Бахшҳо

Пешниҳод: Эмомалӣ Раҳмон президенти якумрӣ шавад

Ҳикматулло Насриддинов, ходими сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон дар солҳои 80-90-уми асри гузашта пешниҳод кардааст, Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамеша раисиҷумҳури Тоҷикистон бимонад.

Ба бовари Насриддинов, ин пешниҳод бояд дар тарҳи қонуни "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" ворид шавад. Ӯ муътақид аст, имрӯз дар баробари Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардани нафари арзанда барои президентӣ номумкин аст. Хабаргузории "Азия плюс" аз қавли ин сиёсатшинос гуфтааст: “Ба ин тартиб, Тоҷикистон аз гузаронидани интихоботҳо бениёз мешавад ва барои роҳандозии ин маъракаҳо маблағ сарф намегардад”.

Оқои Насриддинов аввоили моҳи сентябр дар як мусоҳиба бо ин хабаргузорӣ пешниҳод кард, нимпайкараи Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гузошта ва ба ӯ дубора унвони қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.

Пешниҳоди раисиҷумҳури якумрии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карданд, Эмомалӣ Раҳмон унвони расмии “пешвои миллӣ”-ро бигирад.

Чанд рӯз қабл, Ҳаким Абдуллоҳ Раҳнамо, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ дар матлабе таъкид кард, “мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ пешвои миллат будан”. Ӯ афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ин пешвои миллӣ будани раисиҷумҳур мавзӯи савол ва баҳс нест, балки як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.
Мӯҳр
ап
Дахони пушида як хам тилло. Чи лозиманд хамин суханхо

Анти шох
Айбаст ба Худо ин кадар шахсиятпараст нашавед асри 21 аст охи пешбрен камтар бо нахзатиёра мегуфтен омили пасрави кишвар аст имруз бошад хтон точикистон ба асрхои шохигари ву гулом дри бурдестен

Бехтарин президенти як умра, пешвои милат ,асосгузори вахдати милли , ва гайрахо дигар унвону вазифа намонд . Озмун эълон кунед барои унвону вазифа додан.

навруз
Албата !!! Якбора конуни асосиро хам тагир дихед ва точикистонро на давлати "хукукбунеду демокративу дуняви" балки намедонам шохигари е аморат е ягон чизи дигар( шумо донотаред) эьлон кунеду монед..........

Хоркаш
Доллар ба 8 сомонӣ қариб шуд
маоши муаллиму духтуронро кам буриданд
дар бозор ҳамкасбони Ҳасани аробакаш бекоранд
ду сол пеш аз Русия 4 миллиорд доллар ворид мешуд, имсол якуним миллиорд
беш аз як миллион қувваи корӣ берун аз давлат сарсону саргардонанд
ҳар рӯз ду се тобути шаҳрвандон аз "шарики стратегӣ" ба ватан бармегарданд
сатҳи ҷинояткорӣ афзудааст
тифли тоҷикро политсайҳои рус гирифта мекушад касе дар давлат парво надорад. Ба фурӯдгоҳ вазорати корҳои хориҷӣ(?!) мошини ёрии таъҷилӣ мефиристад то он ҷисми азиятдидаву хастаро барои гӯрондан ба Файзобод баранд на ба экспертизае ки давлат ваъда дода буд

Гуруҳи чоплусе мехоҳанд барои нигаҳодрии давлату сарваташон президентро пешво эълон кунанду гуруҳи дигаре онро мумиё карда барои ҳар тоҷик муқаддас хонданист.

Одним словом, "Тфу бар ту чархи фалак, тфу!"

Озодагон, медонам навиштаҳои дигарамро ба "ҷойҳои даркорӣ" фиристодаӣ. Ин коратро дигар накунед. Мард бошӣ, чоп кунетон.

Grabel
Доллар ба 8 сомонӣ қариб шуд
маоши муаллиму духтуронро кам буриданд
дар бозор ҳамкасбони Ҳасани аробакаш бекоранд
ду сол пеш аз Русия 4 миллиорд доллар ворид мешуд, имсол якуним миллиорд
беш аз як миллион қувваи корӣ берун аз давлат сарсону саргардонанд
ҳар рӯз ду се тобути шаҳрвандон аз "шарики стратегӣ" ба ватан бармегарданд
сатҳи ҷинояткорӣ афзудааст
тифли тоҷикро политсайҳои рус гирифта мекушад касе дар давлат парво надорад. Ба фурӯдгоҳ вазорати корҳои хориҷӣ(?!) мошини ёрии таъҷилӣ мефиристад то он ҷисми азиятдидаву хастаро барои гӯрондан ба Файзобод баранд на ба экспертизае ки давлат ваъда дода буд

Гуруҳи чоплусе мехоҳанд барои нигаҳодрии давлату сарваташон президентро пешво эълон кунанду гуруҳи дигаре онро мумиё карда барои ҳар тоҷик муқаддас хонданист.

Одним словом, "Тфу бар ту чархи фалак, тфу!"

Озодагон, медонам навиштаҳои дигарамро ба "ҷойҳои даркорӣ" фиристодаӣ. Ин коратро дигар накунед. Мард бошӣ, чоп кунетон.

Точикон президент надоштанд шох доштанд .Пешниходи ман шоханшох тамом авлоди мешавад дигар ягонкас ягон пешниход карда наметавонад

Дилшод
Хушомадгуи аз ин зиед намешавад! О мо давлати демократием президенти якумри ин бар зидди конунхои демократист.

Дар замони Шурави як филме буд, ки дар он чунин
эпизоде чой дошт; Подшохеро дарбориёни зиёде
дар гирдаш хастанд ва якояк бо овози баланд
мегуянд:"О великий, о могучий, о..." ва дар охир хамакаса-
-"о-о-о". Он даврахо ин филмро дида хандаам меомад.
Акнун бошад "филм"-хои хозираро дида нафратам меояд.

Майлаш Хоишту Хамин бдай.Хабарнигорон Якбор Браван Эмомалиро Савол бтан .Дар Чавоб Чимега Бхонем Бфамем.Озодгон .Сати Зидаги Халк Паст Хаст Зиеда 1000000 миллон Миллат Мухочир Хаст Дарбадар Азобкашидесан Якбор Андеша Карди Камбуди Миллата.Аз Хушомаду Патхалими Инсонгариятро Фаромуш Кардай.

Шшшшш
БИЁЕД ПЕШВОИ МЛЛАТ ЭЪЛОН КУНЕД,ПЕШВОИ ЯКУМРАИ ТОЧИКОН ЭЪЛОН КУНЕДУ БА ВАЗЪИЯТИ ИКТИСОДИ ИЧТИМОИ АХАМИЯТ НАДИХЕД .БИЁЕД МОНЕД АЙБ АСТ ЯК ДАВЛАТИ ХОРИЧА МЕРАВИ МЕПУРСАНД ДАРОМАДИ ТОЧИКИСТОН АЗ КУЧОСТ МО ХИЧОЛАТЗАДА МЕШАВЕМ КИ ЧИ ЧАВОБ ГУЕМ МОНЕД ИН КОРХОЯТОНРО ДАР ФИКРИ БУХБУДИИ МИЛЛАТ БОШЕД

БОБОКАРИМ
Хамдиёрони азиз!Ба номи худои яккаву ягона касам бе ягон лагандбардори Эмомали Рахмон ба хама унвони баландтарине ки дар чахон аст меарзад,чунки барои ин миллат хизмату чонбозихои зиёд кардааст.Асоси асосаш тинчиву амони,оромиву осоиштагии кишвар мебошад,ки бо азму талошхои у ба мо муянсар гаштааст.Аммо имруз як зумра одамон бо чунин таклифхо ПЕШВОИ МИЛЛАТ,ДОХИ,ПРЕЗИДЕНТИ ЯКУМРА,ШОХАНШОХ,ЧАНОБИ ОЛИ ва гайрахо бакору амалхои неки Президент чашми бад расониданианд ин хамааш барои нотинчии кишварро ба миён овардан аст.Дар айни хол хаст оилахое,ки дар ин шабу руз нони хурдан надоранд магар дар дили онхо ин кадар бардор бардори Президент мегунчад? Ба гуфти дигар сер кай парвои гурусна дорад...Ба шумо мардуми назарнавис ва хонандаи мухтарам гуфтаниам биёед чашм накунем хамин рохбару хамин давлатро тинчтар гардем бехтар..Хамин Хикматулло Насриддинов бояд аз худаш шарм кунад,ки соли 1992 чигуна акида дошт ва баъде ки соли 1994 Э.Рахмон Президент интихоб шуда буд чихо гуфта буд....на танхо ман сахифахои таърих шохиданд.Имруз бегуфти Х.Насриддинов хамагон медонанд,ки Э.Рахмон кахрамонии асоссии ин давра мебошад!!!!!!!!!

Хайрон
Яъне шумо гуфтаниед дар миёни зиёда аз 8 000 000 нафар танхо 1 кас президенти карда метавонад????

Искандари М
Ин чоплуси то ба кай????

Ин мансабдорон дар бораи ояндаи миллат хеч фикр намекунанд. Доллар руз то руз боло меравад. Иктисодиёт оилави шуда рафтааст. Истехсолот надорем. Иктисодиёт як нишонаи мухими миллат аст. Агар иктисод набошад, дигар мо чи гуна худамонро миллат меномем.
Хамин тарик, наздик аст он рузе, ки Руссия Точикистонро мисли Крим аз они худ кунад. Дида истед, хамин хел мешавад.

Озодагон натарс чопаш кун. Зеро ин манфиати миллии мо аст. То имруз аз гуфтан тарсидем ва худамон дар пои худамон ба табар зада истодаем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)