Бахшҳо

(ВИДЕО) Бозхонии “Санам”-и Суҳроби Сафарзод аз сӯи овозхони афғон

Наваб Наҷмӣ, як овозхони афғон таронаи “Санам”-и Суҳроби Сафарзод, хонандаи тоҷикро, ки чанд сол қабл даргузашт, бозхонӣ кардааст.

“Санам” аз охирин корҳои Суҳроби Сафарзод буд, ки танҳо баъди маргаш вориди бозор шуд. Олим Ширинов, коргардони овоз баъди марги сароянда ба хабарнигорон гуфта буд, Суҳроб 9 декабр (як рӯз пеш аз фавташ) зимни тамоси телефоние изҳор доштааст, ки бояд таронаи навашро сабт кунад. Олим пешниҳод карда, ки онро фардо сабт кунанд, вале Суҳроб зиёд исрор мекунад, ки бояд ҳамин рӯз сурудро таҳия кунанд. Ин сурудро Суҳроб бо шогирдаш -- Сорбон хондааст.

Наваб яке аз барандаҳои озмуни "Ситораи афғон" аст, ки аз сӯи телевизиони "Тулӯъ"-и Афғонистон таҳия мегардад. Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки аз хонандаи афғон дида, Суҳроби Сафарзод таронаи мазкурро хубтар иҷро кардааст.

Наваб Наҷмӣ



Суҳроби Сафарзод ва Сорбон




Суҳроби Сафарзод 10 декабари соли 2010 дар шаҳри Душанбе даргузашт. Бахтиёр Алиев, як масъули шӯъбаи тафтишотии Агентии назорати маводи нашъадор моҳи июли соли 2011 дар нишасти хабарие сабаби марги ӯро истеъмоли “амфитамин” гуфта буд. Суҳроб аз оғози соли 2000-ум дар саҳна муаррифӣ гардид. Ихтисоси мусиқӣ надошт, аммо зимни таронасароӣ нозукиҳои талаффузи калимаҳоро риоя мекард, садояш бо оҳанг тавъам буд. "Нозанин", "Азизи диламӣ", "Ишқи ман", "Панҷара" аз маъруфтарин таронаҳои ӯянд. Суҳроб бо Шабнами Сурайё (Ишқи ту), Дилноза Сафарова (Нозанин), Остони Азиз (Аруси сарзаминам) ва Ҳабиба (Дил шикастӣ санам) таронаҳои муштарак иҷро кардааст.
Мӯҳр
Амир
Бигузор бихонад......о сарояндахои мо аз Ахмад Зохира мехонанд ку...

Оҳангшинос
Ва худораҳматии Суҳроби Сафарзод ҳам ин оҳангро аз филми ҳиндии "Грустная история любви" ("Қиссаи дардноки ишқ") (бо иштироки Салмонхон ва Карина Капур) гирифта буд.

Номи филм бо забони асл: "Kyon Ki Itna Pyaar Tumse (2005)" ва номи суруде, ки дар ин филм садо медиҳад: "Dil Ke Badle Sanam" мебошад. Ин ду сароянда бояд дар ҳаққи оҳангсозӣ ҳиндӣ ба дуо бошанд...

https://www.youtube.com/watch?v=4ZRLlx_fro0

Аз Озодагон хоҳиш мекунам ин ссилкаро ҳам гузоранд. То мардум фаҳманд, ки соҳиби аслии ин оҳанг кист.

Пурдил
Хамин масъулини ОЗОДАГОН медонанд, ки рейтингшон дар масъалаи хонандагон чи кадар вактхои охир кам шудаст! Агар намедонанд, як маротиба бо сахфаи сайт ба сайтони маниторинги ворид шуда бубинанд, ки сайте, ки замоне дар байри сайтхои точики хатто аз Озоди пеш буд холо дар кучои руйхат карор дорад?! Ин хабархои хофизу раксу сурудро монда пушти мавзухои дигар шавед!

Ба Пурдил;Ба ту нафорад нахон.ОЗОДАГОНРО мехонем ва ба ин команда бурдборй хохонем.
P.S.Ифротгароён ба мусикаву санъат тавачухе надоранд .Боз аз хамонхо набошй?!

ба оғои Оҳангшинос:
Хато кардед бародари гиромӣ!
У оҳанге ки шумо дар назар доштед куллан дигар сурудаст, ки Суҳроб ҳамроҳи Ҳабибаи Давлат суруда буданд. Бо ибораи "Дил шикасти санам..." оғоз меёбад....
https://www.youtube.com/watch?v=edQcdRQrEIU

Mahina
Рухаш шод бошад Сухробро. Хело сурудхояшро дуст медорам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)