Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:03

Амволи муассисаҳои динӣ баргардонида мешавад?

19 май 2011, 08:55

Ҳукуматдорони шаҳри Маскав маҷмӯи чорабиниҳоро барои ба пуррагӣ ва таври доимӣ дар ихтиёри муассисаҳои динӣ гузоштани амволи мутаалиқ ба адён, ки феълан дар ихтиёри давлат қарор дошт, шурӯъ карданд. Ин амали шаҳрдорӣ дар пайи имзои як қонун аз сӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар хусуси бозгардонидани амволи муассисоти динӣ сурат гирифтааст.

Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии «Озодагон» аз дафтари матбуотии мири Маскав хабар доданд. Бино ба иттилоъи манбаъ, танҳо дар ҳудуди ин шаҳр 923 адад амволи ғайриманқуле мавҷуд аст, ки бояд дар ихтиёри созмонҳои динӣ гузошта шавад.

Тасмим гирифтаем, як кумиссияи босалоҳиятеро фаъол намоем, то дар мавриди сар задани норозигӣ ҳангоми бозгардонидани амвол миёни давлат ва муассисаҳои диниро ба танзим дарорад, меафзояд манбаъ.

Бозгардонидани амвол ба муассисаҳои динӣ аз сӯи ҳукуматдорони Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки  масъулини қумитаи дини Тоҷикистон як сиёсати динситезиро пеш гирифта, бо пешниҳоди як қонуни вижаи масъулияти волидон на ин ки дар дастрасии муассисаҳои динӣ ба амволашон кӯмак намекунанд, балки аз роҳи бастани масоҷид ва эҷоди монеъа барои рафтани мардум ба масҷидҳо кор гирифтаанд, ки боиси нигаронии мардум шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!