Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:50

Театри ҷавонони Маҳмудҷон Воҳидов - барандаи ҷойизаи вижа

1 ноябр 2011, 11:03

Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон  Воҳидов аз 8 -умин ҷашнвораи байналмиаллалии "Театрҳои ҷавони Русия" ба Ватан баргашт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг хабар доданд, театри мазкур дар фестивали  байналмиллалӣ, ки аз 21  то 30 - юми октябри соли равон дар Омски Русия сурат пазируфт, ширкат кард. Аз ҷониби ҳунармандони театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи "Рустам ва Суҳроб" ба маърази тамошои сокинон ва меҳмонони минтақа гузошта шуд. Намоишномаи мазкур аз тарафи мунаққидони театр баҳои баландтаринро соҳиб гардидааст.

Манбаъ афзуд, губернатори вилояти Омск Л. Полежаев, барои иштироки фаъолона дар чорабинии мазкур ба театри ҷавонони Тоҷикистон диплому сипоснома ва ҷойизаи вижае эъто кардааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!