Бахшҳо

SoS: Лизинг дар Тоҷикистон рӯ ба таназзул ниҳодааст

Дар давоми солҳои 2009 – 2011, шумораи ширкатҳо, ки дар Тоҷикистон ба хизматрасониҳои лизингӣ машғуланд, аз 10 то 6 адад коҳиш ёфтааст.


Масъулини барнома оид ба рушди маблағгузории хоҷагии қишлоқ ва такмили фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳаҷми бозори лизингӣ ҳам сол ба сол дар кишвар кам шуда истодааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳаҷми бозори лизингӣ дар Тоҷикистон соли 2008 – ум, 24 миллиону 750 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, ки ин нишондод аллакай дар соли 2010 –ум ба 4,02 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Ин дар ҳолест, ки масъулини Барнома оид ба рушди маблағгузории хоҷагии қишлоқ, лизингро яке аз роҳҳои беҳтарини таъмини деҳқонони тоҷик бо техникаи зарурӣ меҳисобанд:

«Бонкдорон ба деҳқон боварӣ надоранд, зеро заминаи гаравмониаш заиф аст ва одатан аз додани қарзҳо ба кишоварзон худдорӣ мекунанд. Гирифтани техника таввассути лизинг роҳи нисбатан қулай буда, метавонад, бе гаравмонӣ сурат гирад. Аммо дар Тоҷикистон ин намуди хизматрасониҳо сол ба сол камтар шуда истодаанд. Дар соли 2010 –ум дар Тоҷикистон ҳамагӣ 4 созишномаи лизингӣ дар бахши хоҷагии қишлоқ баста шуд. Дар ҳоле, ки талабот ба техникаи хоҷагии қишлоқ хеле зиёд аст».

Истифодаи техникаи мавҷудаи хоҷагии қишлоқро, ки аксарияташон кӯҳна шудаанд, ба гуфтаи масъулини барнома, барои деҳқон фоиданокии каму хароҷоти зиёдро меоранд, ки дар натиҷа ин ба гаронишавии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ меорад.

Масъулини ширкатҳои хусусии лизингӣ коҳиши рӯзмараи хизматрасониҳояшонро ба андозбандӣ ва боҷи гумрукӣ рабт медиҳанд, ки зимни амалиёти лизингӣ - ворид намудани технология ва супоридани минбаъдаи он ба дасти деҳқон татбиқ мешавад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)