Имрӯз дар вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон якҷанд ҳӯҷҷати байнидавлатӣ ба тасвиб расид.
Зимнан, созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Конфедератсияи Швейсария дар бораи амалисозии фаъолияти муздноки меҳнатии шахсони ҳамроҳикунандаи аъзои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои доимӣ, Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба тасдиқи Конвенсияи байни Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя имзо шуд. Гузашта аз ин, расми супоридани ёддошти вазорати корҳои хориҷа дар бораи иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ оид ба созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Шӯрои Федеролии Швейсария дар бораи ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва пешниҳод оид ба эътибор пайдо намудани он сурат пазируфт. Бино ба баълумоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, асноди мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва аз сӯи Конфедератсияи Швейсария сафири Фавқулодда ва мухтори он кишвар дар Тоҷикистон Стефан Неллен имзо гузоштанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр