Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:37

Бюрои Федералии Таҳқиқоти ИМА (ФБР) ба мутахассисони тоҷик дарс мегӯянд

29 октябр 2011, 06:05

Сафири Амрико курси «Робитаҳои ҷомеа ва васоити ахбори умум»-ро ифтитоҳ кард.


Гуфта мешавад, тамриноти таълимии мазкур барои мутахасcисони равобити ҷомеа ва васоити ахбори умумии вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи мухаддир, прокуратураи генералӣ, Додгоҳи олӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ ва Вазорати мудофиа ташкил шудааст.Тавре ба хабаргузории «Озодагон»   аз сафорати ИМА иттилоъ доданд, рӯзи якуми дарсҳои интерактивӣ иштирокчиён бо намояндагони васоити ахбори умум вохӯрда, бо онҳо мушкилоти хамкориро муҳокима намуданд.  Омӯзишро се дастурдиҳандаи ботаҷрибаи Бюрои Федеролии Таҳқиқот (ФБР), ки агентҳои калони махсуси шӯъбаи алоқа бо ҷомеаи БФТ, ки ба идораи матбуотии миллӣ тааллуқ дорад, гузаронданд.

Манбаъ афзуд, зимни ифтитоҳи курси бозомӯзии кормандон Кен Гросс гуфт, сафорати ИМА омода аст, ки дар омода намудани шумо ҳамчун сухангӯёни мақомоти интизомии давлатӣ кӯмак намояд. Ин курс ба мутахассисони ҳукумати Точикистон оид ба ҷомеа ва васоити ахбори умум дар инкишофи маҳорати беҳтар расондани ахбор ва иттилоот ба ҷомеа ва ВАУ мусоидат мекунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!