Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 18:29

Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон

19 май 2011, 04:26

«Ҳамкории агентии  назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ: дастовард ва имкониятҳо».

Таҳти чунин унвон дар маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти вижаи масъулин  баргузор гардид.

Ба ҷузъ намояндагони агентии мубориза бо фасод, прокуратураи генералӣ, вазорати корҳои дохилаву дигар ниҳодҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ВАО  ва ташкилотҳои байналмилалии машғул ба масоили барҳамдиҳии фасод низ дар ин мулоқот  иштирок доштанд. Зимнан, дар ин  мизи мудаввар лоиҳаи меморандуми ҳамкориро дар самти мубориза бо коррупсия омода карданд, ки дар назар аст, баъди баррасии иловагӣ қабул гардад. Дар мулоқот зарурияти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, суръат додани ташкили ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон махсус таъкид гардид.

Ин мулоқот аз тарафи ташкилоти «Кӯҳи  Нор» бо дастгирии молиявии дафтари душанбегии ҳамкории Швейтсария сурат пазируфт. 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!