Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:33

Дар қатораи хатсайри Душанбе-Маскав беш аз 2 кило ҳероин дарёфт гардид

31 октябр 2011, 07:04

Дар пайи баргузории як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз аз тарафи кормандони дидбонгоҳи гумруки Пахтаободи раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Турсунзода боз як  ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи наъшаовар ошкор гардид.


Тавре ба «Озодагон» сарнозири шӯъбаи иттилооти Хадамоти гумрук Нурулло Шарипов иттилоъ дод, аснои ба расмиятдарорӣ  ва назорати гумрукии мусофирони қатораи рақами  319 самти ҳаракати Душанбе - Маскав сафар мекарданд, ҳангоми ворид гардидани  шаҳрванд Убайдов Қудратуллои 40 сола, бо  бағоҷи дастии сафарияш,  бинобар пайдо намудани шубҳа  мавриди боздошт ва муоинаи махсус қарор гирифт.

Манбаъ афзуд, зимни  тафтишот  дар қисми дохили бағоҷи мазкур маводи тасмашакли  рангаш сиёҳи ғайриоддӣ васл гардида,  буйи махсуси ба ҳероин монанд дарёфт карда шуд. Ташхиси озмойишгоҳ нишон дод, ки  маводи дарёфт гардида, навъи ҳероин мебошад вазъни умумии он 2 килою 0,15 грамро ташкил медиҳад. Феълан, нисбати Қудратулло Убайдов  парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!