Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:36

«Регар-ТадАЗ» ба дарвозаи «Истиқлол» як гол зад

26 октябр 2011, 10:43

Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2011 миёни тимҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» идома дорад.


Ҷамшед Исмоилов бозингари дастаи «Регар-ТадАЗ» дар дақиқаи 61-уми бозӣ тӯбро вориди дарвозаи дастаи «Истиқлол» намуд. Дар ин бора хабарнигори «Озодагон» аз маҳалли баргузории футбол иттилоъ дод. Гуфтанист, ин бозиро Ориф Ҷӯраев, раиси кумитаи доварони федератсияи футболи Тоҷикистон доварӣ мекунад. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар-ТадАз» дар сӯхбат ба хабаргузории Озодагон, қабл аз баргузории ин дидор гуфт, тайи 3-4 соли охир дастаи онҳо ба бозиҳои финалии Ҷоми Тоҷикистон роҳхат нагирифта буд ва назди худ мақсад гузоштаанд, ки ин навбат танҳо барои пирӯзӣ ба майдон мебароянд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!