Бахшҳо
27 окт 2011 06:51Хабарҳои минтақа

Ӯзбакистон то имрӯз ҳеч як санади марбут ба СПАД-ро имзо накардааст

Александр Лукашенко, президенти Беларус  хостори ихроҷи Ӯзбакистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шудааст.


Ин нуктаро рӯзи гузашта,  номбурда зимни мулоқоташ бо сарварони парлумони кишварҳои узви ин ташкилот дар Минск иброз доштааст. Лукашенко ҳамчунин афзудааст, ки дар ин бора унвонии ҳамтои русаш-Дмитрий Медведев низ номае ирсол кардааст.  «Ӯзбакистон бозии сеҷониба анҷом медиҳад ва ба ин далел наметавонад узви СПАД бошад»,- гуфт Лукашенко. Аммо президенти Беларус ибораи «бозиҳои сеҷониба»-ро шарҳ надода, вале ишораи ӯ ба тавсеаи ҳамкориҳои Ӯзбакистон ва кишварҳои ғарбиву Амрико нигаронида шудааст. Лукашенко гуфт: «Ӯзбакистон баъди дубора ба СПАД пайвастанаш то ҳол ҳеч яке аз асноди ин созмонро тасвиб накардааст ва узвияташ рамзӣ аст».

Маврид ба ёдоварист, СПАД дар соли 1992 аз сӯйи давлатҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон таъсис шуда буд. Соли 1999 Гурҷистон ва Озарбойҷон аз ин созмон канор рафтанд. Ҳамон сол Ӯзбакистон низ узвияти худро дар СПАД муттавақиф кард, вале соли 2006 дубора ба он пайваст. Дар тобистони соли равон Ислом Каримов, райисҷумҳури Ӯзбакистон, аз ширкат дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви СПАД дар шаҳри Остонаи Қазоқистон худдорӣ кард.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)