Бахшҳо

(ВИДЕО) Муовини вазири иқтисод: Баҳои созмонҳо субъективист, мо чемпион шуданӣ нестем

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар шарҳи гузориши байналмилалӣ оид ба маҳдудияти озодиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ин баҳогузориҳо субъективиянд.

Ҷаноби Давлатзод имрӯз, 4 феврал дар посух ба суоли “Озодагон”, ки Тоҷикистон аз рӯи озодиҳои иқтисодӣ миёни 178 давлат ҷои 149-умро гирифтааст, посух дод, "нияти чемпионшавӣ дар раддабандиҳоро надорем". Ӯ афзуд, "муҳим нест, ки мо дар кадом зина қарор дорем, барои мо муҳим беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад”.

Муовини вазири рушди иқтисод шарҳ дод, ки раддабандиҳои байналмилалӣ бар асоси муносибати шахсии таҳлилгарон ба ин ё он мамалакат ташаккул меёбанд.

Умед Давлатзод аз Қирғизистонро мисол овард, ки замоне пешсафиашро шавҳари як зани қирғиз таъмин мекардааст: “Се коршинос, ки масъалаи шохиси коррупсияро баррасӣ мекарданду ҳамсари яке аз онҳо аз Қирғизистон буд, ҳама вақт Қирғизистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ болотар қарор дошт. Бо иваз кардани ин коршинос мақоми мамлакат дар ин раддабандӣ тағйир ёфт”.


Мӯҳр
ээээ бародар умед давлатзод сафсата нагуед. шумо бояд бо созмонхо кор кунед, ки мавкеи ватани мо дар рейтингхо бехтар шавад!
кора онро софдилона ва донишмандона анчом дихед, агар дошта бошед.

мухтарам ноиби вазир умеди давлат дипломатичи шумо кучост?
наход дар сухбат бо медиа номи мамлакатро гири?
нав бо киргизхо муносибатхоро хуб кардем боз хохиши вайрон кардани онро доред?

Ягон коргарони бонуфузи хукумати мо дипломат нестанд. Аз суханронихои онхо рахматии момои ман бехтар сухан мегуфт. Наход радабанди (чоимуайянкуни)-ии Киргизро бо шавхари як зани киргиз дар расонахо гап зани. О ин гапи кучаги буда обуруи мамлакати моро аз чунин суханронихои шахси масъул мерезонад. Ин дуруг нест. Дар Киргиз хакикатан демократия аст. Пешравии Киргиз дар осиёи миёна аз хамма хуб аст. Ин аз он сабаб аст, ки дар он чо демократия ва озодии сухан вучуд дорад, на ба мисли мо!!!

"муҳим нест, ки мо дар кадом зина қарор дорем,
барои мо муҳим беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии
мардум мебошад”. Ба фикри Шумо ҳамин гапи кучагӣ аст ё дипломатӣ нест? Муовин мехоҳад ба Шумо фаҳмонад, ки мехоҳад аҳволи Шуморо беҳтар кунад на ин ки дар "Раддабанди"ҳо ҷой гирем. Қирғизистонро бошад танҳо ҳамчун мисол овардааст, ки давлат метавонад дар раддабандӣ бо ҳар сабаб ҷои баланд гирад, аммо на ҳама вақт аҳволи шаҳрвандон чунон хуб бошад, чи хеле дар раддабандӣ мегӯянд.

Студент вокеан хам дуруст кайд кардааст.
Сониян ин ки Умед Давлатзод шахси донишманду дорои хиради волост ва дар фаъолияти кориаш корхои зиёдеро бахри бехдошти вазъи ичтимоии мардуми кишвар анчом додааст.
Ба фикри банда бехтар мебуд, агар кабл аз шархе дар бораи шахсияте барои чоп пешниходи ахли башар кардан аккалан бо он кас боре хам хамсухбат мешудед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)