Бахшҳо

ВИДЕО: Ашки Субҳони Сайид аз паём ба муҳоҷирони тоҷик

Субҳони Сайид, овозхони шинохтаи тоҷик дар як паёми видеоӣ ба кулли муҳоҷирони тоҷик мегӯяд, орзу дорад, рӯзе ҳамаи муҳоҷирон ба Ватан баргашта, дар кишвари худ соҳиби ҷойи кор шаванд.

Ӯ мегӯяд, аз аҳволи муҳоҷирон ва азоби онҳо дар ғурбат огоҳ аст ва идома медиҳад, ки “зиндагии Тоҷикистон аз ҳисоби шумо аст”. Субҳони Сайид аз муҳоҷирон даъват мекунад, дар ғурбат хонаводаи худро фаромӯш насозанд ва пайваста аз аҳволи онҳо бохабар шаванд. Вай таъкид мекунад, агар пойи равон медошт, ҳатман ба Русия сафар мекард ва барои муҳоҷирон барномаи ҳунарӣ пешниҳод месохту "он чи дар дил дошт" ба онҳо мегуфт.

Дар ин паёми видеоӣ, ки чизе бештар аз 14 дақиқа аст ва аз сӯи Маркази тадқиқоти журналистӣ таҳия шудааст, Субҳони Сайид аз рӯзгори худаш ҳам ёд мекунад ва мегӯяд, аз 15-солагӣ рӯи саҳнаи ҳунар буд: “35 сол зиёд рӯи саҳна ҳастам, 28 сол дар Вазорати фарҳанг кор кардам, аммо имрӯз на қадр мекунанд ва на хабар мегиранд”.

Субҳони Сайид дар идома шеъри Абдувоҳиди Зеварро бо номи “Додо” қироат мекунад ва ашк мерезад. Ӯ мегӯяд, ба ин шеър оҳанг бастааст, аммо бо далели надоштани маблағ ва беморӣ наметавонад онро сабт намояд.



Субҳони Сайид 56 сол дошта, аз соли 2008 ба ин сӯ рӯи бистари беморӣ хоб аст. Ӯ аз соли 1983 рӯи саҳнаи ҳунар қарор дорад. Маҷмӯи таронаҳояш дар 10 албом гирд оварда шудаанд, аммо гуфта мешавад, сурудҳое, ки дар бистари беморӣ омода кардааст, ду албоми дигарро пурра хоҳанд кард. Субҳони Сайид фаъолияти ҳунарияшро аз ансамбли "Ганҷина", зери раҳбарии Зафар Нозимов оғоз кардааст. Баъдан баробар бо Кароматуллоҳи Қурбон фаъолияташро дар эстрада идома дод. Баъди қатли Кароматуллоҳ аз соли 1992 то соли 2008 раҳбари ансамбли эстрадии "Гулшан" буд. Дар солҳои аввали раҳбарии вай, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Субҳон тавонист, ки "Гулшан"-и маъруфро дигарбора фаъол намояд. Солҳои 2002-2003 Субҳон дар се давраи озмуни хонандагони эстрада ғолиб омада, "Ситораи сол" эътироф гардид. Моҳи июни соли 2011 Вазорати фарҳанг ба Субҳони Сайид ҷоизаи "Беҳтарин сарояндаи эстрада"-ро сазовор донист.
Мӯҳр
Санг
Эх устод..зиндаги зиндаги..замона дигар ки шуд одамон дигар мешаванд рафтору гуфтору кирдори одам дигар мешавад..Ман шуморо мефахмам!!!лекин чи кор кунем.ман холо дар мухочирати мехнати синну солам хам аз 50 гузашт аммо чи кор кунем аз ягон кас гилла хам намекунам ва ба умеди ягон кас хам намешавам

Дилсуз
ЗИНДАРО ТО ЗИНДААСТ,БОЯД БА ФАРЁДАШ РАСИД, ВАРНА БАР САНГИ МАЗОРАШ ГУЛ ПОШИДАН ЧИ СУД.,,,! Э вой баъди дидани ин навор дилам реш-реш шуд...хайфи умри одамизод ва бекадрихои зиндаги....агар дар айни хол имконият медоштам ба ин хунарманди нотакрор,ки овозаш инкадар маргуладору ширин аст то лахзахои бокимондаи умраш кумак мекардам.Сад афсус ки замин пасту осмон баланд аст бародарони азиз ва вазъи кунунии хаёти одами хамаи моро чунин кардааст касе сангдил ва дигаре сазоватпеша сеюмин беномус ва дар гушаедилсузи дасткутох..........

Зиндадил Ёсамир
Кори ту бо корнамои мекушад рузе маро,
Дарди ту дардошнои мекушад рузе маро.
Андар ин дунё надорам пайсае дар чайби хеш,
Мастиям бо ин гадои мекушад рузе маро.

Душманонам чипсаворанду тайота ё ки мерс,
Тифлаки моро на соска бошаду не памперс.
Мегурезам ман зи хешу акрабо аз бепули,
Дури дурам аз хама танхо шудам монанди хирс.

Сурху сабз, рангобаранг, коматбаланд мисли гули,
Руйи ман бин ранг намондаст охир аз ин бепули.
Умри ман охир шуду бехонаву беманзилам,
Дар ба дар, манзил ба манзил меравам мисли лули.

Сабур
Вокеан дарднок аст...

Акаи Субхон.Илохо худо шумоба шифо тияд. Рухафтода набошед даргохи худо бузург аст иншоолох шумо устувор шуда боз эъчод мекунед. Мо мухочирони шахри Красноярск дар хакки шумо дуо мекунем!!Илохо шифо ёбед!

Muhojir
Akai subhon dar kujo zjndagi mekunand

Салоб ба акаи Субхон!
Аз даргохи Худованди мехрубон бароят саломати ва сабру бурдборихоро орзумандам!
Бовар кунед хаммаи суханонаш аз суз буду аз дард ва Акаи азиз мо Туро хуб дарк мекунем вале чи илоч,афсуз сад афсуз ки: "Тавки заррин хама дар гардани хар мебинам" як шеъре барои ин Акаи азиз мехонам!
мегуянд,ки:
Имруз хулки хеш ба симу ба зар кунанд,
Безар агар бародар, з-ухам хазар кунанд.
Зардорро ба мачлис чое диханд ба сар,
Безар агар биёяд, чо камтар кунанд.
Зардор агар бимирад хешону гайр бигирянд,
Безар агар бимирад, тарчашм кам кунанд.

банда
Худованд ба ин нобигаи эстрадаи точик шифои комил дихад. Ягона сарояндаест ки ман сурудхояшро гуш мекунам.

Мухтарам тахиягарони ин макола аз шумо хохиш мекунам суратхисоб ташкил кунед ёрдам мекунем иншолох бародарон бисёранд. Ин бисер кори хуб мешавад агар таронахои навашро сарояд. Маро дуруст фахмед

виталик
Ман хам сохиб хунар будам дар ватан бо ёрдами дустон 16 сол шуд дар руссия мардикорам

БА ДАРГОҲИ ТУ НОЛОНАМ ХУДОЁ!!!!
Вақте зан мегиряд Замин мегиряд, аммо вақти ашки шӯр рехтани марди ҳунар Замину Осмон мегиряд... Дидани ин навор қалби ҳар инсонро ба риққат меорад, ашки талх мерезад. Сарояндае, ки як замоне ороиши саҳна буду ба қалби мухлисонаш эҳсоси имон ва инсоният бедор мекард. Субҳони Сайид.. Чӣ садои дилчасп дорад. Ингор, ки садояш аз боғи биҳишти ҳунари воло ба гӯш мерасад. Аммо беморӣ ин марди ҳунарро бистарӣ кардааст. Бо чунин ҳоли табоҳ ӯ истеъдоди худро гум накардааст. Ӯ эҷод мекунад. Шӯълаи ишқаш хомӯш нагардидааст. Дар дил шӯре дорад, оташи гарму сӯзон! Ҳар яки моро огаҳ бар он мекунад, ки эҳсос ва шафқати инсонии худро аз даст надиҳем. Чӣ шеъре навиштааст, ки гимн, суруди миллии замон номид, суруди инсоният ва одамгарист. Чаро марди ҳунар вақте замин мехӯрад, касе дасти ӯро намегирад, чаро дӯстон аз марде, ки садояш мурдаро зинда мегардонад, рӯй гардонидаанд? Чаро мо ба қадри инсон, дӯстон, ҳунарманд намерасем? Хеле дардовар аст дидани ин ҳоли ҳунарманди тоҷик. Ашк бо дарди ҷонсӯз гулӯгирам кард. Фарёд ба сӯи Офаридгор намудам. Охир чаро? Чаро? Ин шеъре, ки ӯ навиштааст, муроҷиат ба мардони муҳоҷир, ба онҳое, ки барои пайдои маош ва таъмини рӯзгор ба дуриҳо рафтанду сипас роҳи худро гум кардаанд. Ин шеъри даъват ба мардӣ, муроҷиат баргаштан ба қолаби инсонист, хоҳиш бар он аст, ки падар ба доди фарзанд бирасад, тавалло бар он аст, шавҳар ба назди хонуми худ баргардад, илтиҷо бар он аст, ки қонуни имон ба Худо шикаста нагардад.
Ҳаммиллатони азиз, мо медонем, ки дар замони сахту мушкили бӯҳрони иқтисодиву маънавӣ қарор дорем. Ингор, ки имтиҳони шадидест барои ҳар яки мо, ки чӣ андоза инсоф ва инсоният аз даст медиҳем. Чӣ хуб мебуд, агар ҳар як нафаре, ки дар сина гармии меҳр ва одамият дорад, барои сабти суруди Субҳони Сайид саҳм мегузошт. Пешниҳод мекардам, ки сурат ҳисобе боз намоем ва маблағе ҷамъ намоем.... Бояд ин оҳанги Субҳони Сайид сабт гардад. Садои ӯ ҳазорҳо дили хуфтагонро бедор хоҳад кард, то падар қадри писар донад... нагузорад, ки духтари хурдсол ғуссаи падар хӯрад.. Ба падарон чӣ шудааст, ки фарзандони азизи худро фаромӯш мекунанд. Ҳеҷ ҳайвоне чунин амал намекунад...
Ин ҳунарманди хирадманд, ки қалби ҳассос дорад, чанд сол қабл, вақте солим буду садояш дар гӯшаву канори кишвар паҳн мегардид, ҳоли худро пешгӯӣ карда буд: “Ба даргоҳи ту нолонам Худоё...” . Мо умед дорем, ки нолаи ӯ ба даргоҳи Худо хоҳад расид! Аммо садои фиғони ӯ то ба қалби мо мерасад ё на?

мухочир
Гап нест акаи Субхон Худованд саломати насиб гардонад бо ин дилсузитон.

АСАЛОМУ АЛАЙКУМ БАРОДАРИ АЗИЗИ БЕМОР СУБХОНИ САИД ИЛОХО ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМ ДАВЛАТИ ПИРИВУ АЗ БАНДАГИИ ДАСТИ БАНДААШ АМОНАД ДИХАД МО АЗ ЧАШМИ ХАМДИГАР ДУРЕМ ВАЛЕ БОДАРДИ ХАМДИГАР ШАРИКЕМ (МУМИН БАРОДАРИ МУМИН )ТУ ТАНХО НЕСТИ ЁРИ БЕКАС ХУДОВАНДИ ТАВОНОСТ ИЛОХО ЗЁРАТАТРО ХУДОВАНД БА МОИ МУСОФИР ТАГДИР КУНАД ОМИН

Озодагон номерои хамин акаи субхона гузоред дар каментари илтимос мухлисош бисё пурсидестан. Илтимос ами коментда нависен номероша мухлисош зангш занан дилбардориш кнан шояд кумаки модди кунанд бисёр сурог доранд ракамоша. Хамича гузоред плиииз. Сахар боз хабар мегирам ракамоша дар комент нависед

Хусейн
Устод Субхони Саид саломат бошед! Фаромуш накунед мансабдорон ин ахволи устод дарс барои шумост! Фаромуш накунед ! Устода танхо напартоед !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)