниходкунандахо ба таври умуми ва бо тарзи шиор ва подхалими барин гап мезаданд.
Аммо маколаи Абдулло Рахнамо аввалин маколаи комилу тахлили дар ин амсъала хаст. Дар он мохияти масъала ва хизматхои Эмомали Рахмон ба таври илми, конкретики ва дакикан нишон дода шудаанд. Албатат холо хеле танкидхо мешавад ба ин макола, лекин ин маводи кавитарин аст, ки дар ин амсъала пешниход шудааст. Бахси мавзу як тараф, аммо махорати муаллиф як тараф. Саломат бошед. Илтимос барои адолат шуда чоп кунед.

Anty
Rahnamo az hamin rohi peshgristat namon in Roxeki t peshgrifti bar turkiston ast.

Бо чунин "рахнамо"-хо вой бар холи ин миллат!

Магар барои пешвои милли донистани Ҷорҷ Вашингтон, Шарл Де-Голл, Мао Зе Дун ва Камол Отатурк ягон конуни алохида кабул шуда буд? Чахонро нахандонед, охир. Хеч давлати хукукбунёд ба ин икдом даст намезанад.

Бардар и громи Сохиб. Маколаро як бор то охир хонед. Аз сарлавхаяш натарсида хонед. Мавкеи Рахнамо 100% маълум аст. Аз ин маълум тар чи шавад. Вай масъалаи пешвои миллат будани Эмомали Рахмонро бо далелу мантик исбот кардааст.ю Барои мо хуб шуд, баъзехо махсусан хоричихо ва опозитсияхо мепурсиданд ки дар чи асос вай пешвои миллат аст. Ана чавоби катъи. Офарин Рахнамо, кори хамаи моро осон кард.

Хакикатан маколаи кави навиштааст. Ин одам услубу сабки махсуси навиштани худро дорад, бо мантики кави масъаларо исбот кардааст. Тарафдорони ин масъала то ин вакт асосан умуми гап мезаданд. Лекин у масъалаи кабули конунро нагузоштааст, у ба таври табии ва вокеи пешвои миллат будани ЭР ро исбот мекунад. Ман гап надорам.

Салом Озодагон.
Дар хакикат баъзе комментхоро хонда хайрон мешавам, ки чи тавр мардуми бо нангу номус ва бо фарханги мо ба ин хад расида бошад. Агар касе дар бораи сулх ва вахдат гап занад ва накши шахсиятхоро зикр намояд, баданашон ба ларза медарояд. Мо дар чахон чандин мисолхои чудоипазири ва чангро дорем (Сурия, Ирок, Афгонистон ва г.) вале барои онхо то хол кам аст.
Маколаи мазкурро дар Ховар хондам ва бисер хушам омад, ки як олим тавонистааст зина ба зина дастовардхои як шахсиятро тахлил намояд ва нишон дихад, ки барои чи хамин шахсро "ПЕШВОИ МИЛЛАТ" гуфтан мантики аст... Ахсан ба Шумо Рахнамо.
Баъд аз хондани ин матлаб эхтиромам ба Чаноби Оли боз дучанд шуд.

навруз
Ягона савол азобам медихад::баьдидигар шудани президент ин лагандбардорхо чи мегуфта бошанд??????

лагандбардор
миллат сарчамъ нест, дуруг нагу ранамо, 80 фоиз бекору, гуломи русу казок!

Точик
“ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад."
))))))))) Кофар ҳамаро ба кеши худ пиндорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)