Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:12

Табодули амвол миёни Тоҷикистону Лаҳистон 37% коҳиш ёфтааст

28 октябр 2011, 08:04

Ноустувории сатҳи гардиши мол миёни Тоҷикистону Полша, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, пешбурди сармоягузорӣ ва масъалаи рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар, зимни ҷаласаи дуюми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон, ки дар вазорти рушди иқтисод ва савдо баргузор шуд, баррасӣ гардид.


Дар ин бора аз вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Ҳамойиши мазкур давоми ду рӯз боз инҷониб идома дорад, ки ҳайати Полшаро Рафал Баняк, муовини вазири Полша ва ҷониби Тоҷикистонро Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон роҳбарӣ доранд.

Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки дар ин нишаст ҷонибҳо бештар сари масъалаи гардиши мол миёни ин ду кишвар мубодилаи афкор намуданд: «Агар дар соли 2009 гардиши мол миёни Тоҷикистону Лаҳистон 8,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2010 афзойиш ёфта ба 18,9 миллион доллар расид, ҳоло он ки дар соли 2008 табодули амвол ба 23,0 миллион доллари ИМА баробар буд. Аммо аз рӯи ҷамъбасти 9 моҳи ахири соли 2011 нисбат ба давраи муқоисавии соли гузашта гардиши мол миёни ин ду кишвар, ҳудуди 37 фойиз коҳиш ёфтааст».

Гузашта аз ин дар ин нишаст, масъалаҳои роҷеъ ба гирифтани қарзи имтиёзнок, ба роҳ монадани ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии қишлоқ, саноати дорусозӣ, бунёди инфрасохтор, сайёҳӣ, саноати сабук, соҳаи бонкдорӣ ва суғурта  матраҳ гардид, -афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!