Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:07

Гул Шералӣ дар Маскав маҷмӯи иқтидорҳои энергетикии Тоҷикистонро муаррифӣ кард

26 октябр 2011, 08:59

Дар пойтахти Русия  ҷаласаи 40-уми Шӯрои электроэнергетикии давлатҳои аъзои ИДМ  баргузор гардид.


Дар ин бора аз вазорати энегетика ва саноати Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Зимни ин нишаст, масоили ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетика, аз ҷумла рафти тайёрии системаҳои электроэнергетикии миллии кишварҳои ИДМ барои фаъолияти  мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва маҷмӯи ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи электроэнергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Манбаъ афзуд, дар ин ҳамойиш аз ҷониби Тоҷикистон Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат ширкат намуда, зимни баромадаш роҷеъ ба маҷмӯи иқтидорҳои тавлидотии нерӯи барқи Тоҷикистон ва  идомаи бунёди иқтидорҳои иловагии истеҳсоли  барқ ва хатҳои интиқоли барқ дар кишвар суханронӣ намудааст. Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби  иштироккунандагон зарурати истифодаи самараноки нерӯи барқ ва густариши ҳамкориҳои бештари давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи электроэнергетика таъкид гардидааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!