Бахшҳо

Бартарафкунии оқибатҳои “зилзила ва сел”-и шаҳри Қайроқум

Дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд тамриноти амалии гурӯҳҳои миллии ҶҲАТ оид ба вокуниш ба офати табиӣ (NDRT) оғоз шуд. Тавре Абдуфаттоҳ Шафиев, ҳамоҳангсози барномаи мазкур ба хабаргузории “Озодагон”  иттилоъ дод, тамринот то  2-юми ноябр идома хоҳад кард.


Иштирокдорони ин давра дониш ва маҳорати худро дар мавриди вокуниши сареъ ба офатҳои табиӣ боло хоҳанд бардошт. Шафиев гуфт, чорабинӣ аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон(ҶҲАТ) дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА), мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Қайроққум ва бо маблағгузории ФБҶ СС ва ҲА баргузор мегардад. Тақрибан 70 нафар аз кормандону ихтиёриёнибахшҳои минтақавии ҶҲАТ дар Душанбеву Хатлон, Суғду Бадахшон ва водии Рашт дар ин тамринот омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ, баҳодиҳӣ, таъмин бо паноҳгоҳ, барқарорсозӣ,ҳамоҳангсозӣ, расонидани ёрии аввал ва логистикаро хоҳанд омӯхт.

Аз рӯи сенария, дар баъзе аз маҳаллаҳои Қайроққум зилзила ва сел рух медиҳад ва Гурӯҳҳои миллии ҶҲАТ бояд омодаи вокуниши саривақтӣ ба ин офатҳо бошанд, воқеаро таҳлил намоянд, бо мақомот ҷиҳати дарёфти ниёзҳои онҳо мулоқот намоянд, фаъолиятҳои лозимаро ба нақша бигирад ва ҳамоҳанг намоянд, дар корҳои наҷотбахшӣ ва расонидани ёрии аввал, ёрии равонӣ, паноҳгоҳ, ғизо ва маводҳои лозима ба зарардидагон иштирок намоянд, ва ғайра.

Эрик Мишел-Селйе, фиристодаи ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, мегӯяд, иштирокдорони чорабинӣ дар ҷараёни ин тамриноти амалӣ донишу малакаи омӯхтаи худро бовокуниши муассиру сареъ ба офатҳои вонамудӣ ва нақшрезишудаи табиӣ ва ҳамоҳангии талошҳову фаъолият дар амал санҷида, тақвият хоҳанд бахшид. Ҷаноби Мишел-Селйе мегӯяд, ин давра “имконияти воқеъии омӯзишӣ ва шонсе барои табодули таҷриба ва дониш мебошад. Ин давра масъулони соҳаи мудирияти офатҳоро гирди ҳам меоварад ва ҳамкориҳову тақсимоти фаъолият ва нақшҳоро дар вақти зарурӣ тақвият мебахшад.”

Зафар Муҳаббатов, дабири кулли ҶҲАТ, мегӯяд, давраи омӯзишии мазкур Гурӯҳҳои миллии ҶҲАТ оид ба вокуниш ба офатҳоро таъсис дода, донишу маҳорати аъзои онро боло мебардорадва сатҳи ҳамкориҳоиву ҳамоҳангиҳоро миёни ҶҲАТ ва ниҳодҳои давлатӣ дар рӯидаст гирфитани иқдомоте рӯшантар мекунад. Ҷаноби Муҳаббатов мегӯяд: “Мақомоти маҳаллӣ, пизишкон, пулис, хадамоти изтирорӣ, аҳолии маҳаллӣ, ҳамчунин, кормандон ва ихтиёриёни ҶҲАТ дар ин тамриноти амалӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард”.

Шамсуддин Муҳиддинов, ҳамоҳангсози ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниши сареъ ба офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бар ин бовар аст, ки давраи омӯзишӣ ба иштирокдоронаш имкон хоҳад дод, “то биомӯзанд, ки дар ҳолати фавқулода чӣ гуна метавон гурӯҳи вокуниш ва наҷотбахшонро таъсис доду раҳбарӣ намуд, чӣ гуна бояд вазъиятро таҳлил ва баррасӣ кард, чӣ гуна бояд нақшаи фаъолият ва буҷа тартиб дод, фаъолиятро бо мақомот чӣ гуна бояд ҳамоҳанг намуд, чӣ гуна корҳои наҷотбахшӣ ва паноҳгоҳи муваққатиро метавон ба роҳ монду ба зарардидагон чӣ гуна бояд ёрии аввал ва психологӣ расониду ба онҳо чӣ гуна ғизо ва маводи лозима тақсим кард, масъалаҳои логистикӣ ва чолишҳои дигарро чӣ гуна метавон ҳал намуд, ба расонаҳои хабарӣ чӣ гуфт ва ғайра”.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)