Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:18

Эмомалӣ Раҳмон ва маршал Фаҳим масъалаи баргузории «Наврӯз-2012»-ро баррасӣ карданд

26 октябр 2011, 12:01

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини аввали райисҷумҳури Афғонистон, маршал Муҳаммад Қосими Фаҳимро, ки дар Душанбе бо як сафари расмӣ қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии президент иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, зимни нишаст масоили авзоъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, дарёфти роҳҳои нав ва шаклу василаҳои самараноки ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Манбаъ афзуд, таваҷҷӯҳи хос ба масъалаҳои татбиқи барномаи ҳамкории энергетикии ду кишвар сурат гирифт. Аз омода шудани хатти интиқоли барқи Сангтўда-Қундуз-Пули Хумрӣ ва имкони оянда афзоиш додани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон изҳори хушнудӣ карда шуд.Ба густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ ва зербиноии ду кишвар, татбиқи муваффақона ва босуръати барномаҳои бузурги ҳамкорӣ, аз ҷумла ба бунёди хаттҳои дигари интиқоли барқ ва роҳи оҳан низ изҳори ҳавасмандӣ гардид.   Эмомалӣ Раҳмон бори дигар пуштибонии Тоҷикистон ва омодагии онро ба иштироки фаъол дар татбиқи амалии нақшаи эҳёи «Роҳи нави Абрешим»  таъкид намуд. Рушду тақвияти ҳамгироии миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зарур шумурда шуд. Омодагии Тоҷикистон барои идомаи омодасозии кадрҳои низомии Афғонистон таъкид гардид. Густариш ва тақвияти ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла омодагӣ ба  «Наврўзи байналмилалии 2012» дар шаҳри Душанбе низ аз мавзўъҳои суҳбат буд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!