Бахшҳо

“Тоҷикистон буҷае надорад, ки аз Ҳолливуд филмро мустақим бихарад”

Аз соли 2016 дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ - “ТВ-Варзиш” ва “ТВ-Синамо” ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Дар зимн “Озодагон” назари соҳибназаронро дар ин робита пурсид.

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

Таъсиси ду шабакаи нави телевизионӣ маблағи зиёд талаб мекунад. Ба андешаи ман, дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ин амал қобили қабул нест. Мақсад ғанӣ гардондани фазои иттилоотӣ ва пешниҳоди маводи пурмазмун дар соҳаи варзиш ва тарзи ҳаёти солим ва синамоҳои ҷолиб барои фароғати шаҳрвандон бошад, ин кор тавассути беҳтар ва пурсамар гардондани шӯъбаю саридораҳои шабакаҳои мавҷудаи телевизионҳои давлатӣ имконпазир аст.

Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос

Давлат барои ин шабакаҳо пул ҷудо кардааст. Модоме пул ҷудо шудааст, инҳо фаъолият хоҳанд кард. Албатта, дар шароити буҳронӣ ифтитоҳи ин гуна шабакаҳо ба манфиат нест. Тоҷикистон варзише надорад, ки 24 соат аз як шабака намоиш дода шавад. Филмҳо низ. Аз ду сар мо дар ҳамаи ин шабакаҳо такрор ба такрор филмҳои даҳҳо бор дидаро мебинем. Тоҷикистон буҷае надорад, ки масалан аз Ҳолливуд филмро мустақим харад, тарҷума кунад ва намоиш диҳад. Буҷае надорад, ки бозиҳои Барселонаву дигар тимҳоро мустақим намоиш диҳад. Ин бозиҳоро мустақим аз дигар шабакаҳо мебинанд ва такрорашро аз Тоҷикистон. Вале модоме ташкил карданд, шояд барномаҳои хуб доранд. Надошта бошанд, муваффақ намешаванд. Ба ҳар ҳол гуфтан барвақт аст, ки ин шабакаҳо чӣ шабакаҳое хоҳанд буд. На "Баҳористон" муваффақ шуд ба ҳадаф расид ва на "Сафина". Аммо ин дуро интизор шавем, ки чӣ хоҳанд кард.

Аҳмадҷони АМРИДДИН, истиқоматкунандаи пойтахт

Ба фикри ман ташкили телевизионӣ варзишӣ саривақтист, зеро имрӯз дар Тоҷикистон то ҷое рушди варзиш ба назар мерасад ва аксар дӯстдорони варзиш барои фаҳмидан ва тамошо кардани руйдодҳои варзишӣ дар кишвар имкони пурра надоранд. Дуввум ин ки барои рушди соҳа низ ин шабака то ҷое заруранд ва ҳам ба рушди варзиш замина мегузорад. Аммо дар мавриди “ТВ-Синамо” чизе гуфта наметавонам, зеро синамои мо то имрӯз рушд накардааст. Аввал худи соҳаро бояд рушд дод.
Мӯҳр
Суман
Бас будагист Шикамам сер бошад на парвои Телевизион дорам на аз Радио

Ситора
Э бародарон ба мо филм чи лозим Шикам Гурусна бошад Филмат мефорад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)