Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:13

Гумрук аз ҳар тонна сӯзишворӣ ба буҷа 980 сомонӣ даромад ворид мекунад

27 октябр 2011, 06:14

Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон,  тайи 9 моҳи соли равон ба кишвар 333,6 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 124 ҳазор тонна камтар аст.


Масъулини гумруки Тоҷикистон, сабаби асосии коҳиши воридоти сӯзишвориро боҷи содиротии Русия ном мебаранд. Ба гуфтаи онҳо, дар пайи  боҷи содиротии Русия, воридоти сӯзишворӣ  124 ҳазор тонна кам шуд ва дар натиҷа буҷаи Тоҷикистон аз 121 миллион сомонӣ маҳрум мондааст. Ба ҳисоби миёна аз ҳар тонна сӯзишвории воридшаванда, Хадамоти гумрук ба буҷет наздики 980 сомонӣ даромад ворид мекардаст.

Айни ҳол воридкунандагони сӯзишворӣ, дар Русия барои як тонна бензин 370 доллари амрикоӣ ва барои маҳсулоти рӯшани нафтии дигар 270 доллар боҷи содиротӣ месупоранд. Вазорати молияи Русия эълон кардааст, ки аз 1 –уми ноябри соли ҷорӣ ҳаҷми боҷҳои содиротии маҳсулоти нафтиро боз ҳудуди 4,4 фоизи дигар кам кунад. Ин дар ҳолест, ки тибқи изҳороти Димитрий Медведев, президенти Русия, ки аввали моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе садо доданд, бояд то охири соли ҷорӣ, ҳаҷми боҷҳои содиротии Русия барои Тоҷикистон ба таври назаррас таҷдиди назар шаванд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!