Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:03

Давраи омӯзиши забони англисӣ барои рӯзноманигорон

28 октябр 2011, 06:01

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Мактаби мустақили рузноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» интихоби иштирокдорони давраи омӯзиши забони англисӣ барои рӯзноманигоронро эълон медоранд.


Давраи мазкур дар чаҳорчӯбаи барномаҳои забони англисии Вазорати умури хориҷаи ИМА гузаронида мешавад. Зимни марҳилаи омӯзишӣ хонум Корри Виэнс, омӯзгори баландихтисоси забони англисӣ аз ИМА барои хоҳишмандон дарс медиҳад. Машғулиятҳо ҳафтае 3 маротиба дар 2 гурӯҳ - ибтидоӣ ва пешқадам гузаронида мешаванд. Пас аз хатми давраи омӯзишӣ иштирокдорон соҳиби гувоҳнома хоҳанд шуд. Интихоби хоҳишмандони омӯзиши забони англисӣ то 5-уми ноябр ҷараён мегирад. Таҳсил ройгон аст.

 

Барои иттилои бештар ва сабти ном бо нишонии: ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, бинои муҷтамаи табъу нашри «Шарқи озод», ошёнаи 13 муроҷиат намоед.

Е-mail: mediaschool.tj@gmail.com, media@school.tajik.net

Телефонҳо: 238- 53 -15, 227- 97- 80.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!