Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:44

Нахустҷаласаи саҳҳомони «НБО-и Роғун» дар Душанбе

19 май 2011, 05:03

Ҷаласаи аввалини саҳмдорони ҶСК  «НБО-и Роғун» дар Душанбе баргузор мегардад. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз шӯрои нозирон ин ҷамъият иттилоъ доданд, нишасти мазкур  рӯзи 26-уми майи соли равон дар «Кохи Ваҳдат» доир мешавад.

Зимнан, бақайдгирии саҳҳомон рӯзҳои 23-24 май оғоз мегардад. Ин ҷаласа, ки нахустин бор сурат мепазирад, 11-масъалаи марбут ба эҳдосу маблағгузории нерӯгоҳи Роғунро аз қабили: дар бораи ҳисобот оид ба фаъолият ва баҳисобгирии муҳосибавӣ, хулосаи  комиссияи ҷамъиятӣ оид ба назорати харҷи маблағи фурўши саҳмияҳо  ба бахши хусусӣ ва маблағҳои кўмаку хайрияи молию моддии барои сохтмони "НБО-и  Роғун" ҷамъшуда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи ҶСК «НБО Роғун»,  оид ба тасдиқи аудитори ҶСК «НБО-и Роғун» ва подошпулии он ва ғайраро баррасӣ хоҳад кард.

Маврид ба зикр аст, ки  рўйхати шахсоне, ки ҳуқуқи иштирок дар ҷаласаро доранд, дар асоси нишондодҳои феҳристи саҳмдорон  ба ҳолати 30 апрели соли 2011 тартиб дода шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!