Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:37

Боз 267 ҷасади пайравони Қаззофиро пайдо карданд

27 октябр 2011, 04:27

Ҷасади 267 нафар аз ҷонибдорони кушташудаи собиқ райисҷумҳури Ливия Муаммар Қаззофиро аз шаҳри Сирт ва атрофии он пайдо кардаанд.


Дар ин бора сомонаи шабакаи телевизионии Fox News хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ аксари мақтулон бо зарби тир ба сарашон кушта шудаанд. Қабл аз ба хок супурдани ҷасадҳо мақомоти маҳаллӣ онҳоро аксбардорӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ин суратҳоро баъдан ба хешовандони мақтулон нишон медиҳанд. Намояндагони Шӯрои миллии гузори Ливия ваъда кардаанд, ҷиҳати таҳқиқи муносибати ғайрибашарӣ ва ба муҷозот кашидани гунаҳкорони қатли ом талош мекунанд.

Рӯзи чоршанбе наздикони Қаззофӣ гуфтанд, ки ба Додгоҳи байналмилалии Гаага шикоят мебаранд. Ба қавли онҳо куштори президенти Ливия «ҷинояти низомӣ» аст. Муаммар Қаззофӣ дар наздикии зодгоҳаш, шаҳри Сирт 20 октябр кушта шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!