Ҳушдори Э.Раҳмон ба ҳар як узви ҳукумат... Ҳушёр бошед!
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27 ноябр зимни ҷаласаи ҳукумат боз аз талоши табаддуллоти Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиаи Тоҷикистон зикр кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои муосир ба мисли терроризму ифротгароӣ ва хурофоту таассуби динӣ, аз ҷумла амалҳои террористии моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон рухдода таъкид намудааст, ки ҳар як узви Ҳукумати мамлакат, ҳамаи ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар пайваста бояд ҳушёру зирак бошад ва дар таъмини амну субот ва ҳаёти осоиштаи мардум фаъолона саҳмгузорӣ намояд.
Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як аъзои ҳукумат то шаҳрвандони оддӣ дар ҳолест, ки ахиран дар пайи қасди табаддулоти афсарони воломақоми Вазорати мудофиа дар мақомоти қудратии кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |