Бахшҳо

Раиси маркази қонунгузории Президент дар бораи Пешво

Раҳимзода Маҳмад Забир, директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон иддаоро, ки қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” хилофи демократияю меъёрҳои Сарқонун аст, беасос хонд.

Раҳимзода имрӯз, 5 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки таҳлили қонун ақли волоро талаб мекунад. Ӯ афзуд, сарусадо, ки қонун дар бораи Пешво хилофи демократия аст, ин ақида мебошад: “Ҳеч кас ҳаққи зидди ақида баромад карданро надорад”.

Директори Маркази миллии қонунгузорӣ таъкид кард, иддао, ки ин қонун зидди Сарқонун аст, беасос мебошанд: “Ҳар касе, ки чунин фикр дорад, бигузор ба мо пешниҳод кунад қонун ба кадом моддаҳои Сарқонун зид мебошад”.

Раҳимзода бо зикри рушди босуръати муносибатҳои ҷамъиятӣ қонун дар бораи Пешворо талаботи замон хонда, баҳсу мунозираҳо атрофи онро раванди муқаррарӣ донист, чун ба гуфта ӯ “ҳар чизи нав нахуст баҳсу мунозираҳои зиёдро ба бор меорад. Дар Қазоқистон ҳам чунин буд, аммо баъдан онро ба хушнудӣ пазируфтанд”.

Дар матни қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”, ки 29 декабри соли 2015 ро нашр шуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон расман унвони пешвои миллатро гирифт.

Ин қонун аз 16 модда иборат буда, моддаи 5-и қонун дахлнопазирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ном дорад. Дар моддаи 5 гуфта мешавад, “Пешвои Миллат барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад”.

Банди дуи ин қонун мегӯяд, пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст: “Дахлнопазирӣ ба молу мулки хусусӣ, ҳамчунин молу мулки аъзои оила, ба манзили истиқоматӣ, бинои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа, мукотиба ва ҳуҷҷатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ мегардад”.

Бар асоси моддаи 8 таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро мақомоти давлатии амнияти миллӣ бар уҳда мегирад: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ҷойи будубоши доимӣ ва муваққатӣ бо ҳимояи якумраи давлатӣ таъмин карда мешавад”. Инчунин аъзои оилаи ӯ ҳам бо ҳимояи давлатӣ таъмин мешаванд.

Моддаи 9-и қонун дар бораи таъмини пешвои миллат бо манзили истиқоматӣ ва моддаи 10 дар бораи таъмини ӯ бо нақлиёт аст. Дар ин қонун омадааст, ки дар давраи иҷрои ваколати президент аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешаванд:“Осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сарвати миллӣ буда, моликияти давлатӣ ба шумор мераванд”.

Дар моддаи 12 гуфта мешавад, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, пас аз қатъи ваколати президентиаш, якумра хизматрасонии ройгони тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ, ки дар давраи иҷрои ваколати президентиаш расонида мешуд, нигоҳ дошта мешавад. Моддаи 13 дар бораи таъмини нафақа ва суғуртаи ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад. “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, новобаста ба синну солаш, бо нафақаи ҳармоҳа ба андозаи 80 фоизи музди моҳонаи вазифавии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад”, -омадааст дар банди аввали ин модда.

Эмомалӣ Раҳмон 63 сол дошта, аз моҳи ноябри соли 1992 раҳбарии кишварро бар уҳда дорад.
Мӯҳр
Номдор
Салом Пешво будани Ч О ягон хел хилофи конун нест. Инро олимон пешниход карда халк дастгири намудааст. Мо хамеша пешравии давлатамонро хохонем то хастан Чаноби Оли рохбар монанд инро хама точикон мехоханд.озодагон хохиш чоп кунед.

Ҳеч кас ҳаққи зидди ақида баромад карданро надорад”.
Агар шумо ба ин харфи худ бовар доред барои чи мардумро дар акидахо динияшон махдуд мекунед?
Ёд дорам ки вакти аз дехаи Шехон пиёда миёмади Рахмон гитлер туро ро ба хотири босавод буданат даст намерасонд

арзандаанд у намешуд точикистон имруз биебоне мешуд мисли даштхои беодами казокистон

Шаҳбоз
Банди дуи ин қонун мегӯяд,
“Дахлнопазирӣ ба молу мулки хусусӣ,
ҳамчунин молу мулки аъзои оила, ба манзили
истиқоматӣ, бинои хизматӣ, нақлиёт,
воситаҳои алоқа, мукотиба ва ҳуҷҷатҳои
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои
миллат татбиқ мегардад”.
Майлаш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, бигзор Дахлнопазирӣ татбиқ шавад, вале аъзои оилаш чи хизмат кардааст, ки чунин Дахлнопазирӣ қонуни ба молу мулкашон ва ҳаёташон мегиранд. Тамоми табақаи дорои Тоҷикистон ин хешу табори Роҳбари давлат аст..., ин маънои онро дорад, ки ҳар амали ғайриқонунии, ки аъзои оилаи Пешво содир кунад, қонун барои онҳо ҳеҷ қуввае надорад, амал намекунад. Яъне пас аз ин набераву абераҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳарчанд ҷомеа демократи ҳам бошад, ба монанди шоҳзодаҳо зиндагӣ мекунанд... Ин хилофи қонун аст, бояд ин банд иваз шавад.. . Ин банди қонун монандӣ қонунҳои замони феодализм аст, яъне дар он замон аъзои оилаи шоҳ аз чунин ҳуқуқҳо бархурдор буданд!!! Озодагон хоҳиш мекунам чоп кунед!!!

камноми ҷумъа
Ҳамин номдору шайхи панҷвақта одамҳои боақл будаанд, девоная хараша об дода нонаша хур гуфтаанд, ҳамин хел нависед хеле боло меравед, дунё ҳамин. Чи лозим талошу зиддият? Хап шину ором бихоб

Карим
О чи мегуяд бечора? Агар ҳақро гуяд, аз вазифа пеш мекунанд.

Муҳтарам хонандагон, аввал шумо матни Қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллатро бо диққат хонед ва баъдан фикру ақидаронӣ кунед. Ин қонун бо мақсади саҳми арзанда ва хизмати ҷавонмардона доштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст.
Таваҷҷуҳ ва дилсузӣ ба ояндаи Ватан беҳтарин амал аст, аммо хуб мешуд, ки мо ҳар қонунро пурра таҳлил кунем ва баъд сухан гуем.
Маъзарат мехоҳам агар каме дағал гуфтам, аммо ин фикри шахсии ман аст.

мукоиса
Хар кас аввал инсофан хизматхои худро бо хизматхои Президент мукоиса кунад, баъдан мулохиза ва хулоса барорад. Мо бояд одати бегонапарастиро аз ботинамон тоза намоем. Миллате, ки Президенти худро эхтиром мекунад, он миллатро тамоми дигар миллатхо низ эътироф мекунанд. Масъулияти 8 миллион точикро ба ухда гирифтан кори осон нест. Бахшиш, баъзан инсон хатто имкони масъулияти фарзанди худро ба зимма гирифтан надорад. Барои хамин хам, мантикона ва бидуни эхсосот мулохиза ронем бехтар аст.

мукоиса,
Бачам агар ҳаму давлата дар дасти ту медодан беҳтар аз ин мекардиш Чаро мардуми дастбастара муқоиса мекни. Муқоисат иштибоҳай

арзиш
Гайри мансабхо боз акл, инсофу имон, саломати, оила, волидайн, сулх, ватан ва дигар арзишхо хам давлатанд. Мутаассифона хамаи инхоро он гох ба кадраш мерасем, ки агар набошанд. Имруз бударо максаднок истифода барем ва рушд дихем, баракат аз чониби парвардигор хам мешавад. Оё вакте мо хохарону модаронро ба хондан ва кор кардан манъ мекунем, ин хам гунохи давлат аст? Хатто шароит мухае намекунем, ки онхо дар хона ба худомузи машгул шаванд, ки гунахгор аст? Вакте касби худро дуруст намедонем, ки гунахгор аст? Вакте вактамонро бехуда мегузаронем, ки гунахгор аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)