Бахшҳо

(ВИДЕО+САДО) Ҷонибек Муродов: Таронаи Олонро пеш аз қазияи Умаралӣ хонда будам

Ҷонибек Муродов, хонандаи саршиноси попи тоҷик дар бораи Олон Курдӣ, тифли сесолаи гуреза, ки ҷасади беҷонаш аз соҳили рудхонаи Туркия пайдо шуд, тарона иҷро кардааст.

Ин суруд, “Айлон” унвон дошта, матни он ба қалами шоир Озарахш таалуқ дорад ва ба он Даврони Раҳматзод оҳанг бастааст.



Таронаи мазкур дар саҳифаи “Тамошо” дар Ютуб рӯзи 28 ноябр гузошта шудааст ва то замони нашри ин хабар он 2600 маротиба тамошо шудааст. Навори ин тарона бо аксҳои Олон, ки тамоми интернетро такон дода буд, оғоз шуда, аммо идомаи он манзараҳои ҷанг дар Сурия ва аҳволи мардуми азияткашидаи гуреза нишон дода мешавад.

Зери он шарҳҳои зиёд низ навишта шудаанд ва бештари онҳо барои ин тарона аз Ҷонибек изҳори сипос кардаанд. Масалан, Масрур менависад, ки “Саломат бош, Ҷонибек”. Нафари дигар гуфта, “офарин, воқеан таъсиргузор”. Акмал менависад: “Оби чашмам рехт мисли дарё”. Аммо нафароне ҳам гуфтаанд, ки беҳтар буд, Ҷонибек дар бораи Умаралии панҷмоҳа, ки дар Русия ба таври мармуз фавтид, тарона мехонд. Абад Абадӣ яке аз онҳост, ки навиштааст: “Мо мардуми тоҷик бегонапарвару худкуш ҳастем, дар ҳақиқат мусибати Айлани Курд мусибати ҷаҳонӣ ҳаст, дар ин мусибат мо шарикем, лекин Умари панҷмоҳа дар Питер русҳо куштан ҳамаат хап будед-ку сИТОРАҲОИ тоҷик, оё барои шУМО марги Умари тоҷик мусибат нест?? Умари тоҷик Айлани Курд ҳаст, аввалан чунин навори видео нисбати Умари тоҷик таёр мекардед”.

Умаралӣ баъди он ба ҳалокат расид, ки ӯро аз модараш ҷудо карданд.

Ҷонибек Муродов имрӯз, 30 ноябр дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, таронаи мазкур хеле пештар, қабл аз қазияи Умаралии панҷмоҳа сабт шуда буд. Ӯ, ки аз Маскав суҳбат мекард, гуфт, вақте ҷасади Олон пайдо шуд ва тамоми ҷаҳон дар ин бора ҳарф мезад, “ду шаб пайи ҳам Олонро дар хоб дидам. Тасмим гирифтам, ки дар бораи ӯ таронае таҳия кунам. Матни онро Озарахш зуд навишт ва Даврон оҳангашро омода кард”.

Ба гуфтаи Ҷонибек, тарона барвақт таҳия шуд ва хост, қабл аз соли нав онро пешниҳод кунад, то “мардум ба қадри тинҷиву осоиштагӣ ва рӯзҳои ором бирасанд”.

Овозхони тоҷик афзуд, медонист, ки атрофи таронаи мазкур вокунишҳо зиёд мешавад: “Мутаасифона мардуми мо чизи хубро хуб намегӯяд”. Дар мавриди таҳияи таронае дар бораи Умаралии панҷмоҳа изҳор дошт, “ман роҳро боз кардам. Санъаткорони зиёд дорем, бигзор онҳо танҳо сурудҳои ошиқӣ нахонанду таронаҳои тарбиявӣ хонанд. Масалан ягон кас дар бораи Умаралӣ суруд бихонад”.


Мӯҳр
ман бовари доштам, ки холо ин хел акидахо бо монанди "барои чи дар бораи Умарали неву дар бораи курд эчод карди". Агар тамошо карда бошен дар ин клип проблемаи чахоне ки гирифтор шудааст. Ягон касро гуш накун Чонибек ва эътибор хам нате. Офарин.

Умараралии гурамарг
Бегонапарастему худкушем.

Бародаре, ки тарафдори чунин сурудхост: Оё мо мушкили худамонро хал кардаем, ки ба халли мушкили чахони бигзарем?
Чонибек, шунавандахоят пеш аз хама точиконанд. Аввал дар бораи мушкили точикон суруде бигу. Ва ё метарси, ки боз ба Россия рафтанатро манъ мекунанд?

ыв
Хофиз хунар ки надошта бошад аз бадбахтии каси дигар хам худро пиар мекунад.

Чонибек ташакури зиёд барои суруде ки доги чомеа хаст сароидед. Баадан мехостам гуям ки гапи калон задан чи лозим Шумо метавонистед дипломатически чавоб тиед. “ман роҳро боз кардам. Санъаткорони зиёд дорем, бигзор онҳо танҳо сурудҳои ошиқӣ нахонанду таронаҳои тарбиявӣ хонанд. Масалан ягон кас дар бораи Умаралӣ суруд бихонад”.

Бале! То ба дарачае хаст кобили кабул!
Факкат дар охир чунин Шукронахои Сохибистиклоливу,Сулху-Вахдат намегуфти! Умарчони 5-мохаи Мо -на камтар аз ин ранчхо дидаву Чони ширин ба Хакк-Таъолло дод,ки агар Ватан-Сохибистиклолу,сохиби Сулху-Вахдат мебуд .......! Интизорем шояд дар васфи Умарчони 5-мохха хам ягон эчодиёте .....!

Суман
Аввал Шумо барои Умарали Суруд мехондед Барои чи барои Точик нею барои ким кадом Турк Суруд хонди Хайфи номи Точикит Боз худатро Точик мегири Илтимос чоп кунед

nabi farhor
Худованд мо бандагонат дуо мекунем,ин душманони Исломро даст кутох гардон.Омин.

Худованд мо бандагонат дуо мекунем,ин душманони Исломро даст кутох гардон.Омин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)