Бахшҳо

(ВИДЕО) Муҳоҷири тоҷик: Ҳамшаҳриям таҳдид кард, ки дӯстони каллабураш сарамро аз тан ҷудо мекунанд

Як муҳоҷири 44-солаи тоҷик мегӯяд, шаҳрванди дигари Тоҷикистон ӯро таҳдид ба куштан кардааст. Ба қавли Сайдалӣ Шоев гуноҳи ӯ танҳо ин буд, ки маблағи худашро талаб кард.

Ин сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ҳоло дар Русия қарор дорад, дар навори видеоие мегӯяд, 6 сол қабл ба Сайҳомид Давлатов, як шаҳрванди Тоҷикистон 12 ҳазору 950 доллар ва 69 ҳазори рубли русӣ қарз дода буд, аммо ҳанӯз ба гирифтани он муваффақ нашудааст. “Вақти пулро гирифтан ваъда дод, як моҳ пас бармегардонад. Давоми 5-6 сол шумораи телефонашро намедонистам, ҳоло онро пайдо кардам. Аммо ӯ маро таҳдид кард, ки дӯстони каллабур дорад ва сари маро мегиранд”,-мегӯяд Сайдалӣ.

Ӯ барои ҳалли мушкилаш аз Каромат Шарипов, роҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” кумак хостааст ва навори видеоӣ ҳам дар сомонаи ин ҷунбиш нашр шудааст.


Мӯҳр
nabi farhor
Ин хел номардон дар Точикистон кам нестанд.Як шиноси наздики худамро 5000$-карз додам,2000$-баъди хафт мох гирфтам.Аммо 3000$-дигарашро дуруг карда гаштааст.

точик
ин хел ахмакора ошкор кунед

Кай
Ай дасти хами Сай пайо Точикистон чазир шуд Номхои араби дар Точикистон бояд тамоман маън шаванд

Шахбоз
Карзро гирифтаасту боз тахдиди кала гирифтан кардааст. Беномуси аз ин зиёд намешавад. Ба КДАМТ аризаи шикояти нависед , ин шо Оллох чунин калабуронро чазояшонро медихад.

Дар Точикистони худамон инхел фарод кам нестанд. Шахсан худам бо як шахрванди шахри Душанбе шиносои пайдо намудамудам. ин шахвандро соли 2014 аз як шиносам бо маблаги 16500$ карз гирифта додам. ин шахрванди ш.Душанбе карзро баргардонда натавонист гуфт ки дар н.Рудаки замини наздихавлиги ва дар ш.Душанбе як хонаи 2-хучраги дорам бар ивази пулатон онро медихам мо ба хонааш розиги додем. АЗ байн як хафта ногузашта ба мо хабар дод ки биеед ба Идораи нотариалии н.Фирдавсии ш.Душанбе хуччатхои хонаро ба номамон кард. АЗ байн ду мох мегузарад ки сохиби аслии ин квартира аз Ф.Россия пайдо муда меояд.ва мегуяд ин хона хонаи ман аст хонаро холи кунед. мо ба гапхояш гуш надодем. ин сохибхона Моро ба макомоти прокуратура ариза кард. мо хуччатхоямонро гирифта ба мак.прокуратура бурдем ва дар прокуратура маьлум гашт ки хуччатхои мо сад дар сад каблаки будааст. ин одаме ки хуччатхои хонаро ба номамон карда буд гурехта рафт Россия. Ин одаме ки моро фиреб дод собик директори бозори Дехкони ш.Душанбе будааст. Барри хамин номардхо дар Душанбе хеле хеле зиеданд

ее
Ин номарди худозада харгиз пулро барнамегардонад. Ба милиция мурочиат кардан лозим.

Каттазан.Байкал.
Донистан мехостам,ки ин маблаг пулро у дар кучи ба Сайхомид додааст?Дар Точикистон е дар Иркутск.Дар чамь ин 15-зазор долларро дар бар мегирад.Он солхо ин бо курби руси 390-400-хазор рубли русиро дар бар мегирифт,холо ин шабу руз ,аз 1-миллион рубли россияги зиед шудааст..Дар шахри Иркутск мухочирони точик бештар ба чинояткори Сару кор доранд.То холо хам дар ин минтака фаьолияти "рэкэт"у "крыша"хо вучуд доранд.Точикон андак масьаларо,хатто гирифтани патенту,Кайли зист,мухлати 3-солаи исткомату "вид на жительство"по то гирифтани шиносномаи шахрвандии Россия,ба воситаи симохову элементхои чинои муваффак мешаванд..Агар дар муносибатхову додани карз,....ниятхои чиноии дастрас кардану фуруши маводи муктадир дар Назар бошанд,пас гирифтани маблагхои карз бисер мушкил АСТ.Е умуман динар баргардонии маблагхо муяссар намешавад.Сайхомид ачаб нест,дар ин корхо гуяд,ки "бор кидает шуд",хамамун аку сухтем",гуфта ,халос шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)