Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:21

Ҳукумати Тоҷикистон: ВАО-и баъзе кишварҳои минтақа дар бораи Роғун иттилои нодуруст пахш мекунанд

26 октябр 2011, 08:50

«Вақтҳои охир дар васоити ахбори оммаи баъзе кишварҳои минтақа маълумоти таҳрифомез  дар  мавриди лоиҳаи бунёди  НОБ-и  Роғун паҳн карда мешавад»,- омадааст дар изҳороти ҳукумати Тоҷикистон.


Бояд  мавқеи тағйирнопазири  роҳбарияти Тоҷикистонро  дар  мавриди он  қайд  намуд, ки  татбиқи  лоиҳаи гидроэнергетикӣ  ва  дар навбати  аввал  анҷом  додани сохтмони  НОБ-и Роғун  бо назардошти  манофеи  умумимиллӣ  ва  минтақавӣ  сурат  гирифта,  Тоҷикистон  тайёр  аст, ки  дар  ин  масъала  бо  ҳамсояҳояш  ба таври  зичтарин  ҳамкорӣ  намояд. Президенти  мамлакат  Эмомалӣ  Раҳмон,  аз ҷумла, аз  минбарҳои  иҷлосияҳои  63  ва  64  - уми  Ассамблеяи  Генералии  СММ,  ҳамчунин ҳамоиши  Копенгаген  аз рӯи  масъалаи  тағйири  иқлим  ва форумҳои  дигари   байналмилалӣ  перомуни  масъалаи  об тӯли  солҳои охир  дар  ин  бора изҳорот  дода  буд. Имконияти  техникӣ, судмандии иқтисодӣ,  амнияти  экологии  НОБ-и  Роғунро  борҳо  санҷиданд  ва  ин  лоиҳа  ягон  маротиба  баҳои  манфӣ  нагирифта буд,  вале ҳукумати  ҷумҳурии  Тоҷикистон  иродаи  нек  ва саъю кӯшишҳо  барои  анҷом  додани  гуфтугӯи  ошкорову  шаффоф  бо  ҳамаи  ҷонибҳои  манфиатдорро   нишон  дода,  аз Бонки Ҷаҳонӣ, ки  ба  ҳайси  сохтори  ваколатдори  СММ  пешниҳод  гардидааст, хоҳиш  намуд, ки  боз  як таҳқиқи мустақили байналмилалии  лоиҳаи  анҷоми  бунёди  НОБ –и Роғунро гузаронад.

Зимнан дар баёнияи ҳукумати кишвар гуфта мешавад, ки ҷавобан ба  ин дархост  бо  дастгирии  Бонки Ҷаҳонӣ  асосноккунии  техникию  иқтисодӣ  ва  арзёбии  таъсири  экологию  иҷтимоӣ  муваффақона  сурат  гирифта,  ҳамзамон  ду  гурӯҳи  коршиносони  мустақили  байналмилалӣ,  яке  аз рӯи  масъалаҳои  дорои   хусусияти  техникию  иқтисодӣ  ва  бехатарии  сарбанд ва  дигаре  аз рӯи  хусусияти  иҷтимоию экологӣ кор  мекунанд. Ҳукумати ҷумҳурии  Тоҷикистон аз рӯи  натиҷаи  тадқиқоти   зикршуда бо  мушовирони  байналмилалӣ,  гурӯҳи  коршиносони  байналмилалӣ, Бонки  Ҷаҳонӣ  ва  аҳли  ҷамъияти  кишварҳои  поёноб  самарабахш  ҳамкорӣ  дорад. Маълумоти  зикршуда   доираи    васеи  масъалаҳо,  аз ҷумла,  масоили  бехатарӣ, талофият,  мӯҳлати  бо  об  пур  кардани  обанбор,  идораи  захираҳои об, таъсири  иҷтимоию  экологиро  фаро гирифта, биноан муболиғаҳои паҳнкардаи баъзе  ҷонибҳо  набояд  хавферо  ба  миён  оранд. Ҳукумати  ҷумҳурии  Тоҷикистон тибқи  мувофиқа  бо   мушовирони  байналмилалӣ,  гурӯҳи  коршиносон  ва  мутахассисони  Бонки Ҷаҳонӣ  сохтмони тамоми  маҷмӯи  лоиҳаро  баррасӣ  менамояд  ва  сухан  дар  бораи  ягон  сохтмони  фосилавии  марҳилаи  аввали  НОБ  намеравад. Тоҷикистон  барои  анҷоми муваффақонаи  арзёбӣ  ба  мушовирони  байналмилалӣ  ҳамаҷониба  мусоидат  намуда ва  интизори натиҷаи таҳқиқи  байналмилалӣ  шуда,  ҳамзамон  корҳои  тармиму таҷдидро  дар  ҳудуди  НОБ-и  Роғун роҳандозӣ мекунад. То имрӯз  байни  консорсиум  ва  ҷониби  Тоҷикистон  ягон  ихтилофоти  ҷиддӣ  вуҷуд  надошт. Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар амри татбиқи лоиҳаи  мазкур  умуман  ҷонибдори аҳду  паймонҳои  қаблӣ  буда, принсипҳои   шаффофият  ва идораи корпоративиро  тарафдорӣ карда,  қоидаҳои  амалкунандаи  Бонки  Ҷаҳониро  риоя  менамояд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!