Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:47

Боз як бор дар мавриди нақлиёт

31 октябр 2011, 09:47

Ҳар субҳ теъдоди мусофирон аз ҳисоби донишҷӯён меафзояд ва агар сарварони донишгоҳҳо дар мавриди пешу қафо мондани соати шурӯъи дарсҳо мусоидат кунанд, мушкили норасоии нақлиёт дар шаҳр бартараф мешудааст…

Масъулини хадамоти нақлиёти шаҳри Душанбе бар ин боваранд, ки ҳар субҳ танҳо ним соат талабот ба воситаи нақлиёт бениҳоят зиёд мешавад ва баъди соати 8-и саҳар аллакай теъдоди мусофирон дар роҳҳо коҳиш меёбад. Ба хотири якҷоя кор бурдан баҳри бартараф кардани мушкили норасоии нақлиёт ва зиёд будани теъдоди мусофирон ҳар саҳар дар роҳ онҳо ба сарварони мактабҳои олии кишвар муроҷиат кардаанд. Зеро ҳар субҳ теъдоди мусофирон аз ҳисоби донишҷӯён меафзояд ва агар сарварони донишгоҳҳо дар мавриди пешу қафо мондани соати шурӯъи дарсҳо мусоидат кунанд, мушкили норасоии нақлиёт дар шаҳр бартараф мешудааст.

Ин дар ҳолест, ки баъди соати 8-и субҳ ронандагон дар роҳҳо зиёд таваққуф мекунанд ва меъёри вақту масофаи байни маршрутҳоро риоя намекунанд. Аммо масъулин сабаби онро теъдоди ками мусофирон арзёбӣ мекунанд, ки дар сурати таваққуф накардан нақлиёт холӣ мемонад ва сӯзишвории бе ин ҳам гарон беҳуда талаф мешавад. Амриддин Одинаев, корманди раёсати хадамоти давлати назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе мегӯяд, ки аз рӯи санҷиши онҳо аз аввали рӯз ҳолатҳои зиёд таваққуф кардани ронандаҳои нақлиёти мусофиркаш дар нуқтаҳои сархат ва охир ҷой надорад. Лекин баъди кам шудани теъдоди мусофирон ин ҳолатҳо ба назар мерасад.

Нақлиётҳои «А» ва «Б»

Феълан, 30 дар сади нақлиёти мусофиркаш бо навиштаи «экспресс» фаъолият дошта, боқимондаи нақлиёт ба ду гурӯҳ: «А» ва «Б» ҷудо шудаанд. Нақлиёти мусофиркаши гурӯҳи «А» аз аввал то ними як сайрхат ва гурӯҳи «Б» аз нисфи сайрхат то охири он ҳаракат мекунанд. Аммо худсарона иваз кардани сайрхат аз ҷониби ронандагон зиёд ба чашм мерасад, ки ба хотири ҳар чӣ бештар фоида ба даст овардан навиштаҳои пеши маршрути худро дигар мекунанд ва ба хати сайри ба худ мувофиқ мегузаранд, ки ин боиси номуназзамии фаъолияти нақлиёти мусофиркаш ва сарсонии мусофирон мегардад. Масалан, дар назди бинои мағозаи марказӣ (СУМ) Хундайҳои зиёде меистанд, ки дар он ҷо маршруткаҳои рақами 19 низ ҳастанд. Дар ҳоле, ки ин мавзеъ на охири истгоҳи маршруткаи 19 аст, на аввал ва на мобайн. Танҳо талаботи аҳолӣ дар ин ҷо ба нақлиёт ба маротиб зиёд аст.

Масъулин мегӯянд, ки нисбати иваз кардани сайрхат ва дигар қонунвайронкуниҳои маъмурӣ ҳам аз тарафи Бозрасии давлатии автомобилӣ ва ҳам аз тарафи хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт рейдҳои муштарак гузаронида мешавад. Ба қавли Амриддин Одинаев аз тарафи кормандони раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт нисбати қоидавайронкуниҳо дар 9 моҳи сипаригашта зиёда аз 6 ҳазор протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Онҳо аз мусофирон даъват мекунанд, ки ба воситаҳои нақлиёте савор шаванд, ки ба мусофиркашӣ ҳуқуқ доранд ва бо рақамҳои зарди давлатии силсилаи ТТ муҷаҳҳаз шудаанд.

Баҳс бо ронанда бефойида аст…

Аммо ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз сокинони пойтахт теъдоди воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ҳанӯз ҳам кам аст ва агар танҳо  маршруткаҳои рақами зарддорро интизор шаванд, ба манзил расиданашон душвортар мегардад. Сокини пойтахт, Абдураҳим Аҳадов чунин мешуморад, ки аз сабаби норасоии нақлиёти мусофиркаш дар роҳ соатҳо интизор мебояд шуд ва агар ронанда аз нисфи роҳ ҳам 1,5 ё 2 сомонӣ талаб кунад ноилоҷ месупорад. Бо ронанда баҳс кардан фоида надорад, зеро мусофирон зиёданд ва мошин кам аст ва одамон дар ин вазъият розиянд, ки бо 2 сомонӣ ҳам ба манзил расанд, мегӯяд ӯ.

Вақте мошин кам аст ва мусофирон зиёданд, табиист, ки ронандаҳо худсарона нархро боло мебаранд. Дар ин сурат аз соатҳои тӯлонӣ дар роҳ интизор будан ва сармо хӯрдан беҳтар аст, ки 2 сомонӣ диҳанду ба манзилашон тезтар расанд.

Исфандиёр Халилӣ{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!