Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:26

СБМ ба Тоҷикистон ва кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳушдор медиҳад

1 ноябр 2011, 06:14

Аз чор дар се қисми кишварҳои ҷаҳон тайи соли 2011 –ум бекории ҷавонон афзоиш ёфтааст.


Масъулини Созмони Байналмилалии Меҳнат, мегӯянд, дар замони бӯҳрон, ҷавонони то 25 соларо пеш аз ҳама аз кор пеш мекунанд ва аз ҳама охир ба кор қабул мекунанд. Дар маҷмӯъ, таҳлилгарони СБМ дар гузориши навашон қайд мекунанд, ки сар аз оғози бӯҳрони молиявии ҷаҳонии соли 2008 –ум то ҳозир, ҳудуди 20 миллион ҷойи корӣ аз байн рафтааст. СБМ таъкид мекунад, ки ин нишондод ҳадди ниҳоӣ нест ва то охири соли 2012 –ум имкон дорад, ки боз 20 миллион нафари дигар бе ҷойи кор монанд.

Айни ҳол масъулини ин ниҳоди байнулмилал, шумораи расмии бекоронро дар ҷаҳон ҳудуди 200 миллион нафар арзёбӣ мекунанд. Бо назардошти ин рақамҳо, таҳлилгарони СБМ ба ҳукуматҳои кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла Тоҷикистон маслиҳат медиҳанд, ки мӯътадилсозии шуғли аҳолиро самти афзалиятноки сиёсати макроиқтисодии худ қарор диҳанд. Дар акси ҳол, ба гуфтаи онҳо, дар  бисёре аз кишварҳои ҷаҳон сатҳи бекорӣ ба ҳадди «бӯҳронӣ» хоҳад расид.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!