Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:59

Суғд: «Танбеҳ» ба раиси шаҳри Панҷакент ва «огоҳӣ» ба раисони Истравшану Исфара

2 ноябр 2011, 04:23

Вазъи тақсими замини наздиҳавлигӣ дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ҳукумати вилоят, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, раиси вилоят ва бо иштироки муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои воҳидӣ, раисони шаҳраку ҷамоатҳо, кумитаҳои заминсозӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори умум баргузор гардид. Расулзода нахуст аз натиҷаҳои ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон санаи 29 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар он вобаста ба истифодаи замин, аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зикр гардид. Мақомоти дахлдори ноҳияи мазкур ба қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиддӣ дар тақсимоту истифодаи замин ва сохтмони худсаронаи хонаҳои истиқоматӣ дар заминҳои таъиноташон дигар роҳ додаанд ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сабаби роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар тақсимот ва истифодаи замин бо фармони президент  аз вазифа озод карда шуд.Раиси вилоят ба роҳбарони сохторҳои масъули соҳаи замин дастур дод, ки вазъи истифодабарии заминро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, қонуншиканиҳоро саривақт пешгирӣ намоянд ва дар мӯҳлатҳои наздиктарин мардуми эҳтиёҷмандро бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тибқи қонунҳои амалкунанда таъмин намоянд.

Дар ҷаласаи вилоятӣ зикр гардид, ки бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур бо қарори ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои таъмини аҳолии эҳтиёҷманди шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 10 ҳазор гектар заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва дар кишоварзӣ истифоданашаванда барои замини наздиҳавлигӣ  ҷудо гардид. Ба мақомоти маҳаллӣ то ба имрӯз мувофиқи вилоят 123.649 ариза ворид шуда, баъди баррасии онҳо 99.641 оила ҳамчун эҳтиёҷманд ҳисобида, ба навбат гирифта шуданд.Мувофиқи таҳлили комиссияи кории ҷамоатҳо ва шаҳру ноҳияҳо, бинобар ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани замин номувофиқ буданашон 18.070 ариза рад карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Ғончӣ ва шаҳри Истаравшан то имрӯз ҳамагӣ мутаносибан 47-56 фоизи аҳолии эҳтиёҷманд бо замин таъмин гардиданду халос. Дар ноҳияҳои мазкур дар ҷамоатҳои деҳоти Калининободи ноҳияи Ғончӣ 26,1 % ва ҷамоатҳои деҳоти Гули Сурх, Ҷавқандак ва Ленинободи шаҳри Истаравшан аз 22,8 то 27% эҳтиёҷмандон соҳиби замин шудаанду бас. Дар ноҳияҳои Айнӣ, Ҷ.Расулов, Мастчоҳ ва Шаҳристон ба шаҳрвандоне, ки замин ҷудо карда шудааст, ҳамагӣ ба 45-75 нафар соҳибони замин  сертификат дода шудааст, ки фоизи ночизро ташкил медиҳад.Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бошад, ба ягон шаҳрванд сертификат дода нашудааст. Дар масъалаи истифодаи замини корам низ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.

Манбаъ афзуд, дар ҷаласа барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар тақсимоти замини наздиҳавлигӣ ба раиси шаҳри Панҷакент «танбеҳ», ба раисони шаҳрҳои Истаравшану Исфара «огоҳӣ», ба муовинони раисони ноҳияҳои Истаравшану Исфара «танбеҳ», ба муовинони раисони ноҳияҳои Ғончӣ ва Мастчоҳ «огоҳӣ» эълон гардида, муовини раиси шаҳри Панҷакент оид ба соҳаи кишоварзӣ аз вазифа сабукдӯш карда шуданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!