Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:48

SoS: Бемории сурхча (гул) доман паҳн мекунад

27 октябр 2011, 09:13

Табибони Аврупо беш аз 26 ҳазор ҳодисаи сирояти бемории сурхча ва ё "гул"-ро ошкор намудаанд.


Бино ба маълумоти Созмони ҷахонии тандурустӣ (СҶТ) ин  беморӣ дар кишвархои минтақаи Аврупо ҳанӯз 7 моҳ пеш хурӯҷ карда, дар ин муддат теъдоди сироятёфтагон ба 26 ҳазор нафар расида, назар ба соли гузашта 276 фойиз  афзойиш ёфтааст. Феълан, бурузи маризии сурхча дар 40 давлат аз ҳисоби 53 давлати ба минтақаи аврупоӣ шомил мушоҳида шудааст.

Созмони ҷахонии тандурустӣ ба кишварҳои ин минтака тавсия додааст, ки барои беҳтар намудани вазъ талош намуда, пеш аз ҳама масъалаи эмгузаронии саросарии аҳолиро таъмин созанд.

Ёдовар мешавем, ки СҶТ ба кишварҳои минтақаи Аврупо кишварҳои Аврупои ғарбӣ, марказӣ ва шарқӣ, Русия Туркия, кишварҳои Закавказе ва Осиёи Марказиро шомил медонад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!