Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 27 март 2017, 04:49

Ҳудуди 2 килограмм ҳероин дар Душанбе мусодира гардид

29 октябр 2011, 06:41

Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маводи нашъадор дарёфт шуд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт дар кӯчаи  Канорӣ-162, шаҳрвандон-  Фарҳод Маҳмадалиеви  28- сола, сокини  ноҳияи  Данғара, кӯчаи И.Шариф, хонаи 32 ва Суҳроб Қандакови  32- сола, сокини кӯчаи Муллоёри Ванҷӣ, хонаи 10, дастгир карда шудаанд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз халтаи дасти Сӯҳроб Қандаков маводи сахттаъсири «ҳероин», ки вазнаш 1 килою 914 граммро ташкил медиҳад, мусодира гардид. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!