Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:16

Соҳибкорон дар Душанбе суроғаи ҳуқуқиашонро бардурӯғ пешниҳод менамоянд?

28 октябр 2011, 04:41

Кормандони кумитаи андоз  зимни як амалиёти вижаи санҷишӣ дар Душанбе чанд қонуншиканиро дар ин самт ошкор кардаанд.


Маълум шуд, ки аз ҷониби соҳибкорон дар як қатор объектҳои андозбандии ҳудуди шаҳри Душанбе ё худ дар суроғаҳое, ки баъзе субъектон  маълумотро оид ба маҳалли ҷойгиршавии худ ба феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намудаанд, ин ширкатҳо тамоман фаъолият надоранд. Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи мазкур хабар доданд, аз ҷумла ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сӯфӣ”, роҳбараш шаҳрванди Афғонистон Нисор Аҳмад Абдулвоҳид, самти фаъолияташро хариду фурӯши молҳои ниёзи мардум ва суроғаи ҳуқуқии худро «Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи  “Садбарг” нишон додааст.  Зимни санҷиш ошкор гардид, ки суроғаи зикршуда бардурӯғ пешниҳод шуда, ягон асоси воқеӣ надорад.

Ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сомон- Вароруд”, ки ба Сӯҳроб Иброҳимов тааллуқ дошта, маҳалли ҷойгиршавии корхонаро дар хиёбони Рудакӣ 21, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури  пойтахт ба қайди давлатӣ гирифтааст, зимни санҷиши гурӯҳи корӣ бардурӯғ  будани суроғаи корхона муайян карда шуд. Чунин ҳолат дар суроғаи ҶДММ “Кӯдакии Хушбахт”- роҳбараш Рустам Ниёзов, ки суроғаи  ҷойгиршавии объектро дар кӯчаи Теҳрон, хонаи 32, ҳуҷраи 35 нишон додааст, низ ба мушоҳида расид,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!