Бахшҳо

(ВИДЕО) Макнуна Ниёзова: Тарроҳон метавонанд ба баҳсҳо атрофи либоспӯшӣ нуқта гузоранд

Маркази таълимӣ-тренингии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз роҳандозии давраҳои кутоҳмуддати бозомузӣ дар соҳаи дизайн ва тарроҳии либос хабар дод. Раҳбари ин марказ Макнуна Ниёзова дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” нахуст аз ҳадафҳои ин давраҳои омӯзишӣ гуфт.


Макнуна Ниёзова: Мақсади асосӣ омода намудани мутахассисони хуби соҳаи тарроҳӣ, ҷалби духтарон ба ҳунаромузӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, пайдо кардани истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани сатҳи касбияти онҳо мебошад. Барои мо мавҷудияти мутахассисони сатҳи баланди касбӣ дар соҳаи тарроҳӣ бисёр муҳим аст, зеро танҳо мутахассисони касбӣ метавонанд либоси зебову замонавӣ ва табъи дилро офарида, бо ин васила дар боло бурдани завқи мардум саҳмгузор бошанд. Бекорӣ миёни занҳо баъзан сабаби ба корҳои ношоиста даст задани онҳо мегардад. Бо роҳандозии курсҳои таълимӣ мехоҳем таваҷҷуҳи бонувон бештар ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардад ва онҳо соҳиби касбу ҳунар шаванд. Ба ҳамин хотир бо раҳбарияти донишгоҳ ба ин хулоса расидем, ки курсҳои кутоҳмуддати дизайнери касбиро ташкил намоем.

Озодагон: Ин давраҳои омӯзишӣ чӣ қадар идома мекунад ва ба чӣ бештар таваҷҷуҳ мешавад?

Макнуна Ниёзова: Аз таърихи сарулибос сар карда, то тарҳрезии либос, рангу ороиши либос ва монанди инҳоро меомӯзанд. Зиёда аз 10 омӯзгор аз 10 фан дарс хоҳанд гуфт. Давомнокии курсҳо 3 моҳ мебошад, ҳарчанд ин фурсати андак аст, аммо кушиш мекунем ғайр аз таърихи либоси миллӣ онҳоро бо таъриху фарҳанги либосҳои дигар кишварҳо низ ошно созем.

Озодагон: Таваҷҷуҳ барои ширкат дар чунин курсҳо чӣ гуна аст?

Макнуна Ниёзова: Хело зиёд таваҷҷуҳ доранд. Ростӣ, дар аввал боварӣ надоштам, ки ин қадар довталаб муроҷиат мекунад. Баъди эълони ташкили курсҳо пайваста занг зада, номнавис мекунанд. Ҳоло бештар аз 100 нафарро сабти ном кардем. Мо дар нақша доштем, ки агар дарсҳоро дар ду гуруҳ гузаронем, 15 нафарӣ кифоя аст, лекин хоҳишмандон аз интизороти мо хеле зиёданд. Бисёртар аз навоҳии дурдаст занг мезананд, аммо мутаасифона мо имкон надорем, ки барои дар Душанбе мондани онҳо то анҷоми курсҳо кумак расонем. Мехоҳам таъкид намоям, ки суханронии президенти кишвар дар мавриди касбу ҳунаромузӣ масъулияти моро бештар намуд. Боварӣ дорам, бо дастгирии ҳукумат доираи ин давраҳои омӯзишӣ васеъ ва теъдоди бештари бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб мешаванд.

Озодагон: Гуфтед, аз деҳаҳои дурдаст имкони ширкат кардан надоранд, намешавад дар минтақаҳо чунин давраҳо роҳандозӣ гарданд?

Макнуна Ниёзова: Ният дорем. Агар Ҳукумати кишвар дастгирӣ намояд, ҳатман дар минтақаҳо низ чунин курсҳои ҳунаромӯзӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.




ТАРРОҲОНИ ТОҶИК БЕШТАР БА АВРУПО ТАҚЛИД МЕКУНАНД

Озодагон: Таҳияи либос аз ҷониби тарроҳони тоҷик то куҷо ба касбият наздиканд?

Макнуна Ниёзова:
Дар Тоҷикистон тарроҳони касбӣ ҳастанд, аммо хеле кам. Бояд ҳисси миллии тарроҳони мо зиёд бошад ва бештар ба фарҳанги тоҷикон такя кунанд, на ба таъриху фарҳанги бегона. Ҳоло мебинем, ки бисёртар ба Аврупо тақлид мекунанд. Шояд замона ҳаминро талаб мекунад ва завқи духтарон чунин аст, вале ба ҳар сурат беҳтар аст тарроҳон вақти таҳияи либос таъриху фарҳанг ва менталитети моро ба назар бигиранд. Бархе тарроҳон аз нозукиҳои дизайнерӣ бехабаранд. Ҳар тарроҳи касбӣ бояд таъсири ҳар ранг, ҳар гул ва ороишоте, ки дар курта нақш меёбад, ҳатман донад. Тарроҳоне ҳастанд, ки мехоҳанд дар муди муосир саҳмгузор бошанд, қобилият доранд ва дар доираи фарҳанги миллӣ либосҳое ҳам таҳия мекунанд, аммо тавре ишора кардам, онҳо каманд ва ба муаррифӣ ниёз доранд.

Озодагон: Тақлид ба фарҳанги Аврупо гуфта, либосҳои нимбараҳнаро дар назар доред?

Макнуна Ниёзова:
Бале. Фикр мекунам зани тоҷик ягон вақт либоси бараҳна бадар накардааст. Мушкил ин аст, ки бисёр вақт тарроҳони мо либосҳои каме бараҳнаву васеъ пешниҳод мекунанд, ки ба менталитети тоҷикон наздик нест. Дар телевизион ин чизро бисёр намоиш додан мумкин нест. Тарроҳони мо вобаста ба муди муосир ба Аврупо ё минтақаи дигар тақлид мекунанд. Шахсан дар тасаввури ман зани тоҷик ҳамеша хоксору шармгин аст. Либосҳои пеши барашон аз ҳад васеъ ва домани аз ҳад кӯтоҳ хоси духтари тоҷик нест. Занҳои мо ҳамеша куртаи дароз доштанд ё агар он каме кутоҳ ҳам буд, поҷома мепӯшиданд. Мо тарроҳон бояд пешниҳодҳое дошта бошем, ки ба тарбия, менталитет ва психологияи тоҷикон дурусту муовофиқ бошад. Аз хурсолӣ волидон ба духтарон шарму ҳаёро меомӯзонанд ва ин омилҳо дар духти либос аз ҷониби тарроҳон бояд ба инобат гирифта шаванд. Аксари либосҳои тарроҳони тоҷик танҳо барои намоишҳои муд рӯи саҳна аст, на барои берун аз саҳнаҳо, дар зиндагии рӯзмарра ба бар кардан.

Озодагон: Худи Шумо вақти таҳияи либос кадом омилҳоро ба назар мегиред?

(ВИДЕО) Макнуна Ниёзова: Тарроҳон метавонанд ба баҳсҳо атрофи либоспӯшӣ нуқта гузорандМакнуна Ниёзова:
Фарҳанг ва менталитети худамонро ба назар гирифта тарҳи либосҳоро мекашам. Ҳатто агар либосҳоро барои намоишҳои муди берун аз кишвар тарҳрезӣ кунам.

Озодагон: Атрофи шеваи либоспӯшии ҷавонон баҳсҳо хеле гарманд. Ба фикри Шумо оё тарроҳон метавонанд бо маҳсули дасти худ ба чунин баҳсҳо нуқта гузоранд?

Макнуна Ниёзова:
Бале, метавонанд. Мурод Бобоқулов, Хуршед Сатторов, Нафиса, муаллима Мукаррама Қаюмова ва чанде дигар аз тарроҳони чирадасти мо талоши зиёд доранд, то бо пешниҳодҳои худ нофаҳмиҳоро дар шеваҳои либоспушӣ бартараф намоянд. Онҳо беш аз ҳама дар офаридаҳояшон ба таъриху фарҳанги тоҷикон таваҷҷуҳ мекунанд.

Озодагон: Ҳоло таваҷҷуҳ ба либсҳои миллӣ чӣ гуна аст?

Макнуна Ниёзова:
Солҳои қабл, ки занҳо мушкили зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ доштанд, ба ин масъалаҳо камтар таваҷҷуҳ мекарданд. Ҳоло шароит фарқ мекунад ва занҳо имкон доранд, дилхоҳ матоъро интихоб ва хоси завқу табъашон онро фармоиш бидиҳанд. Ба мушоҳидаи ман таваҷҷуҳи занҳо ба либосҳои миллӣ дар муқоиса ба чанд соли пеш хеле зиёд шудааст. Шахсан ба ман зиёд муроҷиат мекунанд, ки аз атлас ё чакан либоси замонавие барояшон таҳия намоям.

Озодагон: Тарроҳон бештар ба таҳия либоси занона машғуланд, барои мардҳо низ таҳияи либоси миллӣ ва замонавӣ имкон дорад?

Макнуна Ниёзова:
Бале, чаро не. Аммо мардҳои мо бисёр ҷиддиянд, фикрашон ҳамеша дар кор банд аст ва ба муд чандон таваҷҷуҳ надоранд. Барои мардҳо ҳоло танҳо либосҳои ҷашнӣ пешниҳод мекунем. Хуршед Сатторову Умед Кучкалиев бисёр талош доранд, то либосҳои замонавии мардона низ таҳия намоянд. Ман дар ин масъала саросема нестам, лекин оянда дар нақша аст, ки барои мардҳо низ ба қадри имкон либос таҳия намоям.

Озодагон: Тарроҳони тоҷик барои таҳия ва муаррифии бештари дастовардҳояшон аз кадом чиҳат танқисӣ мекашанд?

Макнуна Ниёзова:
Мушкилии якуми тарроҳон набудани сарпараст мебошад. Ман ё ягон тарроҳи дигар вақте мехоҳем Тоҷикистонро дар озмунҳои тарроҳии берун аз кишвар муаррифӣ намоем, бояд либосҳое омода кунем, ки аз матои гаронарзиш бошанд. Гузашта аз ин, барномаҳои тарроҳӣ барои муаррифии бештари либосҳо низ дар мо хеле каманд. Донишгоҳи мо ҳамасола 20-25 тарроҳ омода мекунад, лекин онҳо барои муаррифии худ минбар надоранд.

Озодагон: Саҳми Иттифоқи тарроҳон барои рушди кори тарроҳон чӣ гуна аст?

Макнуна Ниёзова:
Мо Иттифоқи тарроҳон дорем, лекин тарроҳон аз ҷониби ин ниҳод чандон дастгирӣ намеёбанд. Ба он таваҷҷуҳ намешавад. Мо тарроҳон онҷо ҷамъ мешавем, лекин маблағ нест, ки аз пайи коре шавем. Агар давлат ҳамин Иттифоқро боқувват намояд ва тарроҳон дастгирӣ ёбанд, ин соҳа зуд рушд мекунад.

АГАР САРПАРАСТ ПАЙДО ШАВАД БА КОРЕЯИ ҶАНУБӢ МЕРАВАМ

Озодагон: Дар кадом озмунҳои тарроҳии берун аз Тоҷикистон ширкат доштед?

(ВИДЕО) Макнуна Ниёзова: Тарроҳон метавонанд ба баҳсҳо атрофи либоспӯшӣ нуқта гузорандМакнуна Ниёзова:
Бори нахуст соли 2010 бо дастгирии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Русия дар озмуни тарроҳони ҷавон ширкат намудам, лекин ба финал нарасидам. Танҳо чун иштирокчӣ бо сертификат ба Ватан баргаштам. Соли 2011 бо коллексияи “Тумор” дар ин озмун ширкат намуда, ғолиб омадам ва ба озмуни ҳафтаи муди шаҳри Лас-Вегаси Амрико роҳхат гирифтам. Қасд доштам онҷо бо коллексияи “Фаришта” Тоҷикистонро муаррифӣ намоям, аммо бо далели мушкили молӣ натавонистам онҷо биравам. Ҳанӯз он алам дар дилам мондааст. Соли гузашта бидуни омодагии ҷиддӣ дар як озмуни байналмилалии тарроҳон дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ширкат намуда ва ғолиб омадам ва барои ширкат дар озмуни тарроҳон ба Кореяи Ҷанубӣ роҳахт гирифтам.

Озодагон: Дар озмуни Алма-Ато чи чиз сабаби муваффақ шуданатон гардид?

Макнуна Ниёзова:
Фикр мекунам муваффақияти ман дар он буд, ки матои ғайримуқаррарӣ, яъне дока истифода бурдам. Ҳакамон гуфтанд, мо боре надида будем, ки аз дока либос таҳия карда бошанд. Бештари либосҳои ман аз дока буд. Чун вақт танг буд, омодагии хуб надоштам, интизор набудам, ки дар ин озмун ғолиб меоям.

Озодагон: Омодагӣ барои ширкат дар озмуни Кореяи Ҷанубӣ чи гуна аст?

Макнуна Ниёзова:
Ин озмун моҳи майи имсол баргузор мешавад. Як нуктаро бояд таъкид кунам, ки ман омӯзгорам ва мисли тарроҳони дигар фармоиш намегирам. Тиҷорат намекунам ва даромади иловагӣ ҳам надорам. Бинобар ҳамин агар сарпараст пайдо шавад ба ин озмун меравам. Дар чорабиниву фестивалҳои давлатӣ ширкат мекунам, лекин дар чунин чорабиниҳо пул намедиҳанд.

Озодагон: Барои рушди фаъолияти тарроҳон ва эҳёи либосҳои миллӣ чӣ пешниҳоди мушаххас доред?

Макнуна Ниёзова:
Таъсиси осорхонаи либосҳои миллӣ дар шаҳри Душанбе метавонад дар ин росто кумак кунад. Дар баробари тавассути телевизион намоиш додан ва дар муассисаҳои таълимӣ омӯхтани фарҳангу таърихи либосҳои миллӣ, таъсиси осорхона таъсири хеле муассир хоҳад дошт. Таъсиси чунин музей на танҳо орзуи ман, балки гумон мекунам орзуи дигар тарроҳони тоҷик ҳам ҳаст.

Суҳбати Алишер ЗАРИФӢ
Мӯҳр
Деви ишк.
..Дар сурати навбатии 4-ум гап нест.Аз хама зеботприн.!

Агарчи мисли алиф рост хастаму аввал
Ба пешат мисли дол гардаму охир.
Бароям,руи долиям шави зарточ,
Алифу дол зи ин сарточ шаванд чи...? Адо!..
..Зи адогии ман чи бошад зухр,
Ба хуснат гулом бишаванд,чи шоху чи гадо.

Хам комату хам харфу дахонат ширин, эй мох Асали, е намаки е ки фаришт??????!!!!!бимираматун

беном
عاشق هنر و هنرمنر,гап нест кандаша занад Асадулло Рахмон

Абдурахим Джабборов
кукла синди ё кукла барби (Макнуна ачиб номе дори ки монда бошад ин номро ба ту)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)