Бахшҳо

(ВИДЕО) Орумбекзода: Нияти бастани рӯзномаҳои ғайридавлатиро надорем

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, эътирози ҷомеаи журналистӣ то андозае сабаби қабул нашудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуот ва дигар ВАО” дар парлумон гардид.

Оқои Орумбекзода баъди ҷаласаи парлумон дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, меъёри радкардаи вакилони парлумон то ҷое ба қонунгузории феълӣ мухолифат дошт. Тибқи ин меъёр, ки вакилони парлумон онро рад карданд, мақомоти баҳисобгиранда - Вазорати фарҳанг ҳуқуқ пайдо мекард, дар асоси пешниҳоди додситонӣ фаъолияти ВАО-ро то се моҳ мутаваққиф кунад.

Вазири фарҳанг инчунин дар пасманзари сарусадо оид ба маҳдудшавии озодии сухан ва бастани матбуоти ғайридавлатӣ изҳор дошт, мақомот чунин мақсад надоранд. Ӯ афзуд, Вазорати фарҳанг ҳавасманду манфиатдор аст, ки теъдоди нашрияҳо бештар гардаду ҷойҳои бештари корӣ муҳайё шаванд.

Шамсиддин Орумбекзода ҳадафи пешниҳоди тағйирот ба қонуни матбуотро ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо хонд, зеро ба гуфаи ӯ феълан дар бархе расонаҳо матлабҳои зиддинажодию миллӣ ба назар мерасанд.


Мӯҳр
Чаноби Вазир рост кайд каден: нажодпарастиву... локи бояд давомашро чунин мегуптен: мансабдорон танкидро катъиян бад мебинан йо не ми?????

рузноманигор
мухтарам вазир!!! пеш аз лоихаро ба парлумон пешниход кардан шумо дар вазорат шуъбаи хукук доред? агар доштабошед оё кадрхо ба талаботи меъёрии хукукэчодкуни чавобгу хаст? оё хамон лоихаро шуъбаи хукуки вазорат омухт? Пас бояд чи кор кард? то ин ки Шумо мухтарам вазир аз паси лохаи пешниход шуда ба вазорати адлия ва дигар макомоти дахлдор саргардон нашавед хамон кормандони шуъбаи хукукро тачдиди назар намоед. Ин масъалаи меъёрии хукук эчодкуни аст на тахияи барономаи давлати аст ки дигар раёсат ва шуъбахо ба зимма дошта бошанд. ба ин чавобгар шуъбаи хукук аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)