Бахшҳо

Пурсиши “Озодагон”: Ҷойивазкунии кадрҳо чиро тағйир медиҳад?

Дар бастагӣ ба тағйирот ё ҷойивазкунии кадрҳо дар Тоҷикистон хабарнигори “Озодагон” аз коршиносон пурсид: ҶОЙИВАЗКУНИИ КАДРҲО ЧИРО ТАҒЙИР МЕДИҲАД?

Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия

Аз ҳамин савол хаста ҳам шудам. Чаро ки солҳои сол аст ҳамон масъулони ивазнашаванда аз як курсӣ ба курсии дигар мегузаранду ҳеч беҳбудие нашудаву намешавад. Агар чеҳраи наве ҳам пайдо шавад, фарзанди кадом мансабдорест, ки ҷойи нафареро гирифта, ки бо амри Парвардигор ё аз пову даст мондааст ва ё дар ягон давлати ободу осоишта манзил харидаву давлати пирӣ меронад. Ба қавли доҳии мансабдорони тоҷик Владимир Ленин: "Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо". Аз ин курсиивазкуниҳо ҳосил ҳамин аст: як биночае месозанду миллатро як аср ба қафо мепартоянд. Барои тасдиқи ин ҳарфҳо мисол меорам:
1) Пажуҳишгоҳи таҳқиқотии байналхалқии хӯрокворӣ Тоҷикистонро қашоқтарин давлати Осиёми Марказӣ номидааст ва гуфта, сол то сол вазъ бадтар мешавад;
2) Freedom House Тоҷикистонро дар қатори 10 давлати ноозод ҷой додааст;
3) Дар ин даҳсолаҳои маъракаи ҷойивазкунии вазирону вакилону масъулон ҳатто масъалаи барқ ҳал нашудааст.

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, коршинос

Дар ҷойивазкунии кадрҳо дар Тоҷикистон ҳам ҳамон аксиомаи математикӣ дуруст мегирад, ки мегӯяд "аз ивазкунии ҷойи чамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад". Дар маҷмӯъ мансабдорон як ҳукуматанд, яъне ҳосили ҷамъ. Ҳар қадаре ҳам дар дохили он ҷамъшавандаҳо, яъне мансабдорон ҷой иваз кунанд, ҳосили ҷамъ ҳамон хоҳад буд, ки ҳаст. Аммо дар тағйироти кадрии имсола як чиз тағйир кардааст, ки метавонад каме ба ҳосили ҷамъ таъсир расонад. Ин раиси Дастгоҳи иҷроия таъин шудани Озода Раҳмон аст.

Бобоҷон ШАФЕЪ, ҷомеашинос

То ба имрӯз ҷойивазкунии кадрҳо дар Тоҷикистон чизеро амалан тағйир надодааст. Он ки Назарзодаро ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бурданду Салимзодаро ба Агентии назорати маводи нашъаовар, чизеро тағйир намедиҳад. Чунки Назарзода чун кадри ҳирфаӣ Агентиро аз беху бунёдаш сохта буд, чун шахси мубориз бо мухаддирот дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда буд. Гумон намекунам ҷаноби Салимзода ин маъруфиятро касб кунанд, ҳарчанд эшон низ соҳибтаҷрибаанд. Вале коре, ки Назарзода анҷом медод, дар ин ду ё се соли оянда Салимзода анҷом дода наметавонанд. Ин ду се сол сарфи ошноӣ бо ниҳод мешавад ва баъд ба синни нафақа мерасад.

Файзинисо ВОҲИДОВА, ҳуқуқшинос

Кабл аз ҳама бояд гуфт, ки ин тасмими ҳукумат тағйироти кадрӣ набуда, ҷойивазкунӣ ва боз ҳам мустаҳкамтар гардонидани мавқеи хонаводагӣ мебошад. Бо вучуди он ки ҳукумат имсол ҳеч як тасмими ҷиддӣ дар сиёсати кадриро пеш нагирифт, аммо бо баъзе ин ҷойивазкуниҳо мавқеи хукумат рӯшан шуд. Масалан, бо таъин шудани Озода Раҳмон ба ҳайси раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент маълум гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ин кадрҳо эътимод надорад. Пас бояд ин вазирону кабирон донанд, ки ҳеч як фаъолияти назаррасе надоштанду раисҷумҳур ба онҳо чандон бовар надорад. Ё ин ки Рустам Назарзода, ки директори Агентии назорати маводи нашъадор буду ба Кумита ҳолатҳои фавқуллодда гузаронида шуд, фикр мекунам як иштибоҳ мебошад, зеро Назарзода кадри ҳирфаӣ буда, агентиро тӯли ин солҳо хуб идора карда, обрӯю нуфузи ин ниҳодро дар арсаи ҷаҳон боло бурд. Дар маҷмӯъ симои ҳукуматиҳоро тӯли чоряк аср мебинему хеч ба як ҳукумати ҷавон нарасидем.

Шариф МУЛЛОЕВ , устоди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон

Ба касе пӯшида нест, ки ҳамасола дар ин моҳҳо ҷойивазкунии кадрҳо дар сатҳи ҳукумат оғоз мешавад. Оид ба тағйиротҳое, ки мешаванд, ҳаминро бояд қайд намоям, ки ин паҳлуҳои мусбати худро дорад. Ба вазифаҳои нав шахсоне таъйин мешаванд, ки таҷрибаи кории хуб доранд. Ҷиҳати дигари он ин тағйир додани самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеъа мебошад. Дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ашхоси навтаъиншуда гумон мекунам, ки тағйиротҳои назаррас ворид месозанд. Шояд ин афроди нав ба сари мансаб омада некуаҳволии мардумро боз беҳтар созанд. Мутмаинам, ки онҳо ба ин кор қодиранд.
Мӯҳр
Бечора
Э кош ба ман хам ягон вазифа медоданд.ман хам аз ухдаи хама кор мебароям

салмон
Ба фикри Абдулло Давлатов сад дар сад тарафдорам, вокеан назари дуруст додааст ва бо чашми сар солхо боз дида истодаем.

ман
Пурсиши “Озодагон”: Ҷойивазкунии кадрҳо чиро тағйир медиҳад?
Таъгир медихад, масал дар ТВ Сафина хамаро ба кулли таъгир дод. Фарханги миллиро аз байн бурд, ба таргиби фарханги Гарб огоз бахшид, сериалхои руссиро пайхам (дар як руз то 10 филм) руи мавч овард, хамаи кардрхои болаёкатро аз корхона пеш кард, хаки каламро миёни 10 нафар одамони худаш таксим кард, мошини давлатиро дар ихтирёри дугонааш Хайётой Муминова гузошт, хамаи хамин ва натанхо,,,, ро Зевар Махмуди рохбари Сафина кард. холо аз шабакаи фархангии Сафина на ФАР мондаву на ХАНГ,,,,

мехмон
Шариф Муллоев аз иваз кардани чархои мошин аз кафо ба пеш ё баръакс суръати мощин намеафзояд ва самти харакат дигар намешавад.

Вафо
Нисбати чойивазкунии кадрхо бисёр гуфтанихо дорем аммо афсус,ногуфтан бехтар аст....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)