Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:52

Кодекси фазои ҳавои Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт

31 октябр 2011, 06:02

Таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат баргузор шуд.


Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар Шўро лоиҳаи қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Оид ба ворид намудани илова ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баҳсу баррасии аъзои шӯро қарор гирифт.

Манбаъ афзуд, лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», лоиҳаи барномаи давлатии қарзгирии берунаи ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2014, лоиҳаи дурнамои сиёсати пулию қарзии ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012 ҳам муҳокима гардиданд. Аъзои шўрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ «Оид ба пешниҳоди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба пешниҳоди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳаллу фасл карданд.

Аз рўи масъалаҳои ба рўзномаи шўро воридгардида раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон -Маҳмадалӣ Ватанов, Сафаралӣ Раҷабов ва вакили МН- Маҳмадамин Ҳисориев суханронӣ намуданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!