Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 30 май 2017, 17:57

Райиси ҳукумати ноҳияи Дарвоз аз вазифааш барканор шуд

18 май 2011, 11:27

Райиси ҳукумати ноҳияи Дарвоз аз мансаб сабукдӯш гардид.

Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аз 18  майи  соли 2011 Саидалӣ  Мусофиров аз  симматаш барканор гардида, дар асоси фармони дигари сарвари давлат  Назриев  Шамсмуҳаммад  Гулмуҳаммадович  иҷрокунандаи  вазифаи  раиси  ноҳияи  Дарвози Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  таъин   карда  шуд. Маврид ба ёдоварист, Шамсмуҳаммад Назриев то имрӯз вазифаи сардори идораи «Бадахшонроҳ»-и ВМКБ-ро ба ӯҳда дошт. Ӯ соли 1962 дар маркази ноҳияи Дарвоз- шаҳраки Қалъаи Хумб ба дунё омада, хатмкардаи донишкадаи политехникии Тоҷикистон, факултаи сохтмон ва меъморӣ аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!