Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:15

Ярмарка: Ба корҷӯён 2.381 ҷойи холии кор пешниҳод гардид

29 октябр 2011, 05:35

Имрӯз вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар  ҳамҷоягӣ бо  вазорати  нақлиёти  Тоҷикистон  ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холиро доир  намуд.


Тавре  ба  “Озодагон”  аз  агентии  давлатии  ҳифзи  иҷтимоӣ,  шуҷғли  аҳолӣ  ва  муҳоҷирати вазорати меҳнат хабар  доданд,  дар  ярмарка  раёсатҳои  агентии  давлатии  ҳифзи  иҷтимоӣ, шуғли  аҳолӣ ва муҳоҷират дар  ноҳияҳои шаҳри  Душанбе,  ноҳияҳои  тобеъи  ҷумҳурӣ  ва  шаҳри Норак иштирок  намуда,  ҷойҳои  кории холии корро барои  ниёзмандон  пешниҳод  гардонданд.  Дар  ин ярмарка 37  корхонаю муассисаҳои  шаҳри  Душанбе  ба  корҷуён  2.381  ҷойҳои  кории холиро пешниҳод намуданд. Ҳамчунин,  ба  82  нафар  корҷӯён  барои кор ва 4  нафар ба омӯзиши  касбҳо роҳхат  дода  шуд.

 

Мавриди  зикр  аст,  ки  ташкил  ва  гузаронидани  ярмаркаҳои  ҷойҳои  кории  холӣ  дар  фаъолияти  мақомоти  давлатии  шуғли  аҳолӣ  дар  самти  мусоидат  ба  шуғл  нақши  муҳим дорад. Соли  равон аз  ҷониби  мақомоти  давлатии  шуғли  аҳолӣ  таҷрибаи  ташкил ва  гузаронидани ярмаркаи соҳавии  ҷойҳои кории холӣ идома  ёфта, бо  Кумитаи  ҷавонон,  варзиш  ва  сайёҳӣ, Кумитаи  занон  ва вазорати  тандурустии  Тоҷикистон,  ташкилоту  корхонаҳои  вазорати  энергетика  ва  саноати Тоҷикистон,  вазорати  нақлиёти  Тоҷикистон  дар  маҷмӯъ  13  ярмаркаи  соҳавии  ҷойҳои  кории  холӣ  дар  миқёси ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор  гардиданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!