Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:58

Машруботи алкоголии «қалбакӣ» аз Хатлон ба Душанбе ворид гардидааст

26 октябр 2011, 09:27

Зимни як санҷиш аз тарафи кормандони кумитаи андоз дар кӯчаи Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур, дар назди истгоҳи «Роҳи оҳан» як контейнер бо 3 564  адад машруботи спиртӣ боздошт карда шуд.


Тавре ба «Озодагон» аз ин кумита хабар доданд, зимни амалиёт  автомашинаи тамғаи «Газел», таҳти идораи Ҷӯрақулов дастгир гардид. Тибқи маълумоти ронанда, контейнер танҳо барои нигаҳдорӣ кардани маҳсулот истифода гардида, машруботи спиртӣ  ба мағозаҳои пойтахт ба савдо бароварда мешудааст. Ҳангоми сӯҳбат ронанда аз гуфтани ному  насаби соҳиби машруботи спиртӣ худдорӣ кард.

Манбаъ афзуд, тафтиш маълум сохт, ки соҳибмулк  дар анбори мазкур фаъолияти соҳибкории худро бе қайди мақомоти андоз ба роҳ  мондааст. Ҳамзамон муайян карда шуд, ки нӯшокиҳои спиртии ғунҷоишашон 0,5 литра аз вилояти Хатлон бе тамғагузории аксизӣ ба шаҳри Душанбе ворид карда шудааст. Маҳсулоти боздоштгардида дар асоси  моддаи 7 кодекси андози  Тоҷикистон  мӯҳрбандӣ ва зарфҳои машруботи спиртии дар даруни контейнербуда мусодира  карда шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!