Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:04

Падар қотили фарзанд

19 май 2011, 05:40

Иван Евзютин дар ҳолати мастӣ писарашро ба ҳалокат мерасонад.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, ин ҳодиса дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа ба вуқӯъ пайвастааст.Аснои баргузории амалиёти вижа аз сӯи кормандони раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Евзютин Иван Владимировичи 35- сола, ки дар кӯчаи Дзержинский, хонаи 7 ба сар мебурд, боздошт гардид.Тафтишот маълум кард, ки номбурда шаби 18-уми майи соли равон дар  соати 23.00, дар манзили истиқоматиашон дар ҳолати мастӣ писари ноболиғаш Евзютин Дамир Ивановичро, ки ҳанӯз яксола нашудааст, зери лату кӯб қарор медиҳад. Кӯдак ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!