Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:42

Шоҳи мусиқии Шарқ аввалин маротиба арусӣ мекунад

26 октябр 2011, 06:20

11/11/11/11:11:11. Ин ҳамту 12 яки қатори бо хатчаву дунуқта ҷудокардае нест. Балки ин рӯзу соатест, ки шоҳи жанри попи Шарқ дар сини 55 солагӣ нахустин маротиба арусӣ мекунад. Андӣ Мададиён тасмим гирифта, ки рӯзи 11 ноябри соли 2011, соати 11:11:11 бо дӯстдухтараш-Шани ақди никоҳ бубандад.

Дар мавриди маросими арусии Андӣ сомонаи расмии ӯ хабар додааст. Дар саҳифаи асосии сомона акси дилдодаҳоро мебинем, ки зераш навиштаанд: «Андӣ ва Шани издивоҷ мекунанд». Ба иттилои сайти радиои Ҷавон маросими арусӣ 3 рӯз идома хоҳад кард. Қисмати асосии туй рӯзи ҷумъа-11 ноябр (11/11/11) дар соати 11:11:11 сурат мепазирад. Қарор аст, ин маросим бо ширкати афроди наздик ва хешовандони домоду арус баргузор шавад. Рӯзи шанбе дар Лос Анҷелос маросими бузург дар нақша аст. Интизор меравад, чеҳраҳои шинохтаи зиёде ба табрики онҳо биёянд. Рӯзи якшанбе бо эҳтимоли бузург Андӣ ва Шани идомаи арусияшонро дар ҳалқаи ҳаводорони  ҳунарашон мегузаронанд, менависад сомонаи радиои Ҷавон.

Шани, амрикоидухтарест, ки дар иёлаи Канзаси ИМА ба дунё омадааст. Солҳои тӯлонӣ паҳлӯи Андӣ қарор дорад ва Шоҳи мусиқии Шарқ   аввалин маротиба арусӣ мекунадшарики эҷодияш маҳсуб мегардад. Дар чандин таронаҳо Шани бо Андӣ ҳамовоз шудааст, ки «Саломи ошиқона», «Фурудгоҳ», «Оле» аз шумули онҳоянд. Ин ду нафарро мусиқӣ бо ҳам пайванд кард. Ба ҷуз аз мусиқӣ, барномаҳои консертӣ, видео Андӣ ва Шанӣ дар синамо низ якҷоя нақш офаридаанд.

Дар шабакаи интернет аллакай мавҷи табрикот унвонии Андӣ ирсол шудаанд. Саҳифаи расмии Андӣ дар «Фейсбук» ва «Ю туб» моломоли шодбошиҳоянд.

Андӣ Мададиён ду маротиба меҳмони Тоҷикистон низ буд. Соли 2004 дар Кохи Борбад ва соли 2007 дар Амфитеатр барномаи консертӣ иҷро кард. Аз сӯҳбатҳояш ба хабарнигорон маълум мешавад, ки Тоҷикистон барояш писанд омадааст. Ҳамчунин чанд овозхони тоҷик, ки аз Амрико дидан кардаанд, мегӯянд, ки дар иёлоти муттаҳида қабл аз ҳама Андӣ ба онҳо кӯмак намудааст.

Андӣ бо чанд овозхони тоҷик муштаракан тарона хондаанд. Замони дар Тоҷикистон буданаш бо Аҳмад Шарипов. (Аҳмад то замони бо Андӣ вохӯрданаш худро ба ӯ зиёд монанд кардан мехост, тарзи либоспушӣ, шеваи таронасароӣ ва ҳатто мӯи дароз. Аммо Андӣ ба вай тавсия додааст, ки агар роҳи худро дар санъат пайдо кардан хоҳад, беҳтар аст, ки шеваи вижаи худро интихоб намояд). Ду таронае, ки Аҳмад Шаврипов бо Андӣ муштарак иҷро карданд, сурудҳои Андӣ буданд. Аммо овозхони тоҷик Рустами Нур дар Амрико ҳамроҳ бо Андӣ ва хонандаи афғон-Эҳсон таронаи муштараке иҷро кардаанд, ки «Бародари ҳамзабон» ном дорад.






Тибқи маълумотҳо Андӣ Мададиён машрубот наменушад, сигор намекашад, вегетариан ҳаст, аммо зиёд ҳайвонҳоро дуст медорад. Ӯ зиёда аз 30 сол қабл, замони инқилоби исломии Эрон ватанашро тарк намуда, ба Амрико куч баст.

Охирин сафарҳои ҳунарии Андӣ берун аз Лос Анҷелос моҳи октябр дар Ҳоланд, Фаронса ва Канада анҷом шудааст.

Андиро шоҳи мусиқии Форс мегӯянд. Ӯ бо забонҳои форсӣ, арманӣ, англисӣ, испанӣ, арабӣ ва ҳиндӣ тарона сурудааст.

Андӣ Мададиён (номи пуррааш Андроник Мададиён) 15 апрели соли 1956 дар шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст. Даричаи шӯхрат ба рӯи Андӣ аз солҳои 80-уми қарни гузашта боз шуд. Он замон Андӣ бо Курус (Kouros) дуэт мехонд. Давоми солҳои 1985-1992 чор албоми онҳо нашр шуд. Соли 1992 Андӣ дар алоҳидагӣ ба фаъолияти эҷодияш идома дод. Чор маротиба ба унвони «Беҳтарин овозхони соли Арманистон» даст ёфтааст. Ҳамчунин ҷоизаи «Беҳтарин овозхони эронизабон дар даҳсолаи охир»-ро соҳиб шудааст. 15 албоми таронаҳояшро ба бозор ироа кардааст. Аммо даҳҳо таронаи дигаре дорад, ки вориди ин албомҳо нестанд. Охирин таронаи вай- «HANА» соли равон сабт шуда, феълан яке аз сершунавандатарин таронаҳо дар Тоҷикистон аст





Албомҳо:

Дар ҳамкорӣ бо Kouros
Шоҳи мусиқии Шарқ   аввалин маротиба арусӣ мекунад


1985: Khastegari (Хостгорӣ)


1988: Parvaz (Парвоз)

1990: Balla (Бало)

1991: Goodbye (Падруд)

2006: Andy & Kouros Vol. 1

2006: Andy & Kouros Vol. 2

Албомҳои инфиродӣ

1992: Beegharar (Беқарор)

1994: Laili (Лайлӣ)

1995: Tanhaee (Танҳоӣ)

1996: Devoted

1998: Silk Road (Роҳи абрешим)

1998: Ghahremananeh Vatan (Қаҳрамонони Ватан)

1999: Nune (Нуне, пурра бо замони арманӣ)

2000: And My Heart…(Дар қалби ман)
Шоҳи мусиқии Шарқ   аввалин маротиба арусӣ мекунад
2001: Yaran (Ёрон, қисман бо забони арманӣ)

2002: Khalvateh Man (Хилвати ман)

2003: Orere Seero (пурра бо забони арманӣ)

2004: Platinum (Платиниум)

2006: City Of Angels (Шаҳри фариштаҳо)

2007: Airport (Фурудгоҳ){jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!