Бахшҳо

(ВИДЕО) Раҷаби Мирзо: Ҷомеаи Тоҷикистон гибридӣ аст

Лоиҳаи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро Маҷлиси намояндагон якдилона тасвиб кард ва ахиран аз сӯи Маҷлиси миллӣ ҳам тасдиқ шуд. Ин тарҳи қонун дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Бо тасвиби лоиҳа аз сӯи вакилони парлумон садҳо нафар дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз он раҳпаймоиҳо карданд. Аммо мухолифони тарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, он роҳи кишварро ба раҳбарии якумрӣ ҳамвор мекунад. Хабарнигори “Озодагон” Сайф САФАР барои суҳбат атрофи ин мавзӯъ Раҷаби МИРЗО, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷикро ба “Баҳси бештар” даъват намуд.


“МАН ВА БОВАР ДОРАМ БИСЁРИҲО ҲАНӮЗ МУТАҚОИД НАШУДАЕМ”

Озодагон: Дар як кишваре, ки Қонуни асосиаш мегӯяд, он демократист, додани унвони “пешвои миллат” ба раисиҷумҳур чӣ маъние метавонад дошта бошад?

Раҷаби Мирзо: Пеш аз ҳама ҳамин нуқтаро бояд зикр кунам, ки то ҳанӯз маъно ё зермаънои он чизе, ки имрӯз парлумони Тоҷикистон анҷом дод, бароям як навъ норӯшан аст. Аслан, ин ҷо баҳси демократия нест. Чун дар тамоми низомҳои демократӣ мо ҳамин гуна собиқаро надорем. Агар аз ин дидгоҳ бингарем, баҳси як пешво ва доҳӣ бештар хоси низомҳои ё коммунистӣ ва ё мазҳабӣ аст. Мо хуб дар хотир дорем, ки як доҳии пролетариати ҷаҳон доштем, ки он сипар ё ливои асосии коммунистони Иттиҳоди Шӯравӣ ва саросари ҷаҳон буд. Аммо дар ҳеч як қонунгузории Шӯравӣ “Доҳии пролетарҳои ҷаҳон”-ро ҷанбаи қонунӣ надода буданд. Балки он як унвони табиӣ ё маънавӣ буд. Он чи ки ба ҷомеаҳои мазҳабӣ рабт мегирад, мисолашро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон мебинем, ки раҳбари Инқилоби исломӣ доранд. Бубинед, дар ҳар ду низоме, ки зикр кардем, он ҷо ҳарфи демократия нест. Яке коммунизм буд, ки бар пояи авторитаризм асос ёфта буду ҳарфи ахирро ҳизб мегуфт ва дигарӣ низоми мазҳабӣ, ки ҳарфи ахир аз раҳбари Инқилоби исломист. Бо ин ҳама, дар ҳарду низом ҳоло баъзе унсуру махсусиятҳои демократиро ворид кардаанд. Масалан дар Чин ҳеч як раҳбар ҳаққи аз ду панҷсола ё даҳ сол бештар раҳбарӣ ё котибии генералии ҳизби коммунистро надорад. Ингуна низом дар Эрон низ ҳаст. Бо вуҷуди ин ки кишвар ва низоми исломӣ асту худашро ҷомеаи демократӣ намешуморад, вале ҳеч як раисиҷумҳур беш аз ду дафъа наметавонад раҳбариро бар уҳда бигирад. Албатта, дар Чин раҳбарии идеологӣ ба уҳдаи ҳизби коммунист вогузор шудааст. Инчунин дар Эрон ҳам ҳарфи ахирро раҳбари Инқилоби исломӣ мезанад. Вале, ин кишварҳо ҷузъиётҳои демократиро ба худ касб кардаанд...

Барои чӣ имрӯз ҳудуди раҳбарии як нафар дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ бисёр муҳим шудааст? Зеро аксари мушкилиҳои ҷаҳон феълан дар доираи ҳамин мавзӯъ мушаххас шудааст. Маълум аст, ки раҳбарии тӯлонии як нафар мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд меорад. Имрӯз агар мушкилии рақами 1-и ҷаҳон “баҳори араб” бошад, он ҳам дар кишварҳое ба вуҷуд омад, ки дар онҳо раҳбарон солҳои тӯлонӣ дар раъси ҳукумат буданд. Вале, агар баргардем сари он ки ин даъвои парлумони тоҷик то кадом андоза ба меъёрҳои демократӣ мухолифат мекунад ё мувофиқ аст, аз баҳои спикери парлумон Шукурҷон Зуҳуров бар меояд, ки гуфт, “ин иқдом ба меъёрҳои демократӣ зарар надорад”. Агар зарар надорад, мантиқан ҳамин гуна хулоса мекунем, ки ин хос ба низоми демократӣ нест. Ин аввалин ҷузъиётест, ки мо аз он метавонем хулоса кунем, ки ин иқдом хос ба низоми демократӣ нест, вале дар навбати худ наметавонад ба демократия зарар биёрад. Дар ин сурат саволҳои дигар пайдо мешавад.



Озодагон: Шумо ҷомеаҳоеро мисол овардед, ки дар онҷо ҳарфе аз демократия нест. Ҷомеаи коммунистӣ ва мазҳабӣ дар мисоли Эрон. Аммо, Қонуни асосии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин кишвар демократист. Яъне, метавон баҳси “пешвои миллат” дар ҷомеаҳои демократӣ ҳам оварда шавад. Ин ҷо чӣ мегӯед?

Раҷаби Мирзо: Биёед, дар бораи ҷомеаҳои мисли Тоҷикистон суҳбат кунем. Оё онҳоро дар муҳити илмиву сиёсӣ демократӣ мегӯянд ё не? Имрӯз як мафҳуми дигар пайдо шудааст ба номи “давлатҳои махлут ё гибридӣ”, ки дар онҳо гӯё баъзе аз унсурҳои демократӣ ҳам ҳаст ва баъзе аз унсурҳои автократӣ низ. Одатан ин гуна ҷомеаҳо аз ҳар ду меъёр бархурдор мешаванд, вале дар натиҷа ҳосили ҳеч чизе надоранд. Мисли масали ҳамон шутурмурғанд, ки агар амр шуд, “парвоз кун”, мегӯянд мо шутурем ва агар гуфтанд “бидав”, мегӯянд, ки мурғем. “Давлатҳои гибридӣ” бисёр хатарзо ҳам ҳастанд. Ҷомеа аз як ҷониб наметавонад хулоса кунад, ки ин ҳукуматҳо демократианд ва наметавонад бигӯяд, ки онҳо автократӣ мебошанд. Мо кишварҳои аврупоӣ ҳам дорем, ки дар онҳо низоми монархӣ ё шоҳаншоҳӣ фаъол аст. Вале он ҷанбаи қонунӣ гирифтааст. Ин низомҳо бештар баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум пайдо шуданд, ки ба сиёсатҳои ҷаҳонии ҳамон давра иртибот мегирифтанд. Имрӯз танҳо дар ҳудуди Бритониё боқӣ мондааст, вале махсусияти дигар дорад, ки ба таври номиналӣ вуҷуд доранд.

Озодагон: Яъне, дасти кутоҳ доранд...

Раҷаби Мирзо: Бале, масалан онҳо наметавонанд ҳукуматро ташкил бикунанд. Ин корро ҳатман парлумон мекунад. Бисёр чизҳои дигар ҳам доранд, ки хоси ҷомеаи демократӣ аст.

Озодагон: Аз ин дидгоҳ Шумо ҷомеаи Тоҷикистонро як ҷомеаи гибридӣ медонед?

Раҷаби Мирзо: Бале.

Озодагон: Табиист, ки баҳси “пешвои миллат” мухолифон ва тарафтдорони худро пайдо кард ва мехостам мавқеи шахси Шуморо бифаҳмем, ки миёни ин ду ҷойи Шумо куҷост?

Раҷаби Мирзо: Ман метавонам мавқеи худро ҳамон замон мушаххас кунам, ки маро мутақоид кунанд чаро сари ҳамин мафҳум ист карданд. Ман ва бовар дорам бисёриҳо ҳанӯз мутақоид нашудаем. Ман гуфтам, ки дар низоми коммунистӣ ҳамин гуна мафҳум буд, вале он ҷанбаи ҳуқуқӣ надошт. Дар қонунгузорӣ сабт нашуда буд, вале мо мебинем, ки “пешвои миллат”-ро дар Тоҷикистон на як унвон, балки як мақом кардан мехоҳанд. Онҳое, ки доҳӣ доштанд, як идеологияи мустаҳкамро ҳатман пайгирӣ мекарданд ва ин идеология сиёсатҳо ва низомҳои ҷаҳониро тағйир додааст. Бубинед, ҳам Инқилоби исломии Эрон ва он чи ки Ленин дар замони худаш карда буд, низоми ҷаҳонро тағйир дода буд. Ҷаҳонро ба ду қутб тақсим кард. Вале, мо имрӯз чӣ мехоҳем ва чаро сари мафҳуми “пешвои миллат” бояд ист кунем? Масалан, дар кишварҳои аврупоӣ Лукашенкоро “охирин диктатори Аврупо” ном мебаранд. Ӯ бори панҷум аст, ки ба курсии президентӣ мешинад. Аммо, ман дар ҳеч куҷо во нахурдаам, ки Лукашенко барои худаш ягон унвон, мартаба ва ё ягон мақоми нав ҷустуҷӯ ва ихтироъ карда бошад. Танҳо гуфт, ки ман президент, ман ҳақ дорам. Он ки ин даъвои ӯ аз ҷониби дигарон қабул мешавад ё на, баҳси дигар аст. Ман ба ин савол ҳанӯз ҷавоб пайдо накардаам, ки ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон чӣ чиз халал мерасонад, ки ӯ президенти Тоҷикистон бошад?

Озодагон: Шояд ҷавоби худро дар суханони ҷаноби Шукуҷон Зуҳуров пайдо кунед, ки додани “пешвои миллат” ба раисиҷумҳур Раҳмонро “қадр кардани корҳои фарзандони фарзонаи миллат” гуфта буд. Ин чиз ҳам Шуморо мутақоид намекунад?

Раҷаби Мирзо: Ман шояд яке аз мунаққидони асосии Эмомалӣ Раҳмон бошам, ки ҳамеша дар бораи ӯ матлабҳои зиёди таҳлилӣ навиштаам ва аксарашон интиқодианд. Вале, дар ҳеч куҷо аз ин нуқтаи асосӣ, ки рукнҳои асосии давлатдории миллӣ дар аҳди Эмомалӣ Раҳмон пайдо шудаанд, сарфи назар накардаам. Мо гуфтем, ки Эмомалӣ Раҳмон сулҳ овард, суруди миллӣ дар аҳди ӯ пайдо шуд. Гуфтем, ки нишони Тоҷикистон ва ҳамаи унсурҳои дигари хос барои як давлат дар замони раҳбарии ӯ пайдо шуданд. Махсусан то соли 2000-ум, ки бенизомиҳо ҳанӯз ҷо доштанд. Ин бешак бисёр муҳим аст. Аммо вақте навбатпоиву шеърхонии вакилони Маҷлиси намояндагонро тариқи шабакаҳои телевизионӣ дидем, ки чизи ҷиддие гуфта натавонистанд, балки хеле содалавҳона баромад кардаву дар бораи сохтани нақбу роҳҳо ё кадом корҳои дигаре, ки масъулият ва вазифаи як ҳукумат ё як раисиҷумҳур аст, мегуфтанд, ба ҳеҷ ваҷҳ ҷиддӣ набуд. Аз гуфтаи онҳо ва “асосниккуниашон” фикр накунам ба обрӯи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон чизеро зам карда бошанд. Масалан, он ҷо аз Ҷорҷ Вашингтон мисол оварданд, ки...

Озодагон: Бале, ҳангоми баррасии қонуни “пешвои миллат” аз шахсоне мисли Ҷорҷ Вашингтон, Отатурк ва Индира Гандӣ ёд шуд. Шояд норӯшание дар бораи ин қонун, ин ҷо рӯшан шавад. Суол ин аст, ки ин шахсон чӣ кор карданд, ки амалҳои раисиҷумҳур Раҳмонро ба инҳо нисбат медиҳанд?

Раҷаби Мирзо: Ман танҳо аз Ҷорҷ Вашингтон мисол меорам. Ӯро ба сифати асосгузори давлати Амрико мешиносанд. Қонуни асосии ин кишвар маҳз дар даврони ӯ пайдо шуд. Ӯ аз ваколатҳои конститутсионии худ истифода кард ва муҳлати президентиро барои 2 чорсолӣ муқаррар кард. Мардум мисле ки навиштаанду дархост кардаанд, ки биёед ҳамин қолабро мешиканем ва шумо як маротибаи дигар ба раъси ҳукумат равед. Ҷорҷ Вашингтон ҳамин корро накард. Гуфт, ки на, агар ман як бор Қонуни асосиро вайрон мекунам, садҳои дигар ҳатман онро садҳо маротибаи дигар вайрон хоҳанд кард. Бубинед, дар собиқаи таърихӣ бо ҳамин ду рисолат, якум ин ки Қонуни асосӣ дар аҳди ӯ навишта шуд ва дуввум ин ки қонунро вайрон накард, ҷойгоҳашро ёфт. Мисли ҳаминро ё то андозае мисли ҳаминро мо дар симои Путин мебинем. Ҳарчанд ҷаҳони Ғарб ӯро ба сифати як ғайридемократу диктатор муаррифӣ мекунад, вале соли 2008, вақте муҳлати расмиву қонунии президентии Путин ба охир расид, ӯ Қонуни асосиро вайрон накард. Ҳарчанд ба қавле элчиву саркардаҳои Осиёи Миёна дар мисоли Ислом Карим пешаш рафтанду ба ӯ маслиҳати ворид кардани тағйирот ба Коститутсияро карданд, рад кард. Яъне, қонуниятро дар ҷомеа ба низом даровардан фактори бисёр муҳим аст, ки як шахсият ин корро мекунад. Аз ҷониби дигар, метавон хулоса кард, ки Вашингтон, Путин ва шахсиятҳое мисли онҳо ба низоми сохтаи худашон бовар доштанд, рисолати худро дар давлату низомсозӣ диданд. Бигзор ба ҷои худ Путин ворис оварду аз идораи давлат батамом канор нарафт. Вале ҳарфи боварӣ дар миён буд, ки 4 сол мансабро дод. Мутаассифона дар минтақаи мо ба ғайр аз президенти Қирғизистон 4 сол канор рафтан як тараф, ҳатто раҳбаронеро ҳам медонем, ки ақаллан ба рухсатии кӯтоҳмуддати хидматӣ намераванд. Ин шояд маънии нобоварӣ ҳатто ба атрофиёну элитаи ҳукмронро дошта бошад. Аз ин хотир, ман ҳанӯз соли 2006, пас аз интихоботи президентӣ консепсияи “Эътимод”-ро пешниҳод кардам, ки мутаассифона ба он таваҷҷуҳе аз мақомот сурат нагирифт.

Озодагон: Тоҷикистони соҳибистиқлол низ бо президентии Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шуд ва Конститутсия ҳам дар даврони ӯ навишта шуд. Яъне, он ду коре, ки Ҷорҷ Вашингтон анҷом дод амалан дар аҳди раисиҷумҳури феълӣ ҳам шуда буданд.

Раҷаби Мирзо: Ман бори дигар мегӯям. Он чизҳое, ки барои рукнҳои давлатдории миллӣ ҷаноби Раҳмон кардааст, қобили баҳс нест. Буда ҳам наметавонад. Дар замони бисёр душвор омадааст. Хеле ҷавон буд. Зинаҳои раҳбариро, ки бояд мегузашт, нагузашта буд. Яъне, ҷаҳони сиёсат ва бозиҳои сиёсӣ барои ӯ то андозае шояд нофаҳмо буданд. Дар таърихномаҳо ҳам омадааст, ки ӯ барои як муддати муайян, ҳатто барои 3 моҳ гӯиё ки раҳбариро ба даст мегирифту халос. Ана ҳамин ҷараёни муборизаҳои қавӣ ӯро ба як шахсияти қавӣ табдил дод, ки ҷойи баҳс надорад. Аммо ба назари ман чунин менамояд, ки идеологҳои ҳукумат чандон қавӣ нестанд. Бубинед, як замон мегуфтанд, ки асли Истиқлолияти Тоҷикистонро бояд ба иҷлосияи 16-ум рабт дод. Баъдан ишораҳое аз ҷонибашон сурат гирифт, ки асли Истиқлолият ба Созишномаи сулҳ бояд иртибот бигирад.

Озодагон: Муаллифони ин қонун ҳангоми баррасӣ гуфтанд, ки раисиҷумҳур ба ин унвон ниёз надорад, балки ин эҳтиёҷи мардум аст. Аз назари Шумо оё дар воқеъ мардум ин эҳтиёҷро доранд? Гузашта аз ин замоне, ки раисиҷумҳур ба ин унвон мерасад, ниёзҳои дигари мардум метавонанд бароварда шаванд?

(ВИДЕО) Раҷаби Мирзо: Ҷомеаи Тоҷикистон гибридӣ астРаҷаби Мирзо: Ман фикр мекунам чизе ки дар минбари парлумон гуфта шуд ва гӯиё аз ҷониби яке аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, бештар як таъбири шоиронаро мемонад. Аз ин пештар ҳам яке аз таҳлилгарони наздик ба ҳукумат ба ҳамин чиз ишора карда буд ва гӯиё ки ҳамин мафҳумро барои мардум ошкор кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки асоснокии тасмимашонро то ҷои зарурӣ натавонистанд анҷом диҳанд. Як пешво чӣ маънӣ дорад? Гуфтам, ки Ленин ҷаҳонро иваз кард. Инқилоби исломии Эрон ҳам як низоми навро ба вуҷуд овард. Аммо, Тоҷикистон ва элитаи ҳукмроне, ки мо дорем аз ин пас бояд чиро тағйир бидиҳанд? Чӣ навгониҳоеро дар сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба вуҷуд меоранд? Ин ҳам дар ҳоле, ки худи минтақаи Осиёи Марказӣ дар як моварои бисёр бузурги геополитикиву геостратегӣ қарор дорад ва воқеан ҳам ташаббусҳои самимиву дурбинонаро мехоҳад. Мутаассифона, мо намебинем, ки дар ин минтақа кишварҳои дигар ба ғайр аз Қирғизистон наздик ба меъёрҳои демократӣ бошанд. Ҳатто талоши онҳоро ҳам намебинем. Ҳол он ки ин кишварҳо бояд асли моҷароро дар мисоли “Давлати исломӣ” дарк кунанд, ки ҷаҳонро ба худаш машғул доштааст. Дар ҳамин замина бояд консепсияи ягона дошта бошанд, ки бархурди онҳо бо ин вабои нави аср чӣ гуна бошад. Чун асли мушкилиҳое, ки кишварҳои дигарро фарои гирифта буд, дар кишварҳое ба вуҷуд омад, ки низомашон мисли мо буд. Дар онҳо раҳбарони дарозмуддат ҳузур доштанд. Аз нигоҳи иҷтимоӣ ҳам хеле пешрафта буданд. Мисли Қазоффӣ, ки барои мардумаш рифоҳи хуби иҷтимоиро фароҳам карда буд. Афзалиятҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда буд, вале ин ҳам натавонист сари роҳи “инқилобҳо”-ро гирифта бошад, чун бозӣ фаротар буд. Имрӯз мо мебинем, ки ба ҳисоби расмӣ ҳудуди 4-5 ҳазор нафар аз минтақа ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Баъзеҳо кушта шуданд, гуруҳҳое мехоҳанд ба Ватан баргарданд. Аммо дар ин ҳолат ҳам ягон иғвои нав пешбинӣ шуда бошад, чӣ? Бубинед, бозингарони минтақа дар мисоли кишварҳои ғарбӣ демократияро дар кишварҳои Осиёи Миёна ба як масхара ва арзише, ки боэътимод нест, табдил доданд. Оё ин тасодуф аст ё кадом бозии дигар дар миён бошад? Вале, мо як консепсияи ягонаеро намебинем, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна дар маҷмӯъ чӣ мехоҳанд ва чигуна бояд аз вазъият бароянд. Ҳатто шояд бар асари бозиҳои геополитикӣ муносибати байни раҳбарони минтақа ба ҳам дар бисёрии ҳолатҳо дӯстона нест. Ҳеҷ созмоне ҳам надоранд, ки дар онҳо танҳо худашон бошанд. Ҳар созмони минтақавие ҳаст, ҳатман ягон абарқудрат ё Русия ё Чин ҳузур ва албатта ҳарфи охирро мезананд. Ғарб ба гунаи дигар стратегияашро сохт, ки акнун ҳамкорӣ бо қудратҳоро асос медонад. Аммо ҳамаи ин бидуни баррасист. Ҳади ақалл мо суҳбатҳои ошкорро намебинем...

Дар бораи хизматҳои ҷаноби Раҳмон алакай гуфтем. Ин ҷойи баҳс надорад, вале агар даъвои муаллифон ин аст, ки имрӯз давлати Тоҷикистон ниёз ба ҳамин унвон дорад, шояд ба ин маъно бошад, ки Эмомалӣ Раҳмон метавонад ҳамин давлатро ҳифз кунад. Аммо, бар асоси чӣ? Ин савол бояд ҷавоби мушаххас дошта бошад, ки мутаассифона то ҳанӯз нашунидем. Бале, имрӯз мардум ва гуруҳҳои иҷтмоӣ омодаанд, ки дар атрофи ҳамин ҳукумат бо ҳама хубиҳо ва костагиҳояш, ҷамъ шаванд. Ҳатто мухолифони сарсахти Эмомалӣ Раҳмон доим барои ӯ аз роҳи гуфтугӯ суҳбат мекарданд, вале мо ҳамин эҳсосро намебинем, ки аз ҷониби ҳукумат шуда бошад. Ҳарф сари муколамаи миллӣ меравад, ки дар атрофи як шахс ҷамъ шаванд ва тавонанд бо ҳамон вабое, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, муборизаи якҷоя бибаранд. Ҳамин аст. Яъне, мутаҳҳидӣ дар атрофи як кас бар асоси арзишҳои демократӣ ва миллӣ.

“МАҚОМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАЪРИХИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН ОШКОРУ РАВШАН НАВИШТА ШУДААСТ”

Озодагон: Шумо ба бурузи “баҳор араб” ва ДИИШ ишора кардед ва далели бештар шудани ин тамоюлро ҳам набуди демократия дар ин кишварҳо донистед. Ин чизро дуруст дарк кардам?

Раҷаби Мирзо: Биёед мафҳуми демократияро бори дигар барои худ тафсир кунем. Чун имрӯз тавре гуфтем, бо он Ғарб бозиҳои худро дораду ҳукуматҳо бозии худро. Демократия чӣ аст? Хуб, маълум, қонунмандӣ ва ҳокимияти халқ аст. Вале, агар бо як ҷумла онро тафсир бикунем, як маънӣ дорад. Адолат! Риоя шудани адолат! Ин ки сари ҳамин арзиши хеле муҳим бозиҳои гуногуни сиёсӣ сурат мегиранд, ҷойи баҳс надорад. Ҳам дар мисоли кишварҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба ҳамин кишварҳо ба ин ё он шакл хизмат мекунанд. Ҳам дар мисоли шахсиятҳое, ки худро нотакрор мебинанд. Вале, то куҷо адолат риоят мешавад? Ва чаро ман боз ҳам сари зиёд ё тӯлонӣ набудани як шахсият ё як гуруҳи иҷтимоӣ дар сари қудрат таъкид мекунам, ки метавонад ба нобудии кишварҳо бирасонад. Мисол овардам аз Қазоффӣ. Вақте ки ҳодисаҳои Либбия ҳанӯз тирамоҳи соли 2011 шурӯъ нашуда буд, дар яке аз суҳбатҳо ишора кардам, ки фикр намекунам раҳбароне мисли Қазоффӣ аз ҳад патриот бошанд. Агар онҳо патриот бошанд ва мегӯянд, ки буд ё набуди давлат ба ман дахл дорад, имрӯз вақт аст, ки ҳаминро ошкор кунанд. Яъне, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мисоли ҳамон абарқудратҳо барои пайгирии сиёсатҳои геополитикиву геостратегиашон мехоҳанд ба ҳамин кишварҳо ҳуҷум кунанд ва далелашон ин аст, ки дар сари қудрати ин кишвар як диктатор аст, имрӯз вақт аст, ки ӯ истеъфо бидиҳад. Истеъфо медиҳад ва мегӯяд, ки агар мушкили ҳамин кишвар манам, пас бигзор низоми демократӣ дар ин ҷо роиҷ шавад. Шумо бар сари мардуми ман ҷабр накунед ва давлатро аз байн набаред. Имрӯз мо чӣ дидем? Ё кишвари Сурияро мебинем. Имрӯз ҳамин давлат тақрибан дар ҳамон шакле, ки қаблан аз ин ҳодиса буд, вуҷуд надорад. Ироқ ҳам ҳамчунин. Ин баҳс чандин сол аст, ки идома дорад. Гап сари харитаи нави сиёсии ҷаҳон меравад, ки баъзе кишварҳо ба ин ё он шакл аз байн рафтан доранд. Ва ҳамон диктаторҳое, ки то ин замон буданд ва баъзеашон барои рифоҳи мардум чандин корҳо анҷом доданд, натавонистанд он сиёсатҳоро тағйир бидиҳанд. Мо медонем, ки дар як баҳси бисёр дурушту дағали сиёсатҳои ҷаҳонӣ қарор дорем ва натанҳо мо, балки минтақаи мо. Имрӯз ҳукумат дар баробари ҳамин ҳолат чӣ барномаи мушаххас дорад? Баҳс сари риояи арзишҳои миллӣ ва буд ё набудани давлат меравад! Вале, намунае, ки мо дар бораи пешво гирифтем, аз Қазоқистон аст. Ҳамин қонун ҳам, ки мехоҳанд қабул кунанд эҳсос мешавад, ки тақрибан он чизе ки дар Қазоқистон буд. Ин қонун ба имиҷи ин кишвар чӣ дод? Назарбоевро дар симои матбуоти ҷаҳон ба як масхара табдид дод. Гуфтанд, ки ин як навъ имтиёзхоҳӣ аз мардумаш аст ва маънои онро дорад, ки Назарбоев аз ояндаи худ тарс дорад ва барои ин дахлнопазирӣ (иммунитет) мехоҳад. Иммунитет мехоҳад, то сарват ва дороиҳои худу аҳлу оилаашро ҳифз кунад. Ман бисёр намехоҳам, ки ҳамин гуна ишораҳо ба сӯи президенти мо шуда бошанд.

Дуруст, Ғарб гӯё Назарбоевро як демократ медонад, аммо, ба фикри ман, ин як бозист. Соли 2010 Қазоқистонро ҳатто роҳбари ОБСЕ интихоб карданд. Инро ҳам доираҳои таҳлилӣ масхараи дигар унвон карданд ва дар натиҷа ин созмони як замон бонуфуз эътибори қаблиашро ҳоло аз даст дод...

Озодагон: Шумо аз як сӯ ба гирд омадан дар атрофи як шахс авлавият медиҳед, вале на дар шакле, ки дар Қазоқистон иттифоқ уфтод ва на ин ҷо дар ҳоли ба миён омадан аст...

Раҷаби Мирзо: Бале. Ин ҷо гап сари самимият меравад, ки то куҷо ин ё он иқдом самимона ва содиқон аст ва то куҷо сунъӣ? Мо намунаҳои сунъии ин гуна доҳисозиро дар ҷаҳон зиёд дидем. Дур намеравем. Наздиктаринашон барои мо Туркманбошӣ буд. Дар замони худаш ӯ чӣ гуна авлавиятҳоро ба худаш қоил шуд. Ҳатто рӯзу моҳу солҳоро ба номи хешу табору падару модараш гузошт. Тамоми дороиҳои кишвар ба дасти атрофиҳояш буданд. Як китобе ҳам нашр кард, ки бисёр муқаддас шумурда мешуд. Ҳайкали бисёр зебои тиллоиаш ҳам дар Ашқободгузошта шуд, ки баробари гардиши офтоб тоб мехӯрд. Портреташ дар ҳама ҷо буд. Вале, имрӯз мо чиро мебинем? Ин ҳам дар ҳоле, ки як нафари мухолифи Туркманбошӣ бар сари қудрат наомад. Яке аз онҳое омад, ки ба ҳамин доира наздик буд. Тасаввур кунед, ки ба ҷойи нафари наздик ба ин элита яке аз мухолифонаш бар сари қудрат меомад, чӣ кор мекард? Ин маънои шиддатбахшӣ ва ба нокуҷо бурдани давлатро дорад. Мо мехоҳем ё на авторитаризм ва диктатура ба нокуҷо мебарад. Сари ин чизҳо бояд андеша кард. Ман фикр мекунам, ки мақоми Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи сиёсии Тоҷикистон бисёр хубу ошкору равшан навишта шудааст. Ба он ҷомаи сунъӣ пӯшонидан ҳеч зарурат надорад. Вале, мо мебинем, ки дар доираҳои муайян ин баҳсро сунъӣ кардан мехоҳанд. Мисли замони шӯравӣ гӯё “тибқи дархости мардум ва мактубҳои бешумори меҳнаткашон”. Равед, аз мардум пурсед, ки онҳо чӣ мехоҳанд? Дар зиёд баҳсҳо одамони оддиро мешунавем, ки мегӯянд Тоҷикистон кай ба Русия (мақсадашон ЕВРАЗЭС) дохил мешавад, ки масъалаву мушкилотамон ҳал шавад. Ин ҷои фикр ва таҳлили ҷиддиро дорад...

Вақте, ки як доираи илмии наздик ба ҳукумат дар мисоли Маркази оянданигарӣ ба додани “пешвои миллӣ” мухолифат нишон дод, ё онҳоро водор карданд, ки аз кор бираванд ё азбаски сахт дар мавқеъи худ устувор буданд, ба ҳамин чиз розӣ нашуданд. Яъне, доираи муайян ин баҳсро барои худ як чизи усулӣ (принсипиалӣ) қабул кардааст, вале онро ҷиддӣ асоснок карда наметавонанд. Гап сари ин аст.

Озодагон: Аз ин нигоҳ Шумо самимиятро дар ин тарҳ камтар мебинед?

Раҷаби Мирзо: Бале. Ман ҳатто баъзе монандиҳои пайхатҳои (почерки) онҳоеро эҳсос кардам, ки имрӯз ба сифати мубаллиғони ҳамин идея баромад мекунанд, Ҳол он ки дар гузашта матлабҳоеро зидди ин идея менавиштанд.

Озодагон: Барои ҳар иқдом дар ибтидо пешзаминаҳое фароҳам мекунанд. Аз мушоҳидаҳои Шумо то тасвиб шудани қонуни “пешвои миллат” дар парлумони Тоҷикистон кадом ниҳодҳои кишвар бештар талош карданд, ки ин заминаҳоро фароҳам кунанд?

Раҷаби Мирзо: Ман фикр мекунам, ки бештар блоки ба ном идеолгӣ ва таҳлилӣ буд, ки ин чизро пешниҳод карду ҳисоб кунем, ки қабул ҳам карданд. Вале, барои ман ҳанӯз номуайян аст, ки дар даруни худи элитаи ҳукмрон ҳамин чизро то куҷо самимона қабул карданд. Ман ба он хотир ҳарфи самимонаро дар миён мегузорам, ки агар ин тасмим самимона мебуд, ақаллан дуруст асоснок карда метавонистанд. Агар ин чиз хеле самимона мебуд ҳадди аққал бояд ба таври илмиву назариявӣ хеле қавӣ асоснок мекарданд. Азбаски ҳамин чизро ман намебинам, ба самимияти он гуруҳҳое, ки ба ҳамин иқдом ҷомеаро бовар кунониданӣ мешаванд, чандон бовар надорам. Албатта, ихлосу самимиятро дар сиёсат мафҳуми нисбӣ медонанд. Пеш аз он ки бо шумо суҳбат бикунам бо яке аз таҳлилгарон суҳбат доштам. Ӯ гуфт, ҳарфи самимият дар миён буда наметавонад, чун онҳое, ки аз ҳамин чиз манфиати инфиродӣ мебаранд, омодаанд ҳар каси дигарро ҳам ҳар унвоне, ки мехоҳад, бидиҳанд. Агар ба онҳо имкони тақсими сарватҳои миллиро бидиҳанд. Яъне, масъала сари моддиёт аст, на ягон ҷанбаи назариявӣ ва идеологӣ!

Бубинед, вақте як маркази таҳлилӣ ё назариявии наздик ба ҳукумат ихтилофро ба вуҷуд овард, маънии онро дорад, ки шояд дар доираи элитаи ҳукмрон ҳам гуфтан бисёр мушкил аст, ки ҳама ҷонибдори ин иқдоманд. Ё агар ҷонибдорӣ мекунанд, самимона нест. Аммо шояд ба хотири ягон иғво ё ба хотири ба кадом як вартаи дигар тела додани ҳукумат бошад. Ба ҳар сурат, ман дар ягон ҷои дигар вонахӯрдаам, ки қонун танҳо барои як нафар ва ҳатто бо зикри номаш қабул шуда бошад. Бояд ҳуқуқшиносон ин мавзӯъро баррасӣ кунанд...



“ЗАРУРАТ БА ГУФТУГӮ ВА МУКОЛАМАИ МИЛЛӢ БА ВУҶУД ОМАДААСТ”


Озодагон: Мехостам ба пайомадҳои қонуни пешвои миллат ишор кунам. Мухолифони ин қонун нигаронанд, ки қонуни мазкур метавонад интихоботҳои баъдиро аз байн бубарад ва раисиҷумҳур Раҳмонро барои ҳамеша дар мақомаш нигаҳ медорад. То кадом андоза ин эҳтимол вуҷуд дорад?

Раҷаби Мирзо: Агар, умуман, дар бораи фазои сиёсӣ суҳбат кунем, гуфтан мумкин аст, ки ҳудуди 10-11 соли ахир ҳукумат барои худаш муқаррар кард, ки бархурдҳо ва фазо чӣ гуна бошад. Гуруҳҳои моил ба ҳукумат ва гуруҳҳое, ки бояд аз майдон берун бошанд, аллакай маълум шуданд. Аз ин хотир, вақте ки мо доҳӣ ё пешво мегӯем, ҳатман бояд як гардишро интизор бошем. Вале, гардиш дар Тоҷикистон чӣ буда метавонад? Оё низоме, ки мо дорем, ҳамаро қонеъ мекунад. Оё ба ҷойи ин низоме, ки ҳоло ҳаст ва фикр намекунам, ки ҳамаро қонеъ мекунад чӣ чизи нав пешниҳод карда метавонем ва дар заминаи чӣ? Имрӯз дар баҳсҳо мегӯянд, ки агар додани унвони пешво ба Эмомалӣ Раҳмон мушкилиҳои моро ҳал мекунад, ҷойи баҳс надорад. Маълум аст, ки ин мушкилиҳо ба ин зудӣ ҳал намешаванд. Пас дар муҳити сиёсиву иҷтимоӣ ҳам ман ягон гардиши ғайриинтизорро интизор надорам. Бо ин идеологҳое, ки ҳукумат дорад, фикр намекунам, ки дар муҳити иҷтимоӣ-сиёсии мо ҳадди аққал чизи умедворкунанда пайдо шавад. Вале, матбуоти ҷаҳон аз ибтидои пайдоиши ҳамин иқдом ба он пӯшиши манфӣ дод. Яъне, як бори дигар имиҷи кишвар латма дид. Дар навбати худ ноумедиҳои мардум аз ин ки чизе дар ҳаёти иҷтимоии онҳо тағйир намеёбад, онхоро аз ҳаёти сиёсӣ канор бурд. Гуфтанд халос. Бо гуруҳҳое, ки дар канори ҳукумат ҳастанд, ё моил ба ҳукуматанд, бо онҳо такя кардан намехоҳанд. Пас ба кӣ такя мекунанд? Дар ҳамин ҳолат, ман фикр мекунам, зарурат ба гуфтугӯ вамуколамаи миллӣ бештар аз хар вакти дигар ба вуҷуд омадааст.

Баъдан, мо асосгузор буданро бояд фарқ кунем. Мо мехоҳем ё на эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон ҳатман ба Тоҳири Абдулҷаббор рабт мегирад, ки яке аз муллифони асосӣ буд ва ба Қадриддин Аслонов, ки маҳз дар замони раёсати ӯ ҳамин эъломия қабул шуд. Аммо, онҳо ягон хел имтиёзталабӣ накарданд. Эмомалӣ Раҳмон унсурҳои асосии аркони давлатдориро дар Тоҷикистон таъмин кардааст. Ин ҷойи баҳс надорад. Ҳар каси дигар ҳам, ки баъди мо мебиёяд ин чизро инсофан зикр мекунад. Вале, ҳамаи иқдомҳое, ки бояд сурат бигиранд бояд баркашида бошанд. Дар муколама бошанд. Яке аз мунаққидони давлат ҳам бисёр дуруст гуфт, ки ин қонунро қаблан бо мардум машварат мекарданд ва аллакай бархурдҳои ҳуқуқиро пайдо карданд. Гуфтанд, ки агар чунин ваколатҳоеро ба “пешвои миллат” медиҳем бояд тағйиру иловаҳои Қонуни асосиро анҷом медоданд ва баъд ин чизҳоро қабул мекарданд. Яъне, дар маҷмӯъ ояндаи Тоҷикистон бояд маълум бошад, ки чӣ аст? Оё инро гуфтан мумкин аст, ки ин истгоҳи охирини мо мешавад ва ки мо дар ҳамин ҷо ист мекунем? Ва дар ҳамин ҷо мушкилиҳои худро ба баҳс мекашем, ҳал мекунем, роҳҳои ҳалро нишон медиҳем ё на? Чун мо феълан гуруҳҳои иҷтимоӣ ва сиёсии фаъол ё онҳое, ки тавонанд мафкурасоз бошанд, дар ҷомеа намебинем. Ва онҳоеро ҳам надорем, ки аз пушти онҳо мардум тавонанд бираванд. Пас имрӯз бояд бори дигар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бидуни эҳсосот сари ин чизҳо фикр кунад ва ин гуфтугузорҳоро, ки аз аҳли ҷомеа гуфта мешавад, бидуни ғараз қабул кунад. Гуруҳҳои идеологӣ ва таҳлилие, ки дар атрофи президент аст, бояд сари ин фикр кунанд, ки оё пас аз ин мо чӣ мекунем? Низоми давлатдории мо чӣ мешавад? Сабаби таҳаввулот бояд чӣ бошад? Фарзандони мо дар оянда дар кадом як кишваре зиндагӣ мекунанд? Инҳо бояд саволҳои асосӣ бошанд. Имрӯз зарурати бештаре пеш омадааст, ки ҳамаи аҳли ҷомеа сари он бояд мавқеъи худро ошкор кунанд”.

Озодагон: Қонуни “пешвои миллат” бояд чанд марҳилаи дигарро тай кунад ва Шумо ҳам гуфтед, ки идеологҳои ҳукумат бояд сари ин андеша кунанд. Ба фикри Шумо ин қонун он чанд марҳилаи дигарро ба осонӣ мегузарад ё на?


Раҷаби Мирзо: “Ман фикр мекунам, ки бале, мегузарад. Чун дар мо ман ёд надорам, ки чунин як масъалаи муҳим барои ҳукумат аз тартиби муқарраршуда берун шуда бошад. Вале, бори дигар ҳам бояд ҳукумат сари ин чиз андеша кунад, ки он то куҷо як иғвои навбатӣ аст, ки ба давлатҳое мисли мо ҳатман бор мешавад. Ё тавре гуфтам як истгоҳи охирин аст, ки мо бояд дар ҳаминҷо ист кунему ҳамаи масъалаҳои худро ҳал кунем ва ояндаи давлати худамонро дар ҳамин моҷарое, ки пешорӯи мо ҳаст, маълум кунем, ки чӣ аст. Инро танҳо аз тариқаи муколама кардан мумкин аст. Имрӯз мардуми Тоҷикистон аз ҳукумат чизи зиёд намехоҳанд. Танҳо мехоҳанд, ки зиндагиашон тағйир ёбад. Танҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон дар як кишвари хуб зиндагӣ кунанд. Аз ҳолати руҳафтодагие, ки аксарияти мардумро фаро гирифтааст, берун шаванд ва бовар кунанд, ки дар оянда дар харитаи сиёсии ҷаҳон кишваре бо номи Тоҷикистон боқӣ мемонад ва аз ин кишвар ҳатман бо сарбаландӣ ё бо ифтихор ном мебаранд. Ва дар ин мамлакат ҳарфу мавқеи онҳо шунида мешавад. Ман фикр мекунам, ки мардуми Тоҷикистон дархости аз ин бештар надоранд. Мебинем, ки чӣ қадар мушкилиҳоро мардум оромона пушти сар карданд ва ҳукумат ҳам бояд дар ҳамин доира андеша кунад, ки имрӯз ягона василае, ки сарҷамъии мардумро ба вуҷуд оварда метавонад, ин ба мардум фарҳмонидани воқеъиятҳост. Бо мардум самимона суҳбат кардан аст. Бо мардум дар миён гузоштани масъалаҳо аст. Зиёд ҳолатҳоеро дар ёд дорам, ки сар аз соли 1992 вақте ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, чун бо мардум наздик буд, мушкилиҳои мардумро медонист, хеле самимона суҳбат мекард. Бидуни ягон хел протокол ва расмиёте, ки вуҷуд дошт. Мардум онро хеле хуб ҳам қабул мекарданд. Ман дар яке аз постҳои худам дар Фейсбук навиштам, ки дар ҷаласаи ахири ҳизбӣ ҳамин масъаларо ҳам дар миён гузоштааст, ки гӯё пешвозгириҳои ӯ сунъӣ ҳастанд ва набояд ингуна боашнд. Як чизро ҷониби ҳукумат дуруст дарк кардааст, ки имрӯз тақрибан гуруҳҳое вуҷуд надоранд, ки аз гуруҳҳои фурсатталаб дастгирӣ кунанд. Чанд низоъҳое буд, ки мардум аз онҳо дастгирӣ накард. Ин маънои онро дорад, ки ҳукумат ҳанӯз имконияти худро аз даст надодааст ва танҳо бодя бо ҳамин мардум муколама кунад. Омӯзад. Ҳарчӣ канортар равад, ин маънои дур рафтан аз воқеъиятҳо ҳаст ва ҳал кардани асли масъала барояш душвортар мешавад. Ин чизҳое, ҳастанд, ки сарашон бояд бештар андеша кард. Дар он сурат, дигар муҳим нест, ки аз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон чӣ унвон мекунанд, балки ҳама унвонҳо самимона хоҳад буд. Муҳим ин мешавад, ки ӯ дар таърих ҳамин гуна рисолате, ки дорад, боқӣ мемонад. Ва дар асл чунин унвону мақомҳоро бояд таърих ва ояндагон бидиҳанд. Он чи ки мисолҳояшро дар боло овардам. Пас чаро мо бояд шитоб кунем?

ШАРҲИ ҲОЛ

Раҷаби Мирзо 10 августи соли 1973 дар рустои Ангурбоғи ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Таҳсили ибтидоиро соли 1990 бо медали нуқра (ВИДЕО) Раҷаби Мирзо: Ҷомеаи Тоҷикистон гибридӣ астдар зодгоҳаш ба поён мерасонад. Фориғутаҳсили риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар нашрияҳои “Суруш”, “Восточный экспресс”, “Ҷумҳурият”, “Нерӯи сухан” ва маркази хабарии “Чархи гардун” кор кардааст. Муассис ва сардабири нашрияи “Рӯзи нав” буд.
Охири соли 2005 ба Ҳизби демократии Тоҷикистон пайваст ва 5 феврали соли 2006 дар конфаронси ин ҳизб раиси он дар Душанбе интихоб шуд. Соли 2013 узвияташро дар ҳизби демократӣ қатъ кард. Соли 2005 аз ҳавзаи Шоҳмансур ва соли 2013 дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи интихоботии Восеъ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон буд.
Соли 2009 ба ҳайси муҳаррири радиои “Имрӯз” ба кор пардохт ва баъдан сардабирии аввалин рӯзномаи мустақили Тоҷикистон – “Имрӯз news”-ро бар зима гирифт. Соли 2011 маркази тадқиқотии “Бозтоб”-ро бунёд гузошт.
Аз соли 2009 ба ин сӯ узви Шӯрои ВАО мебошад. Соли 2000 бо ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони Ҳукумати шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуда, соли 2004 “Журналисти сол” эътироф гардид.
Оиладор ва соҳиби писар аст.


Мӯҳр
офарин офарин офарин кош ҳамаи таҳлигарон монанди ту мешуд тоҷикистон алакай мисли аврупо тарақи мекард..офарин

Далер
Мавод дар хакикат хонданбоб аст. Рачаб фаъолияти сиёсиашро соли 2013 катъ накардааст ва то холо аъзои ХДТ аст.

Насими
Бехтарин суханхора Хамин шахсият гуфт на марлумон на муфти ва дигару дигар... Офари ба падаре ки чунин фарзанд тарбия кардааст ки адолат мараст аст...

Ман сухан гуям агар нест касе хамсуханам... Ватанам во ватанам во ватанам (Лоик)... Ташаккур барои тахлили одилона!

Ман сухан гуям агар нест касе хамсуханам... Ватанам во ватанам во ватанам (Лоик)... Ташаккур барои тахлили одилона!

Саидчон аз Ёкутистон
Рахмати Худо бар гузаштагонат!!! Бисёр оли бисёр суханхои хубу пурмухтаво. ..

Ба номи худованди бахшоянда ва мехрубон ва баъд арзи сипос в эхтироми хосу худро ба рузноманигори мухтарам Рачаби Мирзо ,солори калами озод и матбуоти Точикистон барои бахои холисааш ба равндхои сиёсии Точикистон мерасонам.Хуш ба холат!

Рачабчон, пурра хондам мусохибаи хуб фикрхои хуб. Бисёр самими ва некхохона ташаккур Лекин дар айни замон аз назари дарки масъалахои калони сиёси, аз назари дарки мохияти равнадхои байналмилали ва аз назари дарки манфиатхои калони милли муаллиф хануз омода нест. Мавзуъ барои муаллиф калони мекунад барин. Яъне вокеъбинии сиёси намерасад ва дарки набзи замон намерасад. Ин мушкили кариб тамоми журналистони мост андешаи нек ва нияти нек ва талоши хидмат ба ватан доранд, аммо саводи баланди касбии сиёси надоранд. Шояд ин табии бошад. Аз ин ру дар масъалахои усулии сиёси бо нигохи поку ахбориву журналисти изхори назар мекунанд. Шумо як шахси бузургед, аммо дар ин мусохиба аз назари дарки вазъият ва манфиатхои сиёси кави наомадааст... Шумо рушанфикред, зиёиед, аммо на сиёсатмадор. Ин ду мафхуми бисёр мутафовит аст... Албатта ман ба зиёи будан бештар арзиш коилам... Дусти дерина ва наздики Шумо ки хафтаи гузашта бо хам нишаста хуб чак-чак карда будем...

донишчу
МАН, БА ГУФТАХОИ ДУСТИ РАЧАБ САД ДАР САД РОЗИ ХАСТАМ

Нор
Бародар Рачаб Мирзо аз як кисмати зиёихо ва сиёсатмадорони точик, ки фикру акидаи худро гуфта наметавонанд баланду баландтаранд. ОФАРИН БАРОИ ТАХЛИЛИ КАРДАТОН САД ОФАРИН, САЛОМАТ БОШЕД ХУДО НИГАХБОНАТОН!!!!!!

Ҳамадон
Ба Dusti Rajab,
Аз ҳарфҳот маълум, ки касе аз МТС ҳастӣ.
Номатро ин бор намегӯям.
Аҳ дасти ту барин "сиёсатдору сиёсаткорҳоро" мардум дар лаби як вартаи бузурги сиёсӣ қарор дорад.
Агар сиёсатро дуруст фаҳмӣ, пас бигӯ, шунавем, ки чӣ будааст он сиёсатҳои шумо.
Раҷаб ҳама суханҳояш содиқона (сидқан ба Ватан) ва кушоду равшананд. Боз мегӯям, он фаҳмише ки аз Комсомол гирифтаед, дигар куҳна шудаанд.

Озодагон, мард барин чоп кунед.

пазилакка
Ахсан ба шумо устод рачаб.худо ёвару мададгори шумо,

Dev
"ozodagon" navishtahoi maro furu burded !?

Х,ак,гу
Ах,сан Рачаби Мирзо. Лекин х,амон " Дусти забони ва нониатон " ро худи Шумо ва Мамлакат Ч,. ба арсаи сиесат овардед. Барои дусти Шумо х,адафх,ои кисагиаш заруранд ва у ба мак,садаш х,ам расид.

Эй буродар Хамадон Хамадон будию хамадон набуди да. Ман дар хакикат дусти Рачаб хастам Вай сармухаррири рузномаи ман буд. 2 сол/ Ман уро нагз медонам. Хамунчо гуфтам ку суханонаш самими ва аз дили соф аст ва нияташ нек ат. Нахонда чавоб гуфти хайфёёё. Факат гуфтам ки аз назари сиёси мусохибаи заиф ва гайрикасби пурра гайрикасьи аст. Хакатан аз назари фахмиши масъалахои калони сиёсати дохилию чахони мусохиба бисёр суст аст. Касе фахмад мефахмад. Аммо чун зимёи офаринаш мавкеашро гуфтаас. Мао солхо дар як рузнома кор кардем, хафтаи гузашта не пешинаш дуюним соат бо хам гап ва сухбат доштем Ман Рачабро аз Шумо бехтар медонам. Так что хархела чавоб дода паника накнетон. Рахмат

Ҳамадон
Ба Dusti Rajab,
Барои ошкоргӯиҳоятон як ҷаҳон сипос гузораму ду ҷаҳони дигар хурсанд аз ҷавобатон.
Дар ҳақиқат мусоҳиба, дар кул, суст баромадааст, вале на бо сабаби Раҷаб, балки мусоҳиби ӯ шояд ҳанӯз хом аст ё қасдан хомӣ нишон додааст.
Аммо боз такрор мекунам,ки мусохиба (суханони Раҷаб) аз назари дарки вазъият ва манфиатхои сиёси ҲАМ ХЕЛО ҚАВӢ ОМАДААСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)