Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:20

Бозпурсии мири собиқ ба мӯҳлати номуайян мутаваққиф гардид

28 октябр 2011, 10:05

Мири барканоршудаи Маскав Юрий Лужков эҳтимол дорад, барои ҳозир нашудан дар баррасии парвандаи пурсарусадои "Банк Москви" муҷозот шавад.


Дар ин бора маркази матбуотии департаменти тафтишотии ВКД-и Русия хабар пахш кардааст. Бино ба маълумоти сарчашмаи хабар Юрий Лужков расман ба муфаттиши парванда мактуб дар хусуси ҳозир шуда натавонистанаш барои бозпурсӣ ва бурдани корҳои тафтишотӣ бар асари аз ҳудуди Русия берун буданаш ирсол кардааст. Аз ин рӯ корҳои тафтишотӣ ва бозпурсӣ аз санаи 28 октябр ба санаи дертар вогузошта шудааст. Дар сурати ин навбат ҳозир нашудан ба "иштирокчии  парвандаи ҷиноӣ оиди саркашӣ аз ширкат дар корҳои тафтишотӣ тибқи қонунгузории ҷиноии мурофиавӣ чораҳо андешида хоҳад шуд", -омадааст дар хабар.

Муфаттишон мехоҳанд бо мири барканоршуда дар бораи дуздии беш аз 13 миллиард рубл аз "Банк Москви" сӯҳбат намоянд. Аммо худи  Лужков ба хабаргузориҳо изҳор кардааст, ки ин тадобир дар қиболи ӯ оҳанги сиёсӣ дошта, ҷавобан ба  чанд гуфтаҳои охираш дар матбуот амалӣ мешавад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!