Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:22

Бо кӯмакии молии рӯҳониён дар ноҳияи Восеъ 24 тӯйи арӯсӣ баргузор шудааст

27 октябр 2011, 07:53

Кӯмак ба оилаҳои камбизоат ва маъюбону мӯҳтоҷон, яке омилҳои инсондӯстӣ дар ҳамаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.


Тайи 9-моҳи имсол аз ҳисоби масҷидҳои ҷомеъ, имом-хатибон, соҳибкорон ва сокинони сарватманди ноҳияи Восеъ ба маъюбону бепарасторон,  беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳия ва мактаб-интернатҳо ба маблағи наздик ба 140-ҳазор сомонӣ маводи ғизоӣ кумак расонда шудааст. Инчунин, беш аз 6-ҳазор лампаҳои каммасраф низ ба оилаҳои мӯҳтоҷ тақсим карда шудааст. Рустамхон Бобоев, мудири бахши дини назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, дар ин самт ба хусус саҳми имом-хатибони масоҷид калон аст. Эшон дар ҳар намоз ба ҳангоми вазъ ва амри маъруф аз намозгузорон дархост мекунанд, то барои хонаводаҳои камбағалу маъюбон ва беморон ба қадри имкон ёриву кӯмак намоянд. Соли равон бо дастгирии соҳибкорон 1251-нафар кӯдакон хатнасур шуда, бо кӯмаки бевоситаи 4-тан аз муллоҳои ноҳия тӯйи арусии 24-ҷуфт баргузор гардидааст.

«Ин аввалу охири кор нест. Ният дорем дар арафаи иди сайиди Қурбон, ки рӯзҳои башумор мондааст,  ба маблағи зиёда аз 10-ҳазор сомонӣ маводи хӯрока омода карда, ба мактаб-интернатҳо ва оилаҳои камбизоат хайр намоем», -мегӯяд Бобоев.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!