Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:53

Духтаронро чӣ аз мактаб дур кард: Фақр, ҷомеъа ё хурофот…ё чизи дигар?

28 октябр 2011, 05:59

Дуруст гуфтаанд, ки «гушна ба шер барзадааст», ё  ба қавли дигар «сер кай парвои гурусна дорад». Мутаасифона, мо баъзан бо шиками сер аз рўи курсии нарму мулоим истода, зиндагии оммаро баҳо медиҳем.  Барои баҳои мунсифона додан, бояд ба ҳаёти нодорҳо ворид шавем.

Дур мондани духтарон аз таълим аз ҷумлаи масоили умдаест, ки ахиран рӯйи матбуот рехта, дар доираи коршиносон низ бойиси баҳсу мунозираҳои зиёд мегардад. Чанде қабл Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон,   иллати асосии дур мондани духтарон аз мактабро ба хурофотӣ шудани баъзе оилаҳои мазҳабӣ рабт дода гуфт, ки «афзоиши хурофот духтаронро аз омўзиши илм дур ва ҷомеаро ба хатар рў ба рў мекунад». Баъзеҳо сабаби аслиро дар фақру тангдастии оилаҳо мебинанд. Аз он ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон дар ҳолати нохуб қарор дорад,  баъзе духтарони сини мактабӣ аз омўзиши илм бенасиб гаштаанд. Аммо ба андешаи ҷаноби Раҳмонов, иллати асосии ин падида мушкилоти иқтисодӣ нест, аз он хотир, ки давлат барои нафарони камбизоат маблағ ҷудо карда, ба воситаи муассисаҳои таълимӣ ба оилаҳояшон  мерасонад. Аз ин лиҳоз иллати аслӣ хурофот ва бефарҳангии хонавода мебошад, зеро баъзе оилаҳои мазҳабӣ бо духтар муносибати хурофотӣ намуда, ўро дар чунин рўҳия ба воя мерасонанд, мегўяд ў.

Оқилзода: Ҳақиқат чизи дигар аст

Дар ҳамин ҳол Абдуллоҳи Оқилзода, устоди донишкадаи исломии Тоҷикистон мегӯяд: «Пеш аз ҳама бояд як нуктаро хотиррасон шавем, ки имрўз масъалаи дурӣ аз илму фарҳанг танҳо хоси духтарбачагон набуда, балки ин як бемории фарогир гаштааст. Дигар ин ки мавзўи  мавриди баҳс қарор гирифта, воқеан таҳлили амиқ ва дақиқ мехоҳад. Қобили зикр аст, ки  масъулини муассисаҳои таълимӣ барои холӣ кардани шонаҳои худ аз бори гарони масъулият ва эълон намудани бегуноҳияшон ҳар баҳонаро пеш маоранд. Масалан, яке аз сабабҳои дур мондани духтарон аз таълимро дар мазҳабӣ шудани баъзе оилаҳои кишвар  мебинанд. Дар ҳоле, ки ҳақиқат чизи дигар аст. Ба андешаи ман дар асл дур мондани духтарон аз таълим аз якчанд омили асосӣ иборат аст:

а) Фақру тангдастӣ:

Воқеан, вазъи иқтисодии на ҳама хонаводаҳои кишвар яксон аст. Махсусан, дар ҳоле, ки ҳамасола нархномаи пардохти маблағи шартнома дар макотиби олӣ рў ба афзойиш оварда истодааст. Дуруст гуфтаанд, ки «Гушна ба шер барзадааст», ё  ба қавли дигар «сер кай парвои гурусна дорад». Мутаасифона, мо баъзан бо шиками сер аз рўи курсии нарму мулоим истода зиндагии оммаи мардумро баҳо медиҳем.  Барои баҳои мунсифона додан, бояд ба ҳаёти нодорҳо ворид шавем. Як лаҳза ҳам бошад, худро дар ҷаҳони фақирон тасаввур куем. Донишмандони динӣ гуфтаанд: «Агар камбизоатӣ ба кишваре сафар намояд, куфр мегўяд, ки маро бо худ ҳамроҳ кун»!

б) Адами  эътимод нисбат ба соҳибони маълумот:

Яке аз омилҳо дар дур шудани духтарон аз илму дониш ин нобоварии волидайнашон ба ояндаи неки соҳибони маълумот аст. Баъди хатми мактабу донишгоҳ аз дасти писарон чӣ омад, ки аз дасти духтарон ояд, гуфта ба ояндаи нек хушбин нестанд. Шояд ҳақ ба ҷониби онҳо бошад, зеро вазъи бади иқтисодӣ ва иҷтимоии мо то ҷое  расидааст, ки шояд қисми аъзами муҳоҷирони меҳнатии мо дар кишвари Русия аз соҳибдипломон иборат бошанд. Чӣ водор намудааст онҳоро, то умри худро бо сарсониву саргардонӣ, азобу машаққат ва аз оила дур сипарӣ  кунанд? Албатта нодориву тангдастӣ…

в) Вазъи ваҳими ахлоқии духтарони мактабӣ ва донишҷўдухтарон

Ҷои шубҳа нест, ки имрўз ахлоқи ҷавонон бахусус духтарон дар ҳоли ниҳоят хатарнок қарор дорад. Қабули қонуни «Масъулияти падару модар…» далели гуфтаҳои болост. Волидайн пеш аз он ки фарзанди худро ба мактаб ё донишгоҳ супоранд, ҳатман дар аввал андешаи иффату покдомании ўро пеши назар меоранд. Фарҳанги динӣ ва миллии мо тоҷикон низ ҳаминро тақозо менамояд. Мо монанди мардуми Аврупо наметавонем нисбат ба ҳаёти духтаронамон бе тараф ё ба қавле бепарво бошем.

Амиров: Ҳеч кас ҳақ надорад, монеъи ҳиҷоби исломӣ шавад

Ҷалолиддин Амиров, масъули вазорати маорифи ҶТ дар сўҳбат бо хабаргузории «Озодагон» гуфт, бо қарори мушовараи вазорати маориф аз 7 июли соли 2007 ин ҷониб дастуруламали тавсиявии либосҳо барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба тасвиб расонида шуд ва хонандагонро зарур аст, то дар либоспўшиашон аз ин дастуруламал пайравӣ намоянд. Дар ин дастуруламал барои рўймол ба бар кардани духтарон ҳеч монеае эҷод накардаем, мегўяд Амиров. Аз ин хотир духтарон метавонанд, озодона рўймоли тоҷикӣ ё миллии худро пўшида ба дарс ҳозир шаванд ва  ҳеч омўзгор ё каси дигар ҳуқуқ надорад, ки духтарро барои рўймол шуда аз дарс хориҷ кунад. Мутаасифона, имрўз баъзе нафарон ҳиҷоб ё сатрро ба маънои нодуруст мефаҳманд гуё сатр фақат ҳамон либосҳои аз хориҷа ворид мешудагӣ бошад. Зимнан, ҷаноби Оқилзода, устоди донишгоҳи исломӣ гуфт, «агар дар дуршавии духтарон аз илму дониш мазҳабишавии онҳо сабаб гашта бошад, пас дар дур будани писарон аз илму фарҳанг кадом омил таъсир расонидааст? Оё метавон ба касе, ки дар донишгоҳи олӣ дохил шуда ба курсии донишҷўӣ нишастааст унвони соҳибилмро дод?!

Духтарон дар макотиб аз бачаҳо бештаранд

Ҷалолиддин Амиров нисбати ин проблемае, ки масъалаи рўзмарра ё ба қавле доғи рўз гардидааст, назари дигар дорад. Ў мегўяд, масъалаи ба мактаб нарафтани духтарон, ки имрўз дар Тоҷикистон бойиси сару садоҳои зиёде  гардидааст, фикр мекунам, то ин андоза ҳассос ва ҷиддӣ нест. Ҳангоме мо ба макотиби умумӣ  ворид мешавем, аз писарон дида сафи духтарон ба маротиб зиёд мебошад. Агар дар як синфхона 20 нафар бошад, албатта 10- 11 тои онҳо духтарон мебошанд. Ҳамсўҳбатамон афзуд, ки чунин духтарон дар мо кам ба назар мерасад, ё саҳеҳтараш вуҷуд надорад.

Тибқи оморӣ расмии вазорати маориф, дар соли равон ба ҳисоби тахминӣ ҳамагӣ 800 духтар аз макотиби таҳсилоти умумӣ дур мондааст.

Амиров мегўяд, он падару модаре, ки духтари худро барои пўшидани ҳиҷоб аз ҳад зиёд зери фишор қарор медиҳанд  ва духтарро водор мекунанд, то ҳиҷобу рӯсариро ба сар кашад ва инро барои худ баҳона гирифта, монеи ба мактаб рафтани духтарон мешаванд бояд донанд, ки дини Ислом таълими илмро барои зану мард баробар фарз гардонидааст, ҳамон тавр, ки намозро фарз гардонидааст. Ва дар мавриди омўзиши илм пайравони худро тарғиб кардааст. Аз ин сабаб барои волидайн зарур аст, то фарзандони худро ба хусус духтаронро ба рафтани мактаб ва омўхтани илму адаб водор кунанд.

Пасманзари мухолифат

Оқилзода мегўяд, дарвоқеъ ҳастанд, нафароне, ки бо сабаби мухолифати шадиди омўзгорон ба пўшиши мазҳабии онҳо тарки таҳсил кардаанд. Инчунин падароне вуҷуд дорад, ки духтарони худро аз мактаб рафтан боз медоранд ва барои ба мактаб рафтани онҳо аслан розӣ намешаванд. Аммо, суоле ба миён меояд, ки онҳо чӣ ҳам мекарданд?! Ҳар шахс барои худ дар ҳаёт чизи муқаддас дорад ва тайёр аст, то барои он ҷонфидоӣ кунад. Масъулин бояд ин ҳолатро аз ҷониби донишҷўдухтарон хуб дарк намоянд.ва ҳуқуқи онҳоро низ ба назар гиранд, зеро ҳиҷоб ба таълими илм ҳеч алоқае надорад, чӣ тавре, ки Аллома Иқбол гуфтааст: «Монеъи илму ҳунар аммома нест»…

Қадриддин Исоев{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!